Дар мавзӯи муҳим

Қонуне, ки муқаррароташ рӯи коғаз мондааст

№124 (3761) 19.10.2017

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ» «намудҳои фаъолияти  вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истифода бурдан, воридот, содирот, истеҳсол ва фурӯши организмҳои бо истифодаи усули биотехнологияи замонавӣ аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро танзим намуда, ба кам намудани хавфи таъсири номатлуби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба саломатии инсон, гуногунии биологӣ, мувозинати экологӣ ва ҳифзи  муҳити  зист нигаронида шудааст». Ҳарчанд аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикршуда беш аз даҳ сол гузаштааст, вале аксар муқаррароти он рӯи коғаз мондаанд, ҳол он ки аз лиҳози моҳият ин қонун вежагиҳо дошта, муносибат ба иҷрои он набояд дуюмдараҷа бошад.

 Манзур яке аз мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда —  «организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта» мебошад. Ашхоси огоҳ медонанд, ки организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта – «ҳар гуна организм, ба истиснои организми инсон, ки маводи генетикиаш бо роҳҳои ғайри дурагакунӣ ё ба таври ғайритабиии дучандшавӣ тағйир дода шудааст», маҳсуб мешавад. Тибқи маълумоти дастрас, ибтикор ҷиҳати бо роҳи генетикӣ тағйир додани организм солҳои 70- уми асри гузашта оғоз шуда буд. Нахуст олимони амрикоӣ Берг ва Шетерман ба ин кор даст заданд. Онҳо муътақид буданд, ки тағйир додани геноми як рустанӣ имкон медиҳад, ки он нисбат ба заҳрхимикатҳо ва ё ҳашароти зараррасон устувор бошад, инчунин рустанӣ метавонад ба хунукиҳои аз меъёр зиёди фасли сармо ва ё ҳангоми дар фасли гармо кам будани намнокии хок тобовар шавад.

Дар ин замина, иқдомоти нахустин ҷиҳати синтези антибиотик ва дигар доруворӣ азнавсозии (реконструксияи) микроорганизмҳо шурӯъ шуд. Таҷриба собит намуд, ки усулҳои навтарини генетикаи муҳандисӣ имконият медиҳад, ки генҳои лозима аз геноми бактерия, рустанӣ ё ҳайвон ҷудо шавад ва ё он ба геноми бактерия ва ё рустанӣ ворид карда шавад. Масалан, гени каждум бо мақсади ба ҳашароти зараррасон устувор шудан ба геноми гандум ворид карда шудааст, ки онро ба хушксолӣ устувор менамояд. Ба помидор ворид намудани гени моҳии шимолӣ имкон медиҳад, ки он ҳангоми кашонидан вайрон нашуда, инчунин ба хунукӣ тобовар бошад. Ба ин монанд, бо мақсади аз ҳашарот зарар надидани ҷуворимакка ба геноми он генҳои заҳри мор пайваст карда шудааст. Дар ин замина маҳсулоти ҷадид — «маҳсулоти аз организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта истеҳсолшуда» рӯи кор омад.

Тавре дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ» омадааст, ин маҳсулот аз як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо иборат буда, дорои як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо мебошад. Дар робита ба ин, моддаи  7-уми қонун салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ муайян намудааст. Тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар ин соҳа, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои таъмини бехатарии биологӣ, муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ, таъсис ва тасдиқи Комиссияи миллӣ аз ҳамон ҷумлаанд. Омӯзиши масъала, ҳамчунин собит намуд, ки ба татбиқи қонун сохторҳои дахлдор, ба истиснои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, комилан бетафовутанд. Масъулини «Тоҷикстандарт» ба ин масъала, ки ба ҳифзи неъмати бебаҳо – саломатии аҳолӣ алоқаманд аст, таваҷҷуҳи хоса дошта, хеле пеш озмоишгоҳи махсус таъсис дода буданд. Вале, бинобар муайян набудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ ва меъёри организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, наметавонанд дар ин самт кореро анҷом диҳанд. Барои мисол, дар Аврупо барои воридоти маҳсулоти трансгенӣ қонун амал мекунад, ки меъёри он ба андозаи 0,9 фоиз муқаррар шудааст. Ҳамчунин, дар Япония ин меъёр 0,5 фоиз ва дар Амрико 10 фоиз иҷозат дода шудааст.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ», бояд мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ таъсис дода шавад. Бино ба гуфти сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷурахон Раҳимзода, дар ҳамкорӣ бо нуҳ вазорату идора ­лоиҳаи ҳуҷҷати дахлдор оид ба ин масъала таҳия ва ба сохторҳои марбута барои мувофиқа фиристода шудааст. Тибқи он, бояд Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ эътироф мегардид, ки сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ, танзим ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба татбиқи стратегия ва нақшаи миллии амалиёт барои нигоҳдории гуногунии биологӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва ташкили кор оид ба нигоҳдории гуногунии биологӣ, бехатарии биологӣ ва ғайраро амалӣ намояд. Мутаассифона, ин иқдом дар нимароҳ монд.

- Мо озмоишгоҳ дорем, мутахассисонро омода кардем, вале бинобар татбиқ нагардидани муқаррароти қонун, наметавонем рисолатамонро дар ин самт иҷро намоем, — мегӯяд Ҷурахон Раҳимзода.

Пайгирии масъала маълум намуд, ки дар бораи организмҳои аз лиҳози генетикӣ тағйирдодашуда фикрҳо гуногунанд. Ҳанӯз ҳам ташхиси аниқ, ки аз нигоҳи илмӣ дар сатҳи молекулавӣ асос­нок шуда бошад, гузаронда нашудааст ва маълум нест, ки чӣ гуна ба организми инсон маҳсулоти трансгенӣ (ГМО — дор) зиён доранд. Лекин таҷрибаҳое, ки ба ин самт алоқамандӣ доранд, нишон медиҳанд, ки пайваста истифода намудани ғизои якхелаи дорои маводи модификатсияшуда боиси пастшавии иммунитети инсон, пайдоиши саратон, аллергияҳои гуногун ва мутобиқ шудани микрофлораи организм ба антибиотик шуда метавонад. Бояд қайд намуд, ки ҳангоми якхела истеъмол намудани маводи муқаррарӣ низ ин нуқсонҳо ба қайд гирифта шудаанд. Ген ва ё генҳое, ки таркибашон тағйир дода шудааст, маҷмӯи нуклеотидҳои КДН мебошад, ки маҳсули кори онҳо сафедаҳо, чарбҳо, карбогидридҳо ва ғайра мебошанд.

Аз ин нуқтаи назар, маҳсулоти аз организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта метавонад намуди муайяни сафеда, витамин ва дигар шакли ғизоро дар худ дошта бошад, на генҳоро, ки мо аз онҳо ҳарос дорем. Ҳангоми истеъмоли ин намуди ғизо мо маҳсули кори ин генҳоро истеъмол менамоем, на худи генро. Мутахассисон аз истеъмоли маҳсулоти аз лиҳози генетикӣ тағйирдодашуда ба организми инсон силсилаи хатарҳоро пешбинӣ намудаанд, ки аллергия, вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организм, пайдошавии микрофлораи нави меъдаи инсон, пайдошавии устуворӣ нисбат ба антибиотикҳо, таъсири консерагенӣ ва мутагенӣ аз ҳамон қабиланд. Ба ғайр аз ин, эҳтимол аст, ки истеъмоли маҳсулоти трансгенӣ генофонди инсонро заиф гардонад, ки дар натиҷа генҳои мутантӣ пайдо шаванд. Вале ин нуқтаи назар то ҳол асоси илмии худро пайдо накардааст.

Дар баробари афзалиятҳои дигар, эмин доштани аҳолии дунё аз гуруснагӣ ҷанбаи мусбати ин раванд мебошад. Мувофиқи пешгӯйиҳо, то соли 2050 аҳолии олам тахминан ба 11 миллиард мерасад. Ин дар ҳолест, ки сайёраи мо имконияти хӯронидани то 9 миллиард нафарро дорад. Биноан, олимон кӯшиш карда истодаанд, ки шаклҳои рустанӣ ва маҳсулоти ғизоиеро пайдо кунанд, ки онҳо ба ҳашароти гуногуни солҳои охир пайдошуда устувор буда, аз тарафи дигар серҳосил ва ҳамчунин қобилияти дар хушкӣ нашъунамо ёфтан дошта бошанд. Тибқи омор кишти заминҳои маҳсулоти трансгенӣ, ки соли 1991-ум 1,7 миллион гектарро ташкил медод, дар давоми 17 соли охир ба 82,4 миллион гектар расидааст.

Муҳимтар аз ҳама, бартарии ­рустаниҳои табиӣ хеле баланд аст. Фарз кардем, агар 1 кг картошкаи табиӣ дар ИМА 1 доллар арзиш дошта бошад, нархи 1 кг картошка бо усули тағйир додани генҳо истеҳсолшуда 20 сент аст.

Тибқи маълумот, ҳоло дар ҷаҳон кишти рустаниҳои трансгенӣ, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, аз қабили пахта, лӯбиёи чинӣ, шолӣ, лаблабуи қанд, ҷуворимакка, ки ба ­гербитсидҳо устувор мебошанд, картошкаи ба гамбӯсаки колорадӣ устувор, боқалаи бедонак, помидор, банан ва харбузаи муҳлати тӯлонӣ вайроннашаванда тавсеа ёфтааст. Ин раванд асосан дар Канада, Ҳиндустон, Покистон, Хитой ва дигар кишварҳое, ки шумораи аҳолиашон дар ҳоли афзоиш аст, доман паҳн кардааст. Дар соҳаи моҳипарварӣ навъи моҳиҳое ба вуҷуд омадаанд, ки рангашонро тағйир дода меистанд. Бо истифода аз усулҳои генетикаи муҳандисӣ дар шароити саноатӣ маводи доруворӣ, ба монанди интерферон, гармони инкишоф, инсулин, моддаҳои фаъоли биологӣ истеҳсол шуда истодааст. Ҳоло организмҳои ба тариқи генетикӣ модификатсияшударо дар корҳои илмӣ, бунёдӣ ва амалӣ низ васеъ истифода мебаранд.

Назорат дар ин самт вазифаи мақомоти дахлдори давлатӣ аст ва маҳсулоте, ки ба истилоҳ «модификатсия» карда шудааст, бояд ҳангоми ба фурӯш баровардан миқдори ГМО- и он бо фоиз муайян карда шавад. Дар кишварҳои тараққикарда дар фурӯшгоҳҳо бо тамғаи махсус миқдори ГМО нишон дода шудааст. Дар таркиби ҳасиб, кулчақанд, равғани ғизоӣ, кетчуп, лӯбиё, картошкаи қоқ ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ миқдори муайяни организмҳои аз лиҳози генетикӣ тағйир­додашуда истифода шудаанд, ки мутаассифона, на дар ҳамаашон зимни тамғазанӣ миқдори он сабт мешавад. Бо дарназардошти ин, дар моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ» муқаррар шудааст, ки «воридкунанда бандубаст кардан, идентификатсия, ҳаммонандсозӣ, тамғазанӣ ва интиқолро ба дараҷае, ки гузаронидани  ин амалиёт ҷиҳати  содирот мувофиқ аст, амалӣ намуда, уҳдадор аст мутобиқати ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ирсолшавандаро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо таъмин  намояд».

Агар муносибат ба ин масъалаи муҳим чунин бошад, пас теъдоди қонунҳоеро, ки татбиқашон ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст, чӣ гуна метавон муайян кард?!

 Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»