Ҳосилнокии замин аз самаранок истифода бурдани нурӣ вобаста мебошад

№115 (3909) 22.09.2018

Чанде пеш бо ташаббуси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Такмили хизматрасонии агрокимиёвӣ бо мақсади рушди кишоварзии устувор дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он олимон, мутахассисон, донишҷӯён, деҳқонон аз ноҳияҳои гуногуни мамлакат ва ҷумҳуриҳои Ӯзбекис­тон, Россия, Беларус, Қазоқистон ширкат варзиданд.

Музокирачиён пешниҳод намуданд, ки дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ тайи солҳои 2012 – 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» харитаи агротехнологии парвариши зироатҳо вобаста ба ҳолати ҳосилхезии замин, бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва пайомадҳои он, тартиб дода шавад. Инчунин, хокҳои ҳар як минтақаи агроиқлимии кишвар аз нуқтаи назари агрокимиёвӣ дар оянда таҳлил ва миқдори зарурии андохтани нуриҳои маъданӣ барои парвариши зироатҳои гуногуни дорои аҳамияти озуқаворӣ ва стратегӣ муайян карда шавад.

Инчунин, зикр гардид, ки нақшаи парвариш ва истеҳсоли зироатҳои асосии озуқаворӣ ва саноатӣ, аз қабили гандум, картошка, пахта, сабзавот ва хӯроки чорво, танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба нархи нуриҳои маъданӣ тарҳрезӣ карда шавад.

Барои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолати таназзул (эрозия)- и заминҳои кишоварзӣ дар натиҷаи шӯршавӣ ва баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, ба роҳ мондани фаъолияти сохтори доимоамалкунандаи давлатӣ дар ҳама зина зарур дониста шуд.

Барои иштирокчиёни конфронс, ки аз дигар муассисаҳои илмию истеҳсолӣ ташриф оварда буданд, шиносоӣ бо таҷрибаи инноватсионии парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои ноҳияи Спитамен писанд омад. Бояд қайд намуд, ки хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар асоси тавсияҳои олимон нуриҳои маъданиро самаранок истифода бурда, ҳар сол аз ҳосили зироатҳо даромади зиёд ба даст меоранд.

Дар натиҷаи истифодабарии самараноки нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, ба деҳқонони вилояти Суғд муяссар гаштааст, ки ҳосилхезии заминро таъмин намуда, маҳсулнокии зироатҳоро баланд бардоранд.

 Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, доктори илмҳои кишоварзӣ,

Маҳмадалӣ ГУЛОВ, номзади илмҳои биологӣ