Об дар кӯзаву…»

№151 (3945) 20.12.2018

6b13f5fe-8aff-11e2-9191-75994ec0e9a7Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизис­тон ва Туркманистон ба гурӯҳи кишварҳое шомиланд, ки барномаи ғанигардонии ордро амалӣ менамоянд.

Ҳарчанд барномаи ғанигардонии орд дар Ӯзбекис­тон соли 2003 бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия гардид, вале дар асл он «натиҷа»-и фаъолияти масъулини «Food Fortification Initiative» ( FFI ) — ташаб­бускори ғанигардонии орд дар ҷаҳон, «лобби»-кунандагон — тарғибгарони лоиҳа ва ширкатҳои бузурги трансмиллӣ мебошад, ки барои фурӯши маҳсулот бозорҳои нав меҷӯянд. Биноан, соли 2004 Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон сазовори гранти Иттиҳоди глобалии беҳтар намудани шароити озуқаворӣ (GAIN) барои амалӣ намудани барнома гардид. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ «FFI» ва дигар ширкатҳо бо сабаби вазъи душвори иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ ва паст рафтани шароити зиндагии аҳолӣ ба амалӣ намудани нақшаҳо пардохтанд. Хушбахтона, кишвари мо аз амалисозии барномаи ғанигардонии орд берун мондааст. Аммо кӯшишҳо барои амалӣ намуданаш анҷом напазируфтаанд.

11 августи соли 2005 Ҳукумати Ӯзбекистон «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи миллии ғанигардонии орд» қарор қабул намуд. Он то ҳол амал мекунад ва ҷонибдор низ дорад. Гоҳ-гоҳ дар матбуоти ин кишвар оид ба мавзӯи беҳтар гардидани вазъи солимии ҷомеа дар натиҷаи ғанигардонии орди гандум мақолаҳо ба табъ мерасанд.

Моҳи октябри соли 2018 Агентии иттилоотии «ӮзА» хабареро нашр намуд, ки тибқи он ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ғанигардонии орди гандум тағйирот ворид мегардад ва маҳсулоти нонии кишвар бӯй ва таъми меваву сабзавоти гуногунро хоҳад дошт. Ба ибораи дигар, ба таркиби орд, дар баробари витаминҳо, хокаҳои меваву сабзавот илова намуданианд. Ташаббускорони ин пешниҳод устодони Донишкадаи кимиёвӣ-технологии Тошканд мебошанд.

- Ҳадаф зиёд намудани маҳсулоти бо иловаҳои фаъоли биологӣ ғанигардонидашуда мебошад, — гуфтааст устоди донишкада Гулноза Ҷаҳонгирова.

Олимон таъкид менамоянд, ки дар баробари ворид гардидани дигаргунӣ дар ғанигардонии орд раванди технологии истеҳсоли маҳсулоти нонӣ низ бояд такмил дода шавад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар наздиктарин фурсат дар Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ҷорӣ намудани як қатор талаботи техникие, ки ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти нонӣ, макаронӣ ва озуқавории дигари ғалладонагӣ мусоидат менамояд, дар назар аст.

- Таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сифати маҳсулот равона карда мешавад, — иброз доштааст директори Маркази илмӣ- тадқиқотии «Донмахсулотлари» Дилором Ғафурова. Бо ин мақсад дар назди Ширкати «Ӯздонмахсулот» Кумитаи техникии стандартизатсия амал менамояд. Илова бар ин, ҳукумат дар кори ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироат, баланд бардоштани даромаднокии парвариши зироати донагӣ, таҳкими базаи моддиву техникии соҳа пайваста кумак менамояд.

Чанд сол қабл дар Ҷумҳурии Арманистон низ ҷиҳати ба роҳ мондани барномаи ғанигардонии орд кӯшишҳо буданд. Ташаббускори ғанигардонии орд дар ин кишвар Бунёди кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ маҳсуб мешуд, ки таҷҳизот ва дастурҳои методологиро ройгон таъмин намуда, соли нахустини ғанигардонии орд иловаҳоро низ ройгон таъмин кардан мехост.

Вақте сухан дар боби ғанигардонии орд меравад, дар зеҳни ҳар инсон чунин суоле пайдо мегардад: «Чаро орди гандумӣ бояд ғанӣ гардонда шавад?»

Ба ин суол масъулини Ҳукумати Арманистон чунин посух додаанд:

«Ғанигардонии орди гандум бо микроэлементҳо чорабинии соҳаи тандурустии ҷомеа буда, ҳадафи он аз байн бурдани бемориҳоест, ки бо сабаби норасоии баъзе аз микроэлементҳо ё витаминҳо ба вуҷуд меоянд… Воситаи нисбатан арзон ва дастраси пешгирии норасоии микроэлементҳо ва витаминҳо ғанигардонии орди гандум аст, ки маҳсулоти барои ҳама табақаи аҳолӣ дастрас мебошад».

Тибқи шарҳи тарғибгарон, таъсири орди ғанигардондашударо пас аз 3-5 сол эҳсос кардан мумкин аст.

Онҳо даъво доранд, ки дар натиҷаи истифодаи орди ғанигардондашуда бемориҳои дилу раг-10 фоиз, иллатҳои модарзодӣ-30-35 фоиз, камхунии кӯдакон ва занҳо 25-30 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.

Тибқи маълумоти тарғибгари асосии ғанигардонии орд — «FFI» — «Food Fortification Initiative», асосан се намуди орд — гандумӣ, ҷуворимакка ва биринҷ дар кишварҳои гуногун ғанӣ гардонда мешавад. Дар ИМА ва Австралия қариб пурра ба ғанигардонии орд оғоз кардаанд. Дар Африка аз 58 давлат дар 23-тоаш ордро ғанӣ мегардонанд. Аз 62 мамлакати Аврупо ва Осиё дар 45 кишвар орд ғанӣ гардонда намешавад. Дар 7 мамлакат-Косово, Британияи Кабир, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ғанигардонии орд ҳатмист ва 7 кишвари дигар, аз ҷумла, Арманистон ва Тоҷикистон, дар остонаи қабули барномаи ғанигардонии орд қарор доранд.

Тибқи маълумотҳо, ду кишвари сераҳолитарини дунё — Хитой ва Ҳиндустон, ки дар онҳо норасоии маҳсулоти озуқаворӣ бештар ба назар мерасад, барномаи ғанигардонии ордро қабул накардаанд. Чаро?

Дар сомонаи «FFI» қайд мегардад, ки иловаҳои асосӣ ҳангоми ғанигардонӣ — оҳан ва кислотаи фолий ё фолат (витамини В9) мебошанд. Ҳамчунин, турши (кислота)-и никотин (В3), тиамин (В1), рибофлавин (В2), сианокобаламин (В12)-ро илова кардан мумкин аст.

Вале дар бораи ширкатҳое, ки ин премиксу микронутриентҳо ё иловаҳоро истеҳсол менамоянд, дар сомона маълумотеро пайдо намудан имконнопазир аст. Эҳтимол, ин ширкатҳо ширкатҳои бузурги трансмиллианду «даст»-и касе ба онҳо намерасад. Шояд онҳо аз нодуруст будани ғанигардонии орд, ҳамчунин зарарҳои иловаҳои истеҳсолкардаашон худ огаҳанд.

Биотехнолог, академик Александр Селимян, ки дар Ҷумҳурии Арманистон ба муқобили қабули барномаи ғанигардонии орди гандум мубориза мебарад, таъкид намудааст, ки дар таркиби гандум моддаҳои фоидаовар, аз ҷумла оҳан ҳам мавҷуд аст. Дар 1 кг орди навъи олӣ ва якум миқдори оҳан 50 мг-ро ташкил медиҳад, вале пас аз тозакунӣ танҳо 10 мг-и он боқӣ мемонад. Барои ба орд баргардонидани моддаҳои азбайнрафта олимон таҷриба гузарониданд. Онҳо пӯсти гандум-сабӯси ҷудошударо ба орд баргардонданд ва нони дараҷаи олитарин-бионон ҳосил гардид. Олимон барои пухтани ин нон ҳамчун туршкунанда маҳсулоти ширии «атсатан»-ро истифода бурда буданд.

Корманди беморхонаи Донишгоҳи Хокланд (Норвегия) Марта Эббинг дар натиҷаи тадқиқот муайян намудааст, ки истифодаи кислотаи фолий дар табобати гирифторони бемории ишемикии дил дар 3-5 сол хавфи ба вуҷуд омадани бемории саратонро 21 фоиз боло мебарад ва пас аз 6,5 сол хатари маргро зиёд мегардонад. Онро барои кам кардани моддаи бавуҷуд­оварандаи бемории дил — гомосистеин ба беморон медоданд. Дар натиҷа, хатари инкишофи бемориҳои саратонӣ дар ин беморон афзуд ва аз 341 бемори навъи инкишофёфтаи саратондошта 136 нафарашон фавтиданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ашхосе, ки навъи инкишофёфтаи саратон буданду кислотаи фолийро истифода набурдаанд, 38 фоиз бештар аст.

Хуллас, зарари микронутриентҳое, ки ба таркиби орд илова намуданианд, кам нест, Аз ин рӯ, иқдоми олимони ӯзбекистонӣ, дар бобати истифодаи хокаи сабзавоту меваҳо дар ғанигардонии орд қобили дастгирист. Гарчанд аз қадимулайём бонувони тоҷик аз усулҳои гуногуни ғанигардонии орд истифода мебурданд, ки зарар ба касе ­надошт. Аввалан, ин истифодаи хамиртуруши анъанавӣ ё момоист, ки итминон дорем, «атсатан»-и олимони арман ҳаргиз ба он баробар намешавад. Сониян, пухтани нонҳои ҷаззадор, кадугӣ, пиёзӣ, равғанӣ, ба орд илова намудани ширу ҷурғот, кӯфтаи чормағзу бодом, нонҳои кунҷиду сияҳдонадор ва ғайраву ғайра.

Вале афсӯс, ки ҳавсалаи бонувон камтар гардидаасту танҳо бо хамиртуруши кимиёвӣ нон мепазанд, ки зарарнокии он аз манфиаташ бештар аст. Метавон гуфт, ки аз камҳавсалагӣ худу пайвандонро гирифтори бемориҳо месозем. Ҳол он ки танҳо истифодаи хамиртуруши анъанавӣ мушкилро аз байн хоҳад бурд.

Имрӯз имкон дорем, ки ҷиҳати ғанигардонии нон аз гандуми сабзида низ истифода намоем. Дар таркиби он миқдори баъзе аз элементҳои кимиёвии барои организми инсон фоидаовар то даҳ маротиба зиёд мегардад.

Ба ибораи дигар, «об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем…»

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»