Қонун ва иҷрои он

Қонун «Дар бораи сайёҳӣ». он дар таҳрири нав ба рушди соҳа таҳрик мебахшад?

№145 (4251) 01.12.2020

АМИРБЕКЗОДАЧанде пеш аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав қабул ва ҷонибдорӣ гардида, баъди имзо шудан аз ҷониби Пешвои миллат мавриди амал қарор гирифт.

Суҳбати хабарнигорамон бо муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар атрофи ин масъала сурат гирифт.

- Зарурати дар таҳрири нав таҳия ва қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» чӣ буд?

- Рушди сайёҳӣ бо таъмини заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, бунёди таҳкурсии конунгузорӣ вобаста аст. Мутобиқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла, моликияти хусусиро кафолат медиҳад».

Тибқи моддаи 37 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст». Илова бар ин, дар асоси моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад». Ин муқаррароти конститутсионӣ барои баамалбарории фаъолияти сайёҳӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам меорад.

Эътироф бояд кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат намуданд. Ба ибораи дигар, дар мамлакат заминаи ҳуқуқии рушди сайёҳӣ вуҷуд дорад.

Қонуни мавриди назар идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб шуда, тибқи дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баён доштанд ва бо дарназардошти вазъияти иқтисодию иҷтимоии ҷаҳон дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод шуд.

Он фарогири ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба саёҳат, муайян намудани принсипҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити баробар ва рақобатпазир ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, ташаккули низоми сайёҳӣ, тадбирандешӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ташаккули намудҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти сайёҳӣ мебошад.

- Фарқият ва ё бартарии қонун дар таҳрири нав дар қиёс ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблӣ кадомҳоанд?

- Мафҳумҳои асосие, ки дар соҳаи сайёҳӣ истифода мешаванд, муфассал шарҳ дода, намудҳои нави сайёҳӣ муқаррар шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок муаррифӣ ва истифода шаванд. Дар баробари ин, хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шаклҳои ташкилию ҳуқуқии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, инчунин, суғуртакунонии фаъолияти сайёҳӣ устувор ва мафҳуми минтақаи сайёҳӣ мушаххас шудааст.

Trekking1- Барои хонандагони рӯзнома намудҳои сайёҳӣ ва маҳсулоти сайёҳии рақобатпазири кишвар ҷолиб аст. Онҳоро чӣ гуна раддабандӣ кардан мумкин аст?

- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳӣ аз намудҳои варзишию кӯҳгардӣ, шикор ва моҳигирӣ, транзитӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, тиҷоратӣ, таълимию омӯзишӣ, фароғатию табобатӣ, оилавӣ, таърихию зиёратӣ, астрономӣ, корӣ, варзишӣ, саргузаштдор, намоишӣ, гурӯҳӣ, деҳотӣ, кишоварзӣ, гастрономӣ (хондорӣ), иҷтимоӣ ва илмию маърифатӣ таркиб ёфтааст.

Бояд мадди назар дошт, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон намудҳои дигари сайёҳӣ низ мавҷуд буда метавонанд.

Дар шароити кунунӣ самтҳои афзалиятноки ин соҳа барои Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд. Барои рушди ин намудҳои сайёҳӣ захираҳои мавҷуда имконият медиҳанд. Қуллаҳои баланд, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Танҳо зарур аст, ки хизматрасонӣ бо сифати баланд ва нархи дастрас ба сайёҳон пешниҳод карда шавад.

Имрӯзҳо барои таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ истифода намудани захираҳои сайёҳии Тоҷикис­тон, муҳайё кардани шароити мусоид барои сайёҳон, идомаи ислоҳоти соҳа ва баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ бо тамоми ҷонибҳои ҳавасманд ҳамкорӣ менамояд.

- Дар ҷаҳони муосир таъмини амнияти сайёҳон хеле муҳим аст. Оё ин масъала дар қонун ба назар гирифта шудааст?

- Моддаи 24 қонуни зикршуда ба ҳамин масъала бахшида шудааст. Тибқи муқаррароти он, таъмини амнияти сайёҳон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Ҳамрадиф бо ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи шаҳрвандонашро, ки ба сифати сайёҳ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, кафолат медиҳад.

Сохторҳои зидахл, аз ҷумла, мақомоти корҳои хориҷӣ уҳдадоранд оид ба хатарҳои эҳтимолӣ, ки ба сайёҳ дар давлати будубоши муваққатӣ таҳдид доранд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ маълумот диҳанд.

Дар навбати худ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ уҳдадор аст сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳиро оид ба хатарҳои эҳтимолӣ хабардор намояд.

Қонунгузор муқаррар кардааст, ки субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ на дертар аз се рӯз пеш аз оғози саёҳат ба сайёҳон дар шакли хаттӣ маълумоти заруриро дар бораи тартиби ворид шудан, берун рафтан ва истиқомат дар давлати будубоши муваққатӣ, дар бораи қонунгузорӣ, анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, маросими динӣ, муқаддасот, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти табиӣ ва иншооти дигари намоишҳои сайёҳии таҳти назорати махсус қарордошта пешниҳод менамоянд.

Ҷанбаи мазкур яке аз ҳадафҳои «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб ёфта, аз ҷониби кумита тадбирҳои дахлдор андешида мешавад.

- Бо ибтикори Пешвои миллат ба онҳое, ки дар соҳа фаъолият доранд, имтиёзҳои қобили мулоҳиза, аз ҷумла озод намудан аз пардохтҳои гумрукӣ барои ворид намудани масолеҳу таҷҳизот барои инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод шудаанд. Қонун дар ин маврид чӣ муқаррарот дорад?

- Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар минтақаҳо бо истифода аз имтиёзҳои роҳандозигардида инфрасохтори зарурии сайёҳӣ бунёд ёфта истодааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи некуҳволии минтақаҳои деҳот ва пайдо гардидани ҷойҳои навӣ кор ва дар маҷмӯъ, рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар моддаҳои 30 — 32 қонун барои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки моҳиятан идомаи иқдомоти қаблӣ маҳсуб меёбад. Масалан, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои хизматрасонии сарироҳӣ ба сайёҳон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қитъаҳои махсуси замин ҷиҳати истифодаи оммавӣ ҷудо намояд. Бояд донист, ки ин замин дар фосилаи на кам аз 50 км дар шоҳроҳҳо ҷудо шуда, вобаста ба майли ашхоси ҳавасманд дар ҳудуди на кам аз 50 метри мураббаъ сарой (ҳостел) ташкил карда мешавад.

Илова бар ин, барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои коркард ва ё сохтмони иншооти зарурӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ҷудо мегардад.

- Дар бораи минтақаҳои сайёҳӣ зиёд мегӯянд, вале эътироф бояд кард, ки шаҳрвандон доир ба моҳияти чунин минтақаҳо ва зарурати таъсиси онҳо маълумоти кофӣ надоранд…

- Минтақаҳои сайёҳӣ дар тамоми ҳудуд ё қисми ҳудуди шаҳр ё ноҳия дар доираи талаботи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии субъектҳои сайёҳӣ ташкил карда мешаванд.

Дар марҳилаи дувум бо мақсади рушди минтақаҳои сайёҳӣ барномаҳои мақсадноки минтақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

Муҳим он аст, ки барои соҳиб гардидан ба мақоми минтақаи сайёҳӣ ва ё минтақаҳои сайёҳии байналмилалӣ тамоми ҳудуд ё қисми ҳудуди шаҳр ё ноҳия бояд нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории дахлдорро дошта бошанд.

- Мақсад аз таҳия, қабул ва ҷонибдории дилхоҳ санади меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам овардани заминаи мукаммали ҳуқуқӣ барои рушди соҳа аст. Қонуни зикршуда метавонад таҳрикбахши рушди соҳа бошад?

- Бегуфтугӯ. Таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ҳамчун давлати озоду обод ва макони мусоид барои рушди сайёҳӣ ҷойгоҳи хос дорад. Мавриди амал қарор гирифтани ин санади меъёрии ҳуқуқӣ муҳим, муфид ва саривақтӣ буда, ба шарофати он бахши сайёҳӣ, беш аз пеш, рушд карда, дар ин замина ба соҳаҳои дигар низ манфиат мерасад.

Барои расидан ба ҳадафҳои муайяншуда зарур аст, ки сохторҳои дахлдор бо мақоми ваколатдор ҳамкориро бештар тақвият бахшанд.

Мусоҳиб Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»