Олимон дастёри кишоварзонанд

№40 (3677) 15.04.2017

озуквориОлимону мутахассисони Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми арзанда доранд. Дар робита ба ин, суҳбате доштем бо директори он, доктори илмҳои кишоварзӣ — Ҳикматулло Назиров.

- Дар ҷараёни татбиқи барномаю нақшаҳои дар соҳаи кишоварзӣ тарҳрезишуда мутахассисони институт чӣ гуна саҳм мегузоранд?

- Соҳаи боғу токпарварӣ, сабзавоткорию картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди ин соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Қабули «Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур, парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010», «Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», «Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» шаҳодати ин гуфтаҳост.

Вобаста ба ин барномаҳо олимони институт ҷараёни корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба рушди соҳа равона карда, бо офаридани навъҳои нави серҳосилу ба ҳашарот тобовар, коркард ва такмилдиҳии технологияҳои навин дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми худро гузошта истодаанд.

- Хоҳишмандам, мушаххас роҷеъ ба дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ маълумот диҳед.

- Танҳо дар панҷ соли охир (2011-2016) олимону мутахассисони мо барои офаридани навъҳои зардолуи «Ленинободӣ», ноки «Дилрабо», сабзии «Тиллоранг», 8 навъи картошка — «Дӯстӣ», «Файзобод», «Шукрона», «Каримӣ», «Рашт», «Овчӣ», «Тоҷикистон», «Нурӣ», пиёзи «Ҳисорӣ», қаламфури тези «Серҳосил» аз тарафи Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи муаллифӣ гардиданд.

Ҳоло навъҳои шафтолуи «Лаъл», «Нурафшон», зардолуи «Шифо», «Нишонӣ», себи «Зардсеби тирамоҳӣ», ангури навъҳои «Сарвар», «Ваҳдат» ва дурагаи «54-37», чормағзи навъи «Ф-5-26», пиёзи навъи «Сомонӣ», пиёзи ансули навъҳои «Суғдиён» ва «Дилкушо», қаламфури тези «Ханҷар», «Зулфи сурх», картошкаи навъҳои «Сурхоб», «Тобон», «Ғончӣ», «Дурахшон» дар озмоиши комиссияи навъсанҷӣ қарор дорад. Инчунин, навъи ангури кишмиши «Суғдиён» омодаи пешниҳод ба комиссияи мазкур мебошад.

- Дастуру тавсияҳои олимону мутахассисонро кишоварзон зиёд истифода мебаранд?

- Бале. Солҳои охир технологияҳои дар як давра парвариш кардани ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ниҳолҳои қадпаст бо истифодаи пайванди мобайнӣ, меъёри додани нуриҳои маъданӣ бо усули манбаъгӣ дар токзори навъи «Султонӣ» (Ҷавз), хушконидани мева дар мевахушккунакҳои нақбшакл, мошинолоти мукаммалгардонидашуда барои коркарди байни қаторҳои токзор пешкаши кишоварзон гардонида шуд. Таҳияи як қатор технологияи нав барои истифода дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ идома дорад. Ҳамчунин, силсилаи чораҳои муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз гамбусаки колорадӣ, пашшаи харбуза ва касалию зараррасонҳои боғу токзор таҳия гардид ва ҳоло корҳои илмию таҳқиқотӣ дар ин самт давом доранд. Дар ин замина коллексияи навъҳои «Норанҷ» ва «Грейпфрут» барқарор карда, генофонди 25 навъи анҷир нигоҳ ­дошта шуд. Дар шароити шимоли Тоҷикистон аввалин бор технологияи дар як сол парвариш намудан ва гирифтани ниҳолҳои стандартии шафтолу, зардолу ва бодом санҷида, дар истеҳсолот ҷорӣ шуд. Усули дар ғилофакҳо сабзонидани ниҳолҳо низ ҷорӣ гардид. Навъи нави ангури миёнапази хӯрданибоб ва кишмишии «Миёна» ба қатори нав­ъҳои стандартии ҷумҳурӣ ворид гардид.

Дастурамали мубориза бар зидди касалиҳои замбӯруғӣ, гардзании ангур таҳия шуд. Тавсияҳо оид ба истифодабарии хокаи фосфатидҳои табиӣ барои гирифтани ҳосили баланди пиёзи навъи «Дӯстӣ» дар хокҳои хокистарранги марғзории водии Ҳисор такмил ёфтанд.

Технологияи дар як давраи нашъунамо парвариши ниҳолҳои дарахтони донакдор барои зардолу ва бодом такмил ва ба истеҳсолот пешниҳод гардид, ки ин имконияти 15 – 20 фоиз зиёдшавии самаранокии ниҳолпарвариро дар истеҳсолот таъмин менамояд.

- Роҷеъ ба фаъолияти илмӣ — назариявӣ дар институт чӣ гуфтанӣ доред?

- Институт дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мактаби тайёркунандаи мутахассисони болаёқати  соҳаи боғпарварӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо садҳо мутахассис ба воя расида, дар рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ҳиссагузоранд. Дар пешбурди илми кишоварзӣ, саҳми олимони шинохта, аз қабили Н. Камолов, С. Шомуродова, С. Маҳмадаминов, Т. Бойматов, У. Эшонқулов, Қ. Рукниддинов, А. Сав­ченко, Қ. Раҷабов, А. Азимов, Р. Қаландаров, Т. Ахмедов, М. Сулангов, Б. Каримов, Қ. Партоев, Б.Тошматов, Д. Маҳмудов, А. Ваҳобов ва даҳҳо нафари дигар арзанда аст.

Аз ҷониби олимони институт 10 китоб, 160 тавсиянома ва дастурамал, 352 мақолаи илмӣ, 36 варақаи ахборӣ, 21 брошюра, 7 буклет, банерҳо, 4 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ, 2 маҷмӯаи матолиби конференсия, 26 номгӯйи тезису маърӯзаҳо таҳия ва нашр шуданд.

Дар 25 соли Истиқлолият дар ин даргоҳи илмӣ таҳияи 12 рисолаи номзадӣ ва 4 рисолаи докторӣ анҷом ёфт.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»