Сатрҳои ихлос

Оқилон нуқтаи паргори суҷуданд…

№26 (3172) 18.03.2014

MДар ҳама давру замон бунёдкориву созандагӣ аз амалҳои накуи инсонӣ маҳсуб ёфта, ашхоси бунёдкору созанда дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа мақому манзалати баландро соҳибанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдории худ ин амалҳои некро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи хеш интихоб ва эътироф намуда, баҳри густариши он аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода менамояд. Маҳз дар заминаи ҳамин сиёсат бунёдкориву созандагӣ дар кишвар ба марҳилаи нав ворид гаштаву самараи он барои тамоми аҳли ҷомеа ҳувайдост. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он будем ва ҳастем, ки фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бунёдкориву созандагиро аз ҷумлаи рукнҳои муҳими рушди ҷомеа унвон карда, барои ҷойгоҳи баландро дар арсаи байналмилалӣ соҳиб шудани ватани азизамон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Табиист, ки дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои ба ин раванд рабтдошта саҳми ашхоси мутасаддӣ муассир аст. Банда ҳамчун журналист кӯшиш мекунам, ки хеле кам маводи  хусусияти тарғиботидоштаро доир ба фаъолияти шахси алоҳида рӯйи саҳфа орам, зеро журналист замоне ки хомаро рӯйи саҳфаи пок «медавонад», бояд муътақид бошад, ки нафари мавриди ситоиш қароргирифта воқеан ҳам арзандаи арҷгузорист. Табиист, ки чунин хулосабарорӣ бе омӯзиши амиқу доманадори фаъолияти шахс имконнопазир аст.  Аз ин нуктаи назар, метавон хулоса кард, ки маводи бе омӯзиш ва шинохти комили қаҳрамон иншогардида самимӣ, асоснок, воқебинона ва ҳадафрас нахоҳад буд.

Абдувалӣ Комилов шахси бунёдкору созанда, рафиқи ғамхор, меҳандӯсти асил ва роҳбари поквиҷдону масъулиятшинос мебошад.  Бузургмарде «оқилонро нуқтаи паргори суҷуд» номидааст, ки комилан дуруст аст. Давоми муҳлате, ки номбурдаро мешиносам, муносиботи самимии мо ба дӯстиву бародарӣ табдил ёфта, ба оқил будану дурандешиаш муътақид гардидаам. Ин хулосабарорӣ самараи мушоҳидаҳои мавсимӣ ва «мақсаднок» набуда, таърихи чандинсола ба дунбол дорад. Ба қавли Рӯдакии бузургвор, аз замоне, ки мавсуфро мешиносам, «борҳо омӯхтамаш ошкору пинҳонӣ».

Шиносойии наздики мо аз соли 2006–замони ба вазифаи директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш шурӯъ гаштааст. Шиносойии наздик унвон додани ин марҳила ба он хотир аст, ки пештар низ Абдувалӣ Комиловро мешинохтам ва аз фаъолияти пурмаҳсулаш дар вазифаҳои муовини раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон ва ғайра огоҳӣ доштам. Агар ба бозгӯйӣ намудани хислатҳои накуйи инсонии ӯ шурӯъ намоем, пас бамаврид аст, ки мисраъҳои зерин ифтитоҳбахш бошанд:

Яке дар сар хаёли ганҷ дорад,

Дигар зотан дили пурганҷ дорад.

Бемуҳобот,  мавсуф  зотан «дили пурганҷ» дорад ва мунтазам аз ин «ганҷина» ба атрофиён «дурдона» ва «гавҳар» эҳдо мегардад. Зиндагиномаи Абдувалӣ Комилов хеле рангин, пуртазод ва ибратомӯз буда, далели он аст, ки инсони масъулиятшинос, поквиҷдон, сарбаланд, меҳандӯст ва худогоҳ, сарфи назар аз нотавонбинии баъзе кӯрдилон, ҳатман дар ҷомеа мавқеъ ва манзалати баландро соҳиб мегардад:

Гар баҳори умр бошад, боз дар тарфи чаман,

Чатри гул бар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр.

Онҳое, ки номбурдаро солиёни зиёд мешиносанд ва якҷо фаъолият доштанду доранд, муътақиданд, ки «ба арзишҳои дӯстӣ, давлатӣ ва миллӣ софдилона арҷ мегузорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар қиболи давлату миллат ва дӯстони хеш амали нораворо ҷоиз  намебинад. Ба маънои томаш тамоми хислатҳои накуйи инсонӣ дар ниҳоди Абдувалӣ Комилов хеле бамаврид тавъам афтодаанд».

Нуктаи ҷолиби дигари зиндагӣ ва фаъолияти дӯсти ман дурандешӣ ва пухтакории ӯ маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин хислатҳои  наку сафедие дар роҳи тайнамудааш аст:

Марди худдоре, ки бошад пухтакор,

Бо мизоҷи ӯ бисозад рӯзгор.

Абдувалӣ Комилов моҳи марти соли 1954 дида ба олами ҳастӣ кушодааст.  Хатмкардаи собиқ Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи академик М. Осимӣ) бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ мебошад. Нуктаи муҳим ва боиси таваҷҷуҳ он аст, ки номбурда ба маънои томаш дар қӯраи  соҳа обутоб ёфтаву дар ин бахш шахси тасодуфӣ нест.

Барои тақвияти суханонам бамаврид медонам, ки аз марҳилаи аввали фаъолияташ ёдовар шавам. Фаъолияти меҳнатии мавсуф соли 1976 ба сифати муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Идораи хоҷагии қишлоқи Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Хуҷанд оғоз шуда,минбаъд ба ҳайси усто-конструктор, технологи калон,прораб, сармуҳандис, сардори Идораи махсуси механиконидаи рақами 35-уми Трести «Тоҷикстроймеханизатсия»-и шаҳри Ленинобод, сардори Трести «Спетсстроймеханизатсия-2»-и шаҳри Ленинобод ва раиси Трести «Ленинободстрой» кор кардааст. Овардани далелҳои мазкур ба он хотир аст то хонандаи закӣ дарк намояд, ки маҳз фаъолияти пурмаҳсул ва поквиҷдонона дар зинаҳои ибтидоӣ барои ба зинаҳои баландтари мансаб расидан ва миёни аҳли ҷомеа соҳиби обруву эътибор гардидан мисли таҳкурсии боэътимод аст.  Ҳамон тавре ки шоир фармудааст:

Қоидаи ҷангал, ки агар ҳукм биронад,

Шерона чу рӯбоҳ давидан натавон ҳеҷ.

Бо соҳибистиқлолии кишвар доираи фаъолияти Абдувалӣ Комилов дар вазифаҳои гуногуни сатҳи баланд густариш ёфту мизони масъулияташ вазнинтар шуд. Солҳои 1996-2001 мавсуф ҳамчун муовини раиси вилояти Ленинобод, раиси шаҳри Хуҷанд, директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ленинободсохтмон» софдилона ифои вазифа намуд. Поквиҷдониву масъулиятшиносӣ, ки мутаассифона хоси ҳама ашхос нест, чун хорест ба чашм ва устухонест дар гулӯи нотавонбинон. Ба таъбири Бедили бузургвор:

Замона каҷравишонро ба бар кашад, Бедил

Ҳар он ки рост бувад, хори чашми афлок аст.

Биноан, онҳо бо истифода аз усулҳои ноҷавонмардона кӯшиданд барои ин озодамард монеа эҷод сохта, «бишканандаш». Ин кӯрдилон фаромӯш намуда буданд, ки ҳанӯз ҳазорсола пеш Саъдии бузургвор барои чунин нафарон фармудааст:

Тарсам, нарасӣ ба Каъба эй аъробӣ,

К-ин роҳ ту меравӣ Туркистон аст.

Чун тинаташ соф ва виҷдонаш пок буд, ҳама «монеа»-ҳоро сарбаландона паси сар намуд. Ба Душанбе омад, давоми якуним сол иҷоранишин буд, дур аз аҳли оила…

Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоби кадрҳои роҳбарикунанда хеле дақиқназар буда, шабеҳи гавҳаршиносест, ки беҳтарин дурдонаҳоро интихоб менамояд. Ин аст, ки  дар симои Абдувалӣ Комилов мутахассисеро дарёфт, ки қодир аст дар дилхоҳ маснад софдилона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намояд. Маҳз аз ҳамин айём марҳилаи нави зиндагиву роҳбарии номбурда шурӯъ гаштаву то кунун бемайлон, босубот ва муваффақона идома дорад. Хотирнишон менамоем, ки мавсуф дар вазифаҳои муовини раиси Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон», муовини раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст. Соли 2006  номбурда директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Табиист, нотавонбиноне, ки дар марҳилаи болотар зикршуда барояш «монеа» эҷод менамуданду дурӣ меҷустанд, бо «хок хӯрдани тирашон» ба тамаллуқ даромаданд. Вале  Абдувалӣ Комилов хуб дарк намуд:

Агар душман ба по афтад,ба таъзимаш машав мағрур,

Ки хам-хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон аст.

Ба андешаи инҷониб, директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидани  Абдувалӣ Комилов хеле рамзӣ низ ҳаст, зеро, коршиносон  солҳои 2006-2013-ро дар сиёсати Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  «Оғози фатҳи қуллаҳо» номидаанд. Маҳз дар ин марҳила ба зиммаи Абдувалӣ Комилов вогузор гардидани сарварии ин ниҳод бозгӯйи эътимод ва боварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ ҳамчун мутахассиси варзида, ватандӯсти асил ва инсони поквиҷдониву масъулиятшинос аст. Шоҳиди бевоситаи он будем, ки ҳамон вақт (манзурам солҳои 2007-2013) Роҳбари хирадсолори давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро ҳамчун се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи асосии баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум муайян намуда буд. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки қисми асосии  ҳадафҳои фавқуззикр  сари вақт, дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро гардиданду иҷрои қисматҳои боқимонда бемайлон идома дорад. Табиист, ки дар ин раванд саҳми Абдувалӣ Комилов ҳамчун роҳбари Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассир буда, ҳоҷат ба шарҳу эзоҳи зиёд надорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки меҳандӯстии қаҳрамони мо дар тамоми ҷанбаҳои фаъолияташ баръалост. Барои мисол, дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони соҳа таҳти роҳбарии Абдувалӣ Комилов усули ҷадиди меъмориро, ки дар он талаботи ҷаҳони муосир бо унсурҳои миллии меъмории мардуми тоҷик тавъам мебошанд, таври густурда мавриди истифода қарор додаанд. Дар минтақаҳои мамлакат бунёдкориву созандагӣ вусъат ва густариш ёфта, иншооте мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки эъморашон ҳатто дар замони давлати абарқудрати шӯравӣ шабеҳи «афсона» буд. Дастоварди қобили таваҷҷуҳи дигар таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Кодекси фавқуззикр асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилию иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим менамояд.

Агар таври мухтасар фаъолияти пурмаҳсули ниҳодеро, ки роҳбариаш ба зиммаи Абдувалӣ Комилов вогузор аст, бозгӯйӣ намоем, овардани чанд далелу арқом бамаврид аст.

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ масоҳати  умумии манзилҳои истиқоматии бунёдгардида 975 ҳазору 656 метри мураббаъро ташкил дод. Иҷрои корҳои сохтмониву васлгарӣ дар ин давра ба 4 миллиарду 928 миллиону 377 ҳазор сомонӣ баробар аст. Давоми  муҳлати зикршуда барои 15 ҳазору 575 талаба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои қабули 2120 нафар дармонгоҳ ва беморхонаҳо бо фарогирии 521 кат мавриди истифода қарор гирифтанд. Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи кишвар Нақшаи генералии 36-тои онҳо таҳия гардидааст.

То ба имрӯз дар пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии кумита таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Панҷакент, Қайроққум, ноҳияҳои Бохтар, А.Ҷомӣ, Восеъ ва Ғончӣ ҷараён дорад.

Нақшаҳои генералии шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Темурмалик, Ҷ.Румӣ, Дарвоз, Вахш, Спитамен, Муъминобод, Ванҷ, шаҳраки С.Исоеви ноҳияи Ҷ.Румӣ пурра ба анҷом расида, дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Соли сипаригашта, тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 64 шаҳру ноҳияи мамлакат вобаста ба сифати корҳои сохтмониву васлкунӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Зимни  ин санҷишҳо, ки дар 1314 адад иншоот амалӣ гардид, барои ҷой доштани нуқсонҳо масъулин ба маблағи 310280 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки нишастҳои матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози тарзи баргузорӣ ва муносибати масъулинаш бо журналистон, дар муқоиса бо нишастҳои матбуотии дигар сохторҳо, бамаротиб хубтар аст.

Вобаста ба масъулиятшиносиву поквиҷдонии Абдувалӣ Комилов мисоли аҷибе дорам: Ҳамватони азиз хуб дар хотир доранд, ки бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиии дар шаҳри бостонии Кӯлоб рухдода, ки бо ҷалби вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои ҷумҳуриявӣ амалӣ гардид, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардидани ин супориши Роҳбари давлат  масъулини соҳа таҳти сарварии Абдувалӣ Комилов хеле ҷаҳду талош намуданд. Банда шоҳиди бевоситаи он будам, ки роҳбари яке аз бонкҳои тиҷоратӣ насби кондитсионерро дар манзили бунёднамудааш «ба фардо»гузоштанӣ шуд. Чун Комилов аз ин огоҳӣ ёфт, мустақиман бо он нафар тамос гирифт ва  тақозо намуд, ки ин норасоиро рафъ намояд. Ҳол он ки мисли баъзе масъулон метавонист аз ин камбудии ҷузъӣ «чашм пӯшад»… Хоксории ин накумард барои дигар соҳибмансабон бояд намунаи ибрат бошад:

 Дар кори баланд хоксорӣ бояд,

Бо номи баланд бурдборӣ бояд.

То ту набаройӣ аз қатори мардум,

Андар сафи пеш ҳамқаторӣ бояд.

Шояд бисёриҳо бовар накунанд, вале Абдувалӣ Комилов, ки сарварии бахши сохтмон ва меъмории кишварро ба зимма дорад, на дар ҳавлии боҳашамат, балки дар бинои баландошёнае дар яке аз гӯшаҳои шаҳр маскун аст…

Сиюми ноябри соли гузашта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ  Комилов раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ин боварӣ ва эътимод самараи меҳнати софдилона аст, ки дар ҳама давру замон ҳатман қадр мешавад. Гуфтан бамаврид аст, ки номбурда барои хизматҳояш дар назди халқу Ватан бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Солҳои 1995-2000 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз шумори ками роҳбаронест, ки ҳамрадиф бо фаъолияти сарварӣ кори илмиро низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ мебошад. Ин буд шаммае аз фаъолият ва рӯзгори ибратомӯзи як ватандӯсти асил, ки дар роҳи интихобнамудааш собитқадам аст. Ба ин накумарди некукирдор ва нексиришт барору комёбӣ таманно менамоем.

 Далер Мерганов, «Садои мардум»