22 майи соли 2016 - Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ идома дорад

№43 (3523) 31.03.2016

25 марти соли равон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар гуфт, ки бо мақсади таъмини шаффофият дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳидони байналмилалӣ даъватнома фиристода мешавад. Бо ин мақсад комиссия Дастурамал оид ба тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалиро дар раъйпурсии умумихалқӣ таҳия намудааст.

Мутобиқи талаботи моддаи 17 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои дахлдор Дастурамал оид ба тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалиро дар раъйпурсии умумихалқӣ, аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ ва бақайдгирии мушоҳидони миллӣ, намунаи шаҳодатномаҳои мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ташкили гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ тасдиқ намуд.

Ҳамзамон, мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо қарори худ рӯзи баргузории интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 29-уми майи соли 2016 таъин кард. Баҳри амалӣ намудани қарори мазкур Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот тасдиқ гардид ва оид ба масъалаи зикргардида комиссияи ҳавзавии интихоботӣ таъсис дода шуд.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»