Омодагӣ ба зимистон ҷиддӣ аст

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

Мавсими омодагӣ ба фасли сармо ба охир мерасад. Алҳол тирамоҳи файзбор фаро расида, ҳарорати ҳаво тағйир ёфта истодааст. Дар шаҳру деҳоти мамлакат омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон барвақт оғоз ёфта буд. Дар робита ба ин 30 апрели соли 2015 таҳти № 261 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 — 2016» қабул гардид. Дар заминаи қарори мазкур фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2015 таҳти №1172  ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ таҳти №938 аз 22 майи  соли 2015  ба тасвиб расид, ки тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ корҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд.

Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҷумъа Назаров гуфт: — Бо ин мақсад дар шуъбаи маориф ситод ташкил карда шудааст, ки он мунтазам рафти тайёрии муассисаҳои таълимиро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015- 2016 дар ҷаласаҳои худ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.  Барои фаъолияти  таълимгоҳҳои ноҳия дар давраи тирамоҳу зимистон 1375 тонна ангишт, 1116 метри мукааб ҳезум ва 1650 литр сӯзишвории моеъ зарур мебошад.  Зикр кардан бамаврид аст, ки 35  муассисаи таълимии ноҳия, аз ҷумла гимназияи тоҷикӣ- русӣ, мактаб- интернати  ҷумҳуриявии бачагони қобилияти шунавоияшон суст, гимназия-парваришгоҳи ба номи академик Б. Ғафуров, гимназияи хусусии  ба номи А. Берунӣ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дигар хатти озоди барқ доранд. Таълимгоҳҳои ноҳия бо 1932 адад печҳои бо сӯзишворӣ гармшаванда ва 564 адад печҳои барқӣ таъмин гардидаанд. То имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 750  тонна ангишт ва 480  метри мукааб ҳезум захира карда шудааст. Ҳоло захираи сӯзишворӣ  идома дорад ва мо тамоми тадбирҳоро меандешем, ки  муассисаҳои таълимии ноҳия дар рӯзҳои сарди зимистон мунтазам фаъолият намоянд.

 К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»