Об сарвати бебаҳост ва муносибат ба он бояд хоса бошад

№66 - 68 (3703-3705) 06.06.2017

waterfallҚабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об -  барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» воқеан барои мо тоҷикистониён боиси  ифтихор аст, зеро ин иқдоми муҳим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.

Мутобиқи қатъномаи мазкур, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22 марти 2028 ба анҷом мерасад. Тавре маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббусро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Иқдомоти Сарвари давлат обрӯи Тоҷикистонро дар ҷаҳон боз ҳам боло бурда, таваҷҷуҳи мардуми сайёраро ба  ин масъ­алаи ҳаётан муҳим зиёд кард.

Дар Тоҷикистон 947 дарё, 1300 кӯли гуногунҳаҷм ва пиряхҳои зиёди хурду бузург мавҷуданд. Мутаассифона, дарёҳои Вахш, Сурхоб, Яхсу, Оби Тоир, Кӯлоб бо партовҳои саноатию маишии сокинони шаҳрҳои Сарбанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва дигар шаҳру ноҳияҳо олуда шуда, сифати худро гум мекунанд.

Қисми дигари ҳамватанонамон ончунон беинсофанд, ки баъди истифодаи об ҷумаки лӯлаи обгузарро маҳкам намекунанд. Дар натиҷа, бисёр истиқоматкунандагони биноҳои баландошёна аз норасоии об азият мекашанд.

Барои обёрӣ низ аз меъёр зиёд сарф кардани об ҷоиз набуда, сабзиши решаи дарахту буттаҳоро душвор сохта, қисми ҳосилхези хокро мешӯяд.

Агар инсон бе истеъмоли хӯрок як моҳ зинда монад, бе об якчанд шабонарӯз зиста метавонаду халос. Барои муътадилии фаъолияти инсон меъёри муқаррарии об лозим аст. Талабот ба об барои ҳар инсон вобаста ба шароит гуногун буда, аз 30 то 230 литрро ташкил медиҳад. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки беш аз пеш қадри обро донем ва онро ба дигарон талқин намоем.

Алҳол танҳо 5 дарсади захираи энергетикии кишвар истифода мешаваду халос. Тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, оқилона истифода бурдани сарватҳои табиат, ҳифзи олами ҳайвоноту наботот вазифаи шаҳрвандии мост, зеро покизагии муҳити зист асоси солимии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти ин, масъалаҳои экологиро метавон қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар нафар номид. Қонунҳои дар ин самт қабулшуда, барномаву консепсияҳо, бунёди боғҳои нав дар минтақаҳои гуногуни кишвар натиҷаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳифзи сарватҳои табиӣ мебошад. Дар моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Биноан, зарур аст, ки ҳар як фард дар сатҳи зарурӣ аз донишҳои экологӣ воқиф бошад ва ба муҳити зист оқилона муносибат намояд.

 Шарифхон ТИЛЛОЕВ,

гидротехник — иқтисодчӣ