Омодагӣ ба форуми соҳибкорон хуб аст

№ 19.07.2016

22-уми июл дар шаҳри Кӯлоб форуми соҳибкорони Љумҳурии Тољикистон баргузор мегардад.

-Макони баргузории форум бинои нави Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ интихоб карда шудааст. -Мо тамоми шароити заруриро баҳри дар сатҳи шоиста баргузор намудани чорабинии мазкур дар ихтиёр дорем.Соҳибкорону хабарнигорон, бахусус меҳмононе, ки аз кишварҳои ҳамсоя, амсоли Покистону Афғонистон ва Эрон ба форум даъват шудаанд, метавонанд дар шароити мувофиқ  дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо гуфтушунид намоянд,- мегӯяд ректори донишгоҳ Абдуллоҳи Ҳабибуллоҳ.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»