Оё нобудшавии ҳайвоноти нодир иқлимро тағйир медиҳад?

№22 (4284) 18.02.2021

ССКАМуассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» зиёда аз 21 дарсади ҷумҳуриро дар бар мегирад. Дар он Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти ҷум», Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон», Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Зоркӯл», резервати биосферии «Ромит», Мудирияти Парки миллии Тоҷикистон дар ВМКБ ва ду филиали он дар ноҳияҳои Сангвор ва Лахш, Парки табиии «Сари хосор», Парки миллии табиии «Яғноб» ва Парки табиии таърихии «Ширкент» мавҷуд аст. Дар онҳо ганҷинаҳои беназири сайёраи замин нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, дар Яғноб нодиртарин бабри барфӣ ва бузи кӯҳии сибирӣ бо намуди қолабии асосӣ зиндагӣ мекунанд. Дар Парки табиии таърихии «Ширкент» нодиртарини бошишгоҳҳои одамони қадим, ҳамчунин изҳои динозаврҳои гӯштхӯру алафхӯр, ёдгориҳои пурасрори табиӣ дида мешавад. Нақши ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда дар тағйир додани муҳити зист ба самти мусбат хеле бузург аст. Аз ин рӯ, мо бо муовини сардори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Акрамов доир ба оқибатҳои таъсири инсон ба экосистемаи табиати ёбоӣ ва нақши олами ҳайвоноту наботот дар нигоҳ доштани тавозуни тағйирёбии иқлим, суҳбат оростем.

- Мегуфтед, ки ҳудуд­ҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) дар ғанӣ гардонидани экосистемаи табиӣ чӣ нақш доранд?

- Нақши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ғанӣ гардонидани экосистемаи табиии Тоҷикистон калидист. Масалан, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ҳар сол ҳавзаи дарёи Амударёву Вахшро бо 2,5-3 миллиард моҳӣ таъмин менамояд. Дар он ҷо 150-200 ҳазор парандаи экосис­темаҳои обӣ ва хушкӣ сукунат доранд ва ҳар сол то 10-12 ҳазори он ба экосистемаҳои табиати ёбоӣ-ҷангалзорҳо, марғзорҳо, дашту нимадаштҳо, биёбон ва нимбиёбонҳои кишвар кӯч баста, мутобиқат пайдо мекунанд. Дар «Бешаи палангон» нодиртарин парвонаҳои сайёраи замин ҳифзу нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳар сол қариб як миллиони он ба экосистемаҳои фонди захиравии ҷангал, заминҳои кишоварзӣ ворид мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мамнуъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Даштиҷум», «Зоркӯл», резервати биосферии «Ромит», Парки миллии Тоҷикис­тон дар ВМКБ, филиалҳои он дар ноҳияҳои Сангвор ва Лахш, Парки миллии табиии Тоҷикистон дар дараи Яғноб, Парки миллии Тоҷикистон дар Сари хосор, Парки табиӣ-таърихии «Ширкент» бахши асосӣ дар таъмини захираҳои гуногунии биологии кишвар мебошанд. 99 дарсади сайёҳон ба хотири шинос шудан аз табиати ёбоӣ ва захираҳои гуногуни биологӣ ба Тоҷикистон меоянд. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зиёда аз 80-85 дарсади захираҳои обии Тоҷикис­тон ташаккул меёбад. Масалан, пиряхи Федченко, кӯли Сарез, Зоркӯл, пиряхи Хирсон ва ҳазорҳо пиряхи дигар, ки тавлидкунандаи обанд, дар ин ҳудудҳо ҷойгиранд. Ҳамчунин, қуллаҳои осмонбӯсу барфпӯши Коржиневский, Москвина, Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаанд, ки захираҳои биологӣ, манбаъҳои обӣ ва системаи экологии иқлими кишварро ба низом медароранд. Мутаассифона, дар баъзе аз ҳолатҳо коршиносони соҳаи тиҷорат масъалаҳои вобаста ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро нодида мегиранд.

Аз соли 2016 то соли 2020 дар масъалаи зиёд кардани масоҳати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ташкил кардани чунин ҳудудҳо баъзе аз ташкилоту идораҳо монеа эҷод мекунанд. Ҳол он ки барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон на кам аз 50 метр заминҳои ҷангалпӯш рост омаданаш даркор аст. Ҳоло дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» зиёда аз 24 ҳазор гектар туғайзори нодиртарини сайёраи замин ҳифз карда мешавад, ки он барои нигоҳ доштани ҳолати табиии экологии Тоҷикистон ва кам кардани гази карбон, зиёд кардани гази оксиген, нигоҳ доштани захираи обӣ, нигоҳ доштани микроиқлим, нигоҳ доштани шароит барои мавҷудоти зинда фаъолияти биологӣ дорад. Ё дар Парки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор зиёда аз 80 ҳазор гектар ҷангалзори паҳнбарг вуҷуд дорад, ки ҳар сол кишварро бо гази оксиген таъмин намуда, дар кам кардани гази карбон, зиёд намудани захираҳои обӣ, нигоҳ доштани микроиқлим ва ҳосил кардани миллионҳо тонна моддаи фаъолкунандаи муҳити табиати ёбоӣ мусоидат мекунад. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар раванди танзими тағйирёбии иқлим нақши муҳим дорад, зеро заминҳои холӣ дар фаъол шудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд. Заминҳои аз олами набототу ҳайвонот озод ихроҷкунандаи гази карбон ва гармии зиёданд. Барои ҳамин, нақши олами ҳайвонот дар ташкил кардани ҷангалзор, бешазор, марғзор, найзор, туғайзорҳо бузург аст. Масалан, гавазни бухороӣ намегузорад, ки мувозинати табиии ҷангалзор ё марғзор вайрон шавад. Барои паҳн кардани тухми туғайҳо, санҷид, саксавул, баргборики бухороӣ ва дигар рустаниҳо шароит фароҳам меорад. Дар баробари зиёд шудани гавазн масоҳати туғайзорҳо низ зиёд мегардад. Ҷангалзор, ки зиёд шуд, иқлим ба самти мусбат тағйир меёбад.

Ҳар сол 99,9 дарсади миллиардҳо тонна гази карбонеро, ки аз воситаҳои нақлиёт ва корхонаҳои саноатӣ ихроҷ мегардад, ҷангалзорҳо паст мефароранд. Ҳамчунин, таъсири манфии дигар пайвастагиҳои ангезандаеро низ, ки дар таркибашон пайвастагиҳои сулфурдор, хлордор, фосфордор мавҷуд аст, ҷангалзорҳо кам мекунанд.

Бузи кӯҳии сибирӣ дар паҳн кардани рустаниҳои яксола, дусола ва бисёрсола нақши асосӣ дорад, зеро он ба воситаи ғизо гирифтан ва партофтани тухм ба кишти рустаниҳои ёбоӣ замина мегузорад. Дар ин муҳит шароит барои инкишофёбии дони партоф­ташуда муҳайё мегардад. Дар Африка агар филҳо дар ин самт нақши асосӣ дошта бошанд, дар Тоҷикистон ҳайвоноти нодир, аз ҷумла гӯсфанди бухороии уриал, гӯсфанди кӯҳии архар, бузи пармашох, ҳамеша дар зиёд кардани ҷангалзор, марғзор, туғайзор ва ландшафтҳо мусоидат мекунанд.

30 сол пеш масоҳати ҷангалзорҳои «Бешаи палангон», «Даштиҷум», резервати биосферии «Ромит», Парки табиӣ дар ноҳияҳои Сангвору Лахш зиёдтар ба назар мерасид. Зеро дар он вақт ҳайвонҳо ҳам зиёд буданд. Ҳоло, ки бо таъсири баъзе аз омилҳо камшавии ҳайвонот ба назар мерасад, масоҳати ҷангалзорҳо низ коҳиш ёфт. Солҳои 1980-1990 миқдори гавазнҳо дар экосистемаи Тоҷикистон аз 2000 сар зиёд буд. Айни ҳол ба 1000 сар рост меояд. Дар баробари кам шудани популятсияи ҳайвоноти нодир масоҳати ҷангалзорҳо ҳам кам шуда истодааст.

- Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда чанд намуди ҳайвоноти нодир зиндагӣ мекунанд?

- Экосистемаи табиати ёбоии Тоҷикистон нисбат ба экосистемаҳои табиати ёбоии кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқис­тон ва Туркманистон барои зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва нодир табиатан хос мебошад. Дар экосис­темаи табиати ёбоии Тоҷикис­тон иқлимҳои ҳархела мавҷуд аст, ки дар он ҳайвоноти гуногун зиндагӣ мекунанд. Масалан, бабри барфӣ дар экосистемаи кӯҳӣ, нимакӯҳӣ, барфпӯш ва яхпӯш зиндагӣ мекунад, ки барои сукунат кардан, ғизо гирифтан, ҳаёт гузаронидан, насл додан ва паҳн шудан табиатан шароит фароҳам аст. Гӯсфанди кӯҳии архар бошад, дар экосис­темаи нимаҳамворӣ, нимакӯҳӣ ва қисман кӯҳӣ ҷойгир шудааст. Он набототеро ҳамчун ғизо истифода мекунад, ки аз ҷинсҳои кӯҳӣ ғанимати зиёд дорад. Аз ин ҷост, ки он бисёр қобилияти хуби устуворӣ дар табиати ёбоӣ ва сардиҳои — 40-45 — градуса дорад. Зеро оҳан, руҳ, мис, кобалт ва дигар элементҳое, ки дар таркиби ғизои он мавҷуд аст, иммунитети ин ҳайвони ваҳширо баланд бардошта, устувории онро дар табиат таъмин менамояд.

Мувофиқи маълумоти соли 2020 дар Тоҷикистон захираи зиёди ҳайвоноти нодир мавҷуд аст, ки беш аз 36 ҳазор сари он дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зиндагӣ мекунанд. Зиёда аз 10230 сар гӯсфанди кӯҳии архар, 434 сар гавазни бухороӣ, 811 сар бузи пармашох, 450 сар гӯсфанди бухороии уриал, 60 сар ғизол, 220 сар тазарви тоҷикӣ, 10,5 ҳазор кабки дарӣ, мурғи ҳилол, 1500 қози ҳиндӣ, 164 сар бабри барфӣ (озодапаланг), 220 сар силовсини туркистонӣ, 770 сар хирси маллаи тёншонӣ, 8,5 ҳазор сар бузи кӯҳии сибирӣ, ҳамчунин қисми зиёди хазандагон дида мешавад. Чор сол пеш саршумори ғизол ба 180-200 сар мерасид, аммо баъди он ки фаъолияти хоҷагидории «Водии заррин» дар ҳамсарҳадии мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба роҳ монда шуд, саршумори он дар ин минтақа коҳиш ёфт. МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» дар самти истифодаи замини назди мамнуъгоҳ розигӣ надода буд, аммо аз ҷониби мақомот таклифҳои он нодида гирифта шуд. Ҳол он ки замини зиёди бекор дар қисмати «Эшакмайдон» ва «Қародум» зиёданд. Бо ин кор мавзеи ғизогирӣ ва сукунати ғизол маҳдуд карда шуд. Аз ин рӯ, он ба мавзеи ҷангалзор ворид гардид, ки дар он ҷо ҳайвоноти ваҳшӣ сукунат доранд ва ғизолро тез шикор мекунанд. Зеро ғизол асрҳо дар табиати нимадашту даштҳо сукунат дошт ва ҳангоми вазидани шамол душманашро дар масофаи 350-500 метр ҳис карда, кӯчиш менамуд. Дар дохили туғайзору найзорҳо на он қадар қобилияти ҳис кардани душманро дорад, аз ин рӯ ба ҳамин сатҳ кам шуд.

- Ба назар чунин мерасад, ки ҳоло ҳам қисми зиёди шаҳрвандон  аҳамияти ҷангалзорро хуб дарк накардаанд ё дар масъалаи муҳофизати он хунукназарона муносибат мекунанд. Нобуд кардани ҷангалзор ба раванди тағйирёбии иқлим чӣ таъсир мерасонад?

- Нобуд кардани ҷангалзор раванди тағйирёбии иқлимро ба самти манфӣ суръат мебахшад. Ҳамватанон огоҳанд, ки солҳои охир 3,5 — 4 миллиард сар малахи африкоӣ ва мексикоӣ ба экосистемаи Тоҷикистон ворид гардид. Хушбахтона, аз тарафи ташкилотҳои соҳаи муҳити зист ва кишоварзӣ то андозае пеши роҳи он гирифта мешавад. Аз ҷониби дигар, дар мо ҳашароти зиёд мавҷуд аст, ки ҳашароти зараррасонро кам мекунанд. Аммо агар кишвар ҷангалзори муҳофизатӣ медошт, 95 дарсади малах дар он нобуд мешуд. Барои ҳамин дар Тоҷикистон ҷангалзорҳои муҳофизатӣ-хатҳои муҳофизатии сарҳадӣ, ноҳиявӣ ва экосистемавӣ бояд ташкил кунем. Масалан, ҳар минтақаи Федератсияи Россия ҷангалпӯши муҳофизатӣ дорад.

Дарахт дар як сол ба ҳисоби миёна то 913 килограм оксиген ҳосил намуда, то 220-230 килограм гази карбонро фурӯ мебарад. Ҳукумати шӯравӣ нақша дошт, ки то соли 2005 масоҳати ҷангалзорҳои Тоҷикистонро то 23 дарсад расонад. Агар масоҳати ҷангалзорро то 30 дарсад расонем, норасоии об дар неругоҳҳо пурра аз байн меравад. Ҳоло ҳамагӣ се дарсад ҷангалзор дорем, ки 10 маротиба камтар аз меъёр аст. Ҳол он ки то солҳои 1947-ум масоҳати ҷангалзори Тоҷикистон то 33 дарсад буд. Масалан, 30 сол пеш чаридани чорво дар ноҳияи Варзоб ба мушоҳида намерасид, чунки ҷангалзор панаҳ мекард. Омадани сел, норасоии об, хушксолӣ нисбатан кам шуд. Баъди чор даҳсола ин ҳолат боис гардид, ки сардии ҳаво, сардии хушк зиёд гардида, бориши мавсимӣ кам шавад. Омадани сел зиёд, ҳосилнокӣ паст шуд. Риоя нашудани таносуб боиси тағйирёбии иқлим гардид.

- Сабаби коҳиш ёфтани масоҳати ҷангалзор ва ҳайвоноти нодир дар чист?

- Солҳои охир саршумори чорво зиёд шуда, ба ҷангалзор ва дашту нимадаштҳо бетаъсир намонд. Дар ин замина механизми идоракунии чарогоҳ маҳдуд шуд. Ҳоло чорводорон ба минтақаҳои наздики пиряхҳо рафта расиданд. Ҳол он ки дар он муҳит микроиқлим ташаккул ёфта, гармӣ ва гази карбонро мегирад ва таъсири он ба пиряхҳо намерасад. Хуб мешуд, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда наздикшавии чорво ва ташкили чарогоҳҳо дар минтақаҳои наздики ҳудудҳои ­табиии махсус муҳофизатшаванда, дар наздикии экосистемаҳои барфпӯш ва яхпӯш маҳдуд карда шавад.

Ҳоло арзиши иҷозатномаи шикори як бузи пармашох аз 300 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст. Агар мо аз ҳисоби зиёд кардани бузи пармашох иҷозати расмии шикорро зиёд намоем, самараи иқтисодии бештар меорад. Дар мамнуъгоҳи «Зоркӯл» чорвои зиёд мечарад. Лекин маблағе, ки аз ин ҳисоб ба буҷет ворид мешавад, баробари маблағи аз шикори як гӯсфанди архар ва ё бузи пармашох бадастомада нест.

tadzh- Дар сурати маҳдуд кардани чарогоҳ барои чорвои хоҷагии қишлоқ шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир афзоиш намеёбад?

- Агар мо чаронидани чорворо мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба роҳ монем, боке нест. Яке аз сабабҳои фаъолшавии таъсири тағйирёбии иқлим ҳамин аст, ки 25 — 30 рӯз барвақттар ин кор сурат мегирад. Мувофиқи қонунҳои экологӣ барои чаронидани чорво баландии алафҳои яксола бояд аз 10 — 12 сантиметр ва рустаниҳои бисёрсола аз 8 — 10 сантиметр паст набошад. Як чорво ҳаққи 10 чорвои дигареро, ки оянда тавлид мешавад, нобуд мекунад. Агар чаронидани чорво мувофиқи меъёрҳои экологӣ ҳангоми фаро расидани мавсим риоя карда шавад, ба манфиати кор аст. Масалан, дар Фаронса чорво на кам аз 40 литр шир ва бузу гӯсфанд дар он ҷо аз 45-50 килограм зиёд гӯшт медиҳад. Дар мо чунин нест. Агар саршумори чорворо кам карда, сифатро баланд бардорем, истифодаи чарогоҳро мавсимӣ ба роҳ монем, кишти алафҳоро дар заминҳои танназзулёфта ташкил кунем, чарогоҳҳо барқарор мешаванду ҳайвоноти нодир зарар намебинанд. Барои мисол агар, мо дар Бадахшон кишти терескенро то 250-300 ҳазор гектар зиёд кунем, боиси зиёд шудани саршумори гӯсфанди кӯҳии архар, бузи кӯҳии сибирӣ, бабри барфӣ ва дигар ҳайвоноти нодир мегардад. Агар қонунҳои табиатро риоя накунем, раванди тағйирёбии иқлим метавонад, экосистемаҳои устувори Тоҷикистонро, ки дар садсолаҳо ташаккул ёфтаанд, ба нестӣ расонад.

- Дар мамнуъгоҳҳо ва паркҳои табиӣ чаронидани чорво манъ аст?

- Қонун иҷозат додааст, ки ҳангоми фаро расидани мавсим бо меъёр дар минтақаҳои канории паркҳои табиӣ чаронидани чорво амалӣ карда шавад. Дар минтақаҳои ядроӣ ҳайвоноти нодир, захираҳои ташаккулёбии об ва рустаниҳои нодир мавҷуд аст, аз ин рӯ иҷозат дода намешавад. Дар мамнуъгоҳҳо ва резервати биосферӣ чаронидани чорво қатъиян манъ аст. Зеро дар он қариб 95 дарсади ҳайвонот ва растаниҳои нодире, ки дар Китоби сурхи Тоҷикис­тон ворид шудааст, ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад. Ҳоло гавазни бухороӣ ба ноҳияҳои Фархору Балҷувон кӯч кардааст, ки барои зиёд шудани захираҳои гуногуни биологӣ мусоидат менамояд. Гӯсфанди архар ҳатто дар экосистемаҳои ҳамсарҳади ноҳияи Лахш ба назар мерасад. Ин ба он маъност, ки мамнуъгоҳҳо ва резервати биосферӣ макони ғанигардонии захираҳои гуногунии биологӣ ба ҳисоб мераванд. Резервати биосферии «Ромит» тухми зиёди рус­таниро дар табиат паҳн мекунад. Аз ин рӯ, ҳавзаи дарёи Кофарниҳон табиати беназир дорад. Агар он ҷоро ба чарогоҳ табдил диҳем, олами наботот аз байн меравад. Олами наботот, ки аз байн рафт, олами ҳайвонот ҳам аз байн меравад. Бо нест шудани олами ҳайвонот системаҳои ташаккулёбии об дар ҳавзаҳо пурра нобуд мешавад. Наботот, ҳайвонот, захираҳои обӣ, энергетика, иқтисодиёт, иҷтимоиёт бениҳоят алоқамандии зич доранд. Бояд дар минтақаҳо бештар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил кунем.

- Дар табиат ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирсу гург, бабри барфӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки ҳар сари чанд вақт ба чорвои аҳолӣ зарар мерасонанд. Аз ин рӯ, баъзан нафароне пайдо мешаванд, ки кам кардани онҳоро пешниҳод мекунанд. Оё коҳиш ёфтани саршумори чунин ҳайвонот низ ба тағйирёбии иқлим боис мешавад?

- Масалан, хирси маллаи тёншонӣ дар паҳн кардани ҷангалзорҳо нақши асосӣ дорад. Он чормағз, олуча, хулул (хуч), каён ва дигар рустаниҳои ёбоиро хӯрда, дар дигар минтақаҳо паҳн мекунанд. Вақте ки хирс аз байн рафт, паҳншавии ҷангалзорҳо маҳдуд мегардад. Ин амал боиси зиёд шудани касалиҳои замбурӯғиву бактериявию вирусӣ мешавад.

Дар қисмати туғайзор, вақте ки кафтор ва ё силовсини туркистонӣ ё гурбаи қамишзор аз байн равад, дар натиҷа ҳайвонҳои алафхӯр зиёд шуда, барои паҳн шудани рустаниҳо монеа эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, ҳайвоноти ваҳшӣ барои нигоҳ доштани тавозун мусоидат мекунанд.

Агар бабри барфӣ кам шавад, касалиҳои замбурӯғиву бактериологиву вирусӣ ба ҳайвоноти нодир зиёд сироят меёбад. Бабри барфӣ ҳайвонҳои бемору пирро шикор мекунад ва муҳитро солим нигоҳ медорад. Агар он кам шавад, гӯсфанди кӯҳии архар зиёд мешавад. Дар натиҷа, терескен кам шуда, ғизогирии ҳайвоноти нодир рӯз то рӯз коҳиш ёфта, вазни табииашон низ кам мегардад. Вазни табиӣ ки коҳиш ёфт, қобилияти устуворӣ дар муҳити ёбоӣ рӯз то рӯз кам мегардад ва насли ноустувор пайдо мешавад. Масалан, барои як ҷуфт гург 17 километ­ри квад­ратӣ хос аст. Сабаби зиёд шудани гург он аст, ки заминҳое, ки барои зис­ти гург хос буд, аз ҷониби хоҷагиҳои чорводорӣ танг карда шуд.

- Тавассути ВАО рехтани хӯрок дар кӯҳу саҳро намоиш дода мешаваду масъулин ин амалро ба наҷоти ҳайвоноти ваҳшӣ аз сардӣ ва гуруснагӣ рабт медиҳанд…

- То ба ҳол талафи ҳайвоноти алафхӯр мушоҳида нашудааст. Дар вақти сардиҳо бо маҳсулоти ғизоӣ ­масъулини Кумита таъмин мекунад. Хуб мешуд, ки барои корҳои биотехникӣ маб­лағгузорӣ аз ҷониби Вазорати молия зиёд карда шавад, зеро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зиёда аз 36 ҳазор ҳайвони нодир зиндагӣ мекунад ва маблағи ҷудомешуда ҳамагӣ барои 3-5 рӯз мерасад.

- Оё аз ҳисоби пули иҷозатномаи шикор имкони зиёд кардани маблағгузорӣ нест?

- Маблағи аз ҳисоби иҷозатномаи шикор бадастомада ба буҷет меравад. Беҳтар мебуд, агар 30 дарсади он барои рушди ҳайвоноти нодир равона гардад. Хушбахтона, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала чораҷӯӣ шуда истодааст.

- Берун аз ҳудуд­ҳои табиии махсус муҳофизатшаванда низ ҳайвоноти нодир сукунат доранд, ки аз рӯйи тартиби умумӣ назорат ва ҳифз карда мешаванд. Оё шароити беҳтар ташкил кардан барои ҳайвоноти дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тавозунро вайрон намекунад?

- Тағйирёбии иқлим бо дасти инсон ба амал омадааст, барои ҳамин вақти он расидааст, ки инсон боз барои рафъи оқибатҳои он дахолат кунад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки парваришгоҳҳо ва дигар ҳудуд­ҳое, ки дар он ҳайвоноти нодир сукунат доранд, мувофиқи талаботи байналмилалӣ фаъолият намоянд. Инчунин, бояд парваришгоҳ, паркҳои табиӣ ва резерватҳои бисферии замонавӣ ташкил кард, ки хизматрасонии он аз нуқтаи назари экосистемавӣ ба роҳ монда шавад. Масалан, вақте ки гавазн зиёд шуд, иҷозатномаи шикори он барои гавазнҳои пире, ки вазифаи биологиашонро ба охир расонидаанд, дода шавад ва ё ба дигар минтақаҳо фурӯхта, маблағаш ба пешрафти фаъолият харҷ шавад.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»