Қонуни асосӣ. аҳамият ва зарурати такмили он

№43 (3523) 31.03.2016

Қонун – мазҳар ва нишонаи булуғи таърихии башар аст. Инсон дар асоси таҷрибаҳои тӯлонӣ  ба ин натиҷа расид, ки барои танзими равобит бо дигар инсонҳо ва эҷоди фазои амни зиндагӣ ва барои шукуфоӣ ниёз ба як қатор қоидаҳои мушаххас  дорад, ки мавриди пазириши аксарият бошад.

Қонун гарчанде як қатор маҳдудиятро муҳайё созад ҳам, дар навбати дигар ба зиндагии инсонҳо  субот, оромиш ва итминон меоварад. Ҳамсояи ман агар ба хотири қонун ба ҷону моли ман таҷовуз намекунад ва ман аз ин лиҳоз шаб хоби бооромиштаре дорам,  чун медонад, ки ман ҳам мутеи қонун ҳастам ва хоби ороми ӯ низ таъмин аст. Пас, масъалаи муҳимтар аз қонун, ки боиси эътибори қонун мешавад, итоат аз қонун ва фарҳанги эҳтиромгузорӣ ба қонун аст. Дар натиҷа, ҳар ҷо ки қонун қабул мешавад, мутасаддиёни  он, агар ки хоҳанд қудрате ба он бибахшанд, бояд қонунеро  ба тасвиб расонанд, ки амалишаванда бошад.

Дар дунё  давлатҳои амну пешрафта ҳастанд, ки  дар сояи фарҳанги қонунмадорӣ рушд карда истодаанд. Масалан, Британияи Кабир ва Исроил кишварҳоеанд, ки қонуни асосии шакли навишта надоранд, вале онҳо  таърихан чунон  қонунмадор рафтор мекунанд, ки гӯё қонуни асосии навиштаро дороанд. Яъне, метавон гуфт, миллати инглис ва яҳуд дар тӯли таърих ёд гирифтанд, ки ба маслиҳатандешӣ ва дурнигарӣ, дар баробари пайравӣ аз майл­ҳову ғаразҳои шахсӣ имтиёз бидиҳанд.

Дар ҳар сурат, бо вуҷуди тафовутҳои фарҳангӣ ва сохторӣ кишварҳои ҷудогонаи аврупоӣ ҳамчун гаҳвораи низоми имрӯзии ҳуқуқи байналмилалӣ шинохта шуда, дар мавриди  итоат аз қонун дар дунё намуна арзёбӣ мегарданд.

Имрӯз дар Шарқ аксар мушкилӣ аз он аст, ки ҳанӯз ба дарки аҳамият ва мақоми волоияти қонун нарасидаем. Ҳоло ҳам  садоқат дар анҷоми корҳо кам аст, чаро ки манфиати шахсӣ ва майли шахсиро аз хайри умумӣ болотар мениҳем, вале намедонем, ки дар ҷомеа агар хайри умумӣ  пойдор нагардад, нафъи хусусии афрод низ ҳар андоза, ки талош наварзанд,  таҳти таъсири манфӣ қарор хоҳад гирифт. Инсон танҳо дар фазои солиму босубот роҳаттар метавонад роҳҳои тараққиро тай кунад. Чунончӣ, агар шумо дар як ҷои дурдаст дар нуқтаи мубодилаи асъор кор мекунед, ҳеҷ рақибе ҳам надоред ва ин қудратро доред, ки баҳои мубодиларо мутобиқи хостаи худ таъин намоед ва беинсофона қимати мубодилаи арзро башиддат боло мебаред. Он модаре, ки дар қиболи арзи аз хориҷ фиристодаи шавҳараш пули кам ба сомонӣ дарёфт менамояд, ҷои дуто нон барои фарзандон, ба як нон қаноат мекунад. Бародари нонво ҳам аз он ҷо, ки тақозои нон кам шудааст, наметавонад нони зиёд таҳия кунад. Он нафар ҳам, ки ордро ба кишвар ворид менамояд, дигар наметавонад орди зиёд ворид кунад, аз ин рӯ, ба арзи камтар ниёз дорад ва намеравад суроғи мубодилачии асъор. Вақте  дар хазинаи мубодилачӣ асъори зиёд бимонад, табиатан қимати арз ҳам коҳиш меёбад ва мубодилачии арз зарар мекунад.

Ин як мисоли сода буд, ки аз назари коршиносӣ дорои камбудиҳои назарии зиёд аст, вале онро дар ин шакл арз кардем, то оммафаҳм бошад ва дар пайванд будани неруҳо ҷомеаро мушаххас намояд, то инсонҳо бо дилсӯзӣ ва шавқи бештар ба ҳамёрӣ бишитобанд ва нақши танзимкунандагӣ ва миёнаравии қонунро дарк созанд.

Умуман, агар дар кишвар қонун ба танзими робитаҳои иқтисодию иҷтимоии мо нашитобад ва одамон риояи қонунро ҳатмӣ надонанд, пешрафт ва тараққии чӣ фардӣ ва чӣ ҷамъӣ  қурбони беназмиву беқонунӣ хоҳад шуд.

Дар низоми қонунгузорӣ Конститутсия аз ҷойгоҳи баланд бархӯрдор аст ва шинохти аҳамият ва моҳияти он барои ҳар фарди огоҳ лозим аст. Конститутсия чорчӯби устуворест, ки зиндагии ҷомеаро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он устувор мегардонад ва қолабҳои маъқул ва мақбули мавҷудият ва пешрафтро расм менамояд.

Агар ҷомеаро ба унвони як сохтмони баланд ва хушқомат тасаввур кунем ва қонунҳоро пайвандгари бахшҳои мухталифи он, Конститутсия ҷойгоҳи пояҳои аслии онро хоҳад дошт, ки аз зери замин реша давонда, то ба болотарин нуқтаи иморат идома меёбад. Қонунҳои дигар агар дар ин чорчӯб ҷойгоҳ дошта бошанд, бояд ё ба унвони идомаи муҳтавои Қонуни асосӣ рушд кунанд ва ё дар ҷиҳати онҳо бошанд, чаро ки агар қонун танҳо як ҷанбаи зиндагии инсонҳоро ба танзим дарорад, Қонуни асосӣ сарнавишти кишвар ва мардумро таъин мекунад.

Бояд гуфт, ки Конститутсия самараи талошҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии як ҷомеа буда, дар навбати худ сохторҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро бунёд  намуда, ҷомеаи  муназзамтару ҳадафмандтар месозад.

Дар маҷмӯъ, Конститутсияи  ҳар кишвар ҳосили талоши таърихӣ ва балоғати маънавии он сарзамин аст, пояҳои маҳками давлатдориро месозад ва миллатро ба пешрафт ҳидоят менамояд.

Конститутсия маъмулан дастовардест, ки дар пайи муборизаву талоши чандсолаи миллатҳо ба даст омадааст. Инсонҳо дар як давраи таърихии бисёр муҳим сарҷамъ мешаванд, то дар қолаби Конститутсия волотарин хостаҳо, орзуҳо, андешаҳои худро баён намоянд ва ҳеҷ кас наметавонад ин ормонҳоро нодида бигирад. Бояд пазируфт, ки ҳатто дар беҳтарин қонун ҳам бо гузашти замон зарурати тағйир ва ислоҳ пеш меояд. Ҳеҷ чиз  дар ҷои худ собит ва бе камбудӣ нест, магар ки каломи Худо бошад. Ҳамин тавр, ҷомеа низ.

Ҷомеаи инсонӣ, ба вижа дар асри иттилоърасонии босуръат ва афзоиши шаҳринишинӣ дар раванди тағйиру таҳаввули бисёр амиқтар ва босуръаттар  қарор гирифтааст. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои аслии ниҳодҳои қонунгузории ҳар кишвар вокуниши бамаврид ва сари вақт нишон додан ба тағйирот аст.

Дастгоҳҳои қонунбунёдкунанда бояд ба тағйироти иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар  посухҳои муносиб дар шакли тасвиби қонунҳои ба дарди мардум муолиҷашавандаро эҷод намоянд. Имрӯз дар дунё ҷиноятҳо дар самти экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои кибернетикӣ ва амсоли инҳо дар ҳоли густариш аст ва ниҳодҳои қонунгузории кишварҳо талош меварзанд, то битавонанд барои таъмини ҳуқуқи афрод ва ҷилавгирӣ барои аз муҷозот дур намондани ҷинояткорон онҳоро тасниф намуда, дар қонунгузории ҷории кишварҳояшон ҷо бидиҳанд. Аз ин рӯ, моҳияти тағйиркунандагии шароит, одат, андеша ва ҳаводис дар ҷомеа, зарурати такмил дар қонунро низ пеш меорад.

Мутобиқи таҳлилу пажӯҳиши ҷомеашиносон ҳар як 20 сол дар ҷомеа, насли ҷадиде бо пешрафт, андешаву  орзуҳо  ва хулқу атвори навин по ба арсаи камолот мениҳад. Ҳамин аст, ки барои  асиру зиндонии моддаҳои Конститутсия нагардидани раванди табиии тараққиву таҳаввули ҷомеа лозим аст, ки ҳадди ақал ҳар 20 сол дар маҷлис ва дигар ниҳодҳои давлативу маданӣ андешапардозӣ дар ҷиҳати боз­нигарии Қонуни асосии кишвар сурат бигирад, зеро итминони комил бояд дошт, ки ин суннат метавонад нуфузу эътибори Қонуни асосиро баланд бардорад.

Масалан, дар Алҷазоир, Венесуэла, Гана, Яман, Таиланд ба устуворию бардавомӣ нигоҳ накарда, Қонуни асосии ин мамлакатҳо,  қариб ки ҳар 5-7 сол иваз мешаванд. Ҳол он ки охирин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон 13 сол муқаддам,  яъне соли 2003-юм сурат гирифта буд.

Барои маълумот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Италия аз соли 1947-ум 15 маротиба, ба Конститутсияи ИМА, ки куҳнатарин мебошад, 18 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Ба конститутсияҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — Гурҷистон 12 маротиба, Туркманистон — 5, Литва – 7, инчунин дар Конститутсияи Франсия дар як муддати кӯтоҳ (солҳои 2000, 2007) 2 маротиба, Покистон – 17, дар ҷумҳуриҳои Хорватия дар солҳои 1997-2001-ум 3 маротиба, Булғория солҳои 2003-2007-ум 4 маротиба тағйирот ворид карда шудаанд.

Дар ин давра зарур дониста шудааст, ки дар матни Конститутсия, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳо мукаммал ва дақиқ навишта шаванд, зеро аз дуруст навишта шудани онҳо, фаҳмиш, шарҳ ва татбиқи онҳо самарабахш мегардад. Инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амри ҳатмӣ дониста мешавад, зеро агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба чунин санадҳо мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, сарчашмаи асосии қонунгузорӣ, омили ризоият ва ҳамгироӣ тайи бисту се  соли амалаш тавонист дар Тоҷикистон ниҳодҳои демократияро бунёд гузорад. Ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва ягонагӣ  заминаи воқеӣ муҳайё созад.

 С. АБДУҶАББОРЗОДА, прокурори калони шуъбаи амнияти дохилии Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1