Оё бо 8 мВт неруи барқ кор пеш меравад?

№109 (3589) 20.08.2016

Кӣ бояд МОИ «Данғара»-ро бо қувваи барқ таъмин кунад?

Рушди воқеии иқтисодро бе фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Биноан, барои бештар ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои хурду бузург кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) низ маҳз ба хотири ҷалби бештари сармоя, таъсиси корхонаҳои хурду миёна, ташкили ҷои корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ таъсис ёфтаанд. Бояд қайд намуд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти андозҳо, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ, озод карда мешавад.

Айни замон дар чор минтақаи озоди иқтисодии кишвар 66 субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла дар МОИ «Суғд» — 24 субъект, МОИ «Данғара» — 26, МОИ «Панҷ» — 14 ва МОИ «Ишкошим» — 2 субъект. Мутаассифона, на ҳама субъекти бақайдгирифташуда фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» соли 2011 дар масоҳати 521 гектар ташкил шуда, дар он 28 субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз миқдори умумии онҳо 5 корхона, аз ҷумла ҶДММ «Ю и Ф», ҶДММ «ТК-Ойл», ҶДММ «Тоҷи- Осиё», ҶДММ «Гринн-Голд» ва ҶДММ «Ауфен» фаъол мебошанд.

Се корхона, аз ҷумла ҶДММ «Нарзан-2016», ҶДММ «Детейен Бетон» ва ҶДММ «Сохтмон-11» ба насби технология ва дарёфти ашёи хом барои истеҳсолот машғуланд.

Ду корхонаи азим — Корхонаи конструксияи оҳану металлӣ ва ҶДММ «ТК-Ойл», ки самти фаъолияташ коркарди нефти хом мебошад, ба оғози фаъолият тайёр буда, дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ мекунанд.

Тавре муовини роҳбари МОИ «Данғара» Сафаралӣ Тайфуров иттилоъ дод, Корхонаи конструксияи оҳану металлӣ бо 15 миллион доллари ИМА аз ҷониби сармоягузорони чинӣ сохта шуда, аллакай баъзе фармоишҳоро гирифтааст. Корхонаи мазкур конструксияи металлии хонаҳои то 50 — ошёна, пулҳо, парникҳову ангарҳо ва ғайраро истеҳсол мекунад. Дар ҳолати пурра ба кор шурӯъ кардани корхона 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Бино ба гуфти номбурда, то ин вақт аксари чунин маҳсулот аз Россия ва дигар давлатҳо ворид мешуд.

ҶДММ «ТК-Ойл» корхонаи калонтарини коркарди нефт дар Осиёи Миёна буда, моҳи сентябри соли равон навбати аввали он бо харҷи 60 миллион доллари ИМА ба истифода дода мешавад. Сохтмони навбати дувум низ бо сармояи 500 миллион доллари ИМА оғоз шудааст. Дар сурати пурра ба фаъолият шурӯъ кардан корхона имкон дорад, ки як миллиону 300 ҳазор тонна нефти хомро коркард карда, аз он бензини навъи евро-3, евро-4, сӯзишвории дизелӣ, битуми сохтмонию роҳсозӣ, профей ва гази моеъ истеҳсол намояд. Ашёи хомро асосан аз кони нефти Шибирғони Афғонистон дастрас намуда, бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон низ барои воридоти нефт шартнома баста шудааст. Баъд аз пурра ба фаъолият шурӯъ кардани корхона   ҳар сол танҳо аз ҳисоби андози аксизӣ ба буҷети маҳаллӣ зиёда аз 25 миллион доллари ИМА ворид мегардад. Бино ба гуфти Сафаралӣ Тайфуров, корхонаи мазкур дар бозори маводи сӯхти ҷумҳурӣ рақобати солимро ба вуҷуд меорад. Дар назар аст, ки навбати дуюми корхона моҳи декабри соли 2017 ба истифода дода мешавад, ки дар натиҷа 800 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

- Ғайр аз ин, роҳбарияти корхона нақша доранд, ки дар ҷумҳурӣ 300 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ташкил намоянд, ки иловатан 3000 ҷойи кории дигар пайдо мешавад. Аз рӯи шартномаи байниҳукуматӣ бояд 90 фоизи кормандон шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд, — зикр кард ӯ.

Корхона дар масоҳати 80 гектар бунёд шуда истодааст. Бинои маъмурӣ ва хобгоҳ барои кормандон аллакай тайёр аст.

Сафаралӣ Тайфуров гуфт, ки субъектҳо дар шаш моҳ 1,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми сармоягузорӣ бошад, дар ин давра 787 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии сармоя зиёда аз як миллиард сомонӣ аст, ки нисбат ба дигар минтақахои озоди иқтисодӣ нишондиҳандаи баландтарин ба ҳисоб меравад.

Ҳоло 21 субъект бо сармоягузории хориҷиҳо ва 7 субъект бо сармоягузории дохилӣ фаъолият мекунанд.

Номбурда, инчунин гуфт, ки то ҳол баъзе идораҳои давлатӣ моҳияти минтақаҳои озоди иқтисодиро дарк накарда, уҳдадориҳояшонро иҷро намекунанд. Пас аз ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаҳои дар боло зикршуда норасоии барқ ба вуҷуд меояд. Айни замон имкони 8 мегават барқ гирифтан ҳасту халос, ки ин миқдор неруи барқ ҳатто барои фаъолият кардани як заводи калон кифоя нест. Ин дар ҳолест, ки масофа байни МОИ «Данғара» ва НБО -и «Сангтӯда-1» 13 километрро ташкил медиҳад.

Оид ба ин масъала раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки талаботи МОИ «Данғара бо неруи барқ дар ҳаҷми 180 мВт аст, аммо вазъияти молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» имкон намедиҳад, ки барои кашидани хатҳои интиқоли неруи барқ ва сохтмони зеристгоҳи 220 кВт маблағгузорӣ карда шавад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани ин камбудӣ талош намуда истодааст ва бо дарёфти сармоя он ҳатман сохта мешавад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»