Омодагӣ ба фасли сармо

Омодагиҳо ба мавсими сармо ҳамаҷониба ва ҷиддианд

№165-166(3466-3467) 04.12.2015

Инак, фасли зимистон ҳам фаро расида, нахустин сардиҳо аз омадани мавсими сармо дарак медиҳад. Чун тобистони соли равон бисёр гарм омад, ҳолдонҳо мегӯянд, ки зимистони имсола шояд сардтар шавад.

Мо ба хотири огоҳӣ ёфтан аз омодагиҳои мардуми ноҳияи Ғончӣ ба зимистон бо муовини якуми раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев суҳбат доштем.

Номбурда гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015 таҳти № 261 «Дар бораи  сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 — 2016» дар асоси нақшаи кории мушаххас бо ташкили  ситоди ноҳиявӣ корҳои зиёдеро анҷом дод.

- Ҷиҳати харидории ангишт барои ташкилотҳои буҷетӣ 514402 сомонӣ, аз ҷумла барои соҳаи маориф 480016 сомонӣ, тандурустӣ 32604 сомонӣ, фарҳанг 1782 сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз ин ҳисоб дар муассисаҳои таълимии ноҳия 797 тоннаю 750 килограмм ангишт, 820 метри мукааб ҳезум захира гардида, нақшаи оинабандӣ баробари 112 фоиз (300 метри мураббаъ) таъмин гардид.

Муассисаҳои тандурустии ноҳия бо 67 тонна ангишт ва 169 метри мукааб ҳезум ва 45 метри мураббаъ оина таъмин шуданд. Барои таъмини аҳолӣ бо сӯзишворӣ дар ноҳия 74 нуқтаи фурӯши ангишт фаъолият дорад, ки аз онҳо 43 адад нуқтаҳои сайёр буда, нуқтаҳои фурӯши гази моеъ аз 18 адади порсола ба 21 адад расонида шуд,- гуфт Абдумалик Ҳодиев.

Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- и ноҳия 140 литр равғанҳои молиданӣ, 16 тонна қум, 2,5 тонна намак захира карда, ҷамъияти матлуботи ноҳия барои харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ бо 17 хоҷагӣ ҷиҳати харидории 2163 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва барои хариди 800 тонна ангишт бо соҳибкорон шартнома бастааст. То имрӯз ин ташкилотҳо бо ҳамин миқдор сӯзишворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкилотҳои буҷетиро таъмин намуда, боқимондаро дар анборҳо захира кардаанд.

Дар соҳаи кишоварзӣ низ ба миқдори 27746,08 тонна хошоки дурушт (аз нақша 35 фоиз зиёд), аз ҷумла 7882,53 тонна беда, 19863,5 тонна коҳу пахол, 70 тонна тарбеда ва 5443 тонна воҳиди хӯрока захира шудааст.

- Аз тарафи муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия иншооти зарурӣ, аз қабили пулу қубурҳо таъмиру таҷдид гардида, ҷойҳои ноҳамвор ва чуқургашта таъмир шуданд.

Дар натиҷаи татбиқи Барномаи ноҳиявии «Соли 2015 — соли идомаи роҳҳои обод» ҳолати роҳҳои автомобилгард беҳтар гардида, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард миқдори зарурии сӯзишворӣ, маводи зиддилағжиш, ангиштсанг ва ҳезумро захира карда, ду автогрейдер, ду трактор, як адад булдозер, як автомашинаи ЗиЛ ва ғайраро ба кор омода сохтааст.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ тамоми чораю тадбирҳои заруриро меандешад, ки дар фасли сармо фаъолияти муназзами соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия таъмин гардида, мардум фасли зимистонро бидуни ягон мушкилӣ паси сар намоянд,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Абудумалик Ҳодиев.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»