Обёрӣ ба воситаи «ESB»

№133 (3613) 25.10.2016

орошениеБоғу токпарварӣ аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ маҳсуб ёфта, аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад, зеро рушди ин соҳаи сердаромад ба фарогирии ҷавонон бо ҷойи кор ва паст шудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори дохилии кишвар мусоидат менамояд.

Бунёди зинабоғро дар заминҳои лалмӣ, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардаанд, боғпарварони ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сармашқи кори худ қарор додаанд.

Дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Фархор соҳибкори ботаҷриба Субҳиддин Исмоилов дар майдони 5 гектар замини лалмӣ боғ бунёд кардааст. Ӯ бо машаққати зиёд ба воситаи дастгоҳи обкашии пуриқтидори «ESB» об баровард. Об аз чуқурии 70 метр фаввора зада, тавассути лӯлаҳои резинии қутрашон 60-70 мм ҷорӣ гашта, ин мавзеъро обшору сероб ва хушманзару дилрабо гардонид.

Ҳоло Субҳиддин Исмоилов ният дорад, ки дигар заминҳои деҳоти ноҳияро низ бо об таъмин кунад. Аз ташаббуси соҳибкор Субҳиддин Исмоилов дигар соҳибкорон ибрат гирифта, обёрикунии заминҳоро суръат мебахшанд. Чунин амалҳои нек боис мегарданд, ки мардуми ноҳия бо меваҳои шаҳдбор ва сабзавоту полезӣ таъмин гарданд.

 Исматуллоҳи Яқубзод