Пурсед, посух медиҳем

Оё дастурамали Бонки миллӣ хилофи қонун аст?

№134 (3928) 08.11.2018

БонкСокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Малика Ғайратова ба идораи рӯзнома нома навишта, қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият асос оварда, Дастурамали Бонки миллиро дар масъалаи интиқоли асъор ва дигар амалиёти бонкӣ ба баҳс кашидааст. Номбурда, аз ҷумла, нигоштааст, ки банди 13-и Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон гирифтани асъори ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа интиқолшуда ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  хориҷа интиқол додани асъор аз ҷониби шахси воқеӣ (намояндаи вай) дар ҳолати ба бонки ваколатдор пешниҳод кардани шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, шаҳодатномаи гуреза, гувоҳномаи иқомат барои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи шахсии хизматчии ҳарбӣ), ариза ва ё супоришнома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дастурамали мазкур муқаррар кардааст, инчунин ваколатномаи намоянда ҳангоми аз ҷониби вай гирифтан ё анҷом додани интиқол сурат мегирад.

Аммо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» таҳти №1097 аз 26.07.2014 зери мафҳуми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, шаҳодатномаи гуреза, гувоҳномаи иқомат барои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи шахсии хизматчии ҳарбӣ, боз шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда, шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда), маъюбон, донишҷӯён низ муқаррар шудааст.

Номбурда пурсидааст, ки «Аз ин ҷиҳат оё Дастурамали БМТ №204 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» мухолиф нест? Агар ҳангоми интиқоли маблағ аз ҷониби шаҳрванд ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонун пешниҳод шавад, кормандони ташкилоти қарзӣ бояд ба иҷро расонанд ё Дастурамали БМТ №204-ро ба асос гирифта, аз гузарониданаш даст кашанд? Барои гузаронидани чунин амалиёт кормандони ташкилоти қарзӣ кадоме аз ин санади меъёрӣ-ҳуқуқиро ба асос гиранд?

Дар робита ба ин мавзӯъ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Тавре аз шуъбаи матбуоти он маълумот доданд, тартибу қоидаҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ анҷом додани амалиёти интиқоли маб­лағ бо асъори хориҷӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ тибқи Дастурамали №204 «Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ», ки бо дарназардошти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маб­лағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» таҳия гардидааст, танзим шудааст.

Дастурамали БМТ №204, қоидаҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ гирифтани асъори аз хориҷа интиқолшуда ва ба хориҷа интиқол додани асъорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Бинобар ин, дастурамали мазкур доираи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки барои анҷом додани амалиёти бонкии мазкур ба бонкҳои ваколатдори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонанд, бо дарназардошти таъиноти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, муқаррар намудааст. Масалан, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» №1097, аз 26.07.с.2014:

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои фаъолияти дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дигар вазифаҳои расмӣ ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои хизматии ба зиммааш вогузоршуда ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷӯянда ва вазъи ҳуқуқии онҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати муваққатии тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (моддаи 1).

Бинобар сабаби таъиноти махсус доштани ҳуҷҷатҳои ишорашудаи тасдиқкунандаи шахсият, дар муносибатҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намудани онҳо ба мақсад мувофиқ намебошад.

Тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо розигии волидайн ва ё дигар намояндагони қонунӣ ва таҳти масъулияти  чунин шахсон анҷом ёфтани амалҳои шахсони ноболиғ, инчунин бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шахсони ноболиғ дар интиқоли фаромарзии асъори хориҷӣ, мутобиқи Дастурамали БМТ №204 шаҳодатномаи таваллуд дар қатори ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти тарафи чунин амалиёт номбар нашудааст.

Тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» №1097, аз 26.07.с.2014, ба сифати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият инчунин шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда), маъюбон, донишҷӯён ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, номбар гардидаанд, ки ин ҳуҷҷатҳо низ таъиноти махсус дошта, шахсиятро дар муносибатҳои дахлдор ва ҷудогонаи соҳавӣ тасдиқ менамоянд. Ба сифати ҳуҷҷати умумии тасдиқкунандаи шахсият истифода намудани чунин ҳуҷҷатҳо дар муносибатҳои бонкӣ хавфҳои гуногунро ба миён оварда метавонад. Зеро ҳуҷҷатҳои номбаршуда сатҳи зарурии ҳимоявӣ надошта, дар махзанҳои умумӣ, ягона ва мутамаркази ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷамъоварӣ нашудаанд.

Ҳамин тариқ, банди 13 Дастурамали БМТ №204 ба сифати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, он ҳуҷҷатҳоеро пешбинӣ намудааст, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таъинот хислати умумӣ дошта, барои тасдиқи шахсияти тарафи амалиёти бонкӣ низ қобили қабул мебошанд ва барои пешгирии ҳама гуна хавфҳои бонкӣ ва дигар хавфҳо ҳангоми анҷом додани амалиёти интиқолӣ бо асъори хориҷӣ мусоидат намуда метавонанд.

Бо дарназардошти маълумоти овардашуда хулоса намудан мумкин аст, ки байни  Дастурамали БМТ №204 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» №1097, аз 26.07.с.2014 мухолифат ҷой надорад ва бонкҳо амалиёти интиқоли маблағҳо бо асъори хориҷӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ барои шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Дастурамали БМТ №204 анҷом медиҳанд.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»