Қонун ва иҷрои он

Оё шаффофият метавонад боис ба нороҳатӣ бошад?

№58 (3538) 05.05.2016

 Дар кишварҳои мутамаддини олам қонун ифодакунандаи иродаи мардум маҳсуб ёфта, вобаста ба тақозои замон тибқи муқаррароти қабулшуда такмил додани он маъмул аст. Бо дарназардошти ин мутахассисон низ ба хулоса омадаанд, ки «қонун ба ҳеҷ ваҷҳ догма буда наметавонад».

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, рисолати таҳия, пешниҳод, қабул ва ҷонибдории қонунҳоро ба зимма дошта, онро сарбаландона иҷро намуда истодааст. Дилхоҳ лоиҳаи қонуне, ки ба ин мақом пешниҳод мегардад, дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ва бо ­дарназардошти зарурат ва муҳимият таҳия гардида, аз талаботи ҷомеа маншаъ гирифтаанд. Барои самаранок ва тибқи талаботи байналмилалӣ амалӣ гардидани ин раванд шаш марҳила — таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи қонун дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, баррасӣ ва қабули қонун аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ ва ҷонибдорӣ кардани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои қонун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоят, нашри қонун дар матбуоти расмиро дар бар мегирад.

Табиист, ки дар қисмати зиёди қонунҳо омилҳои танзимкунанда, таъминкунандаи шаффофият ва пешгирикунандаи зуҳуроти номатлуб мақоми меҳварӣ дошта, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ нигаронида шудаанд. Мутаассифона, чунин тарзи кор ба як идда, ки худро коршиноси «мустақил» «тасаввур» мекунанд, хуш наомадаву боиси нигарониашон шудааст. Манзури ман нигаронии чунин нафарон аз  мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, мебошад. Ёдовар мешавем, ки тарҳи қонуни мазкур 31 марти соли гузашта дар Маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар ҳоле ки ҳадафи асосии мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур таъмини шаффофияти ин қабил созмону ташкилотҳо аст, баъзе «таҳлилгарон»- и «мустақил» онро «зарба ба ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва ҳарос аз «инқилобҳои ранга» шумурданд. Ин «бузургон» қабули қонуни зикршударо «мудохила ба ҳаёти дохилӣ ва ҳаёти сиёсии давлат»  унвон карда, «хулоса» кардаанд, ки «мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли бо сармояи хориҷӣ сар задани «инқилоби ранга» дар кишвар дар изтиробанд». Вонамудсозии «ноогоҳӣ»- и ин «нобиға» — ҳо аз фаъолияти аслии чунин ташкилоту созмонҳо, ки бо онҳо «равобит»-и наздик дошта, «намакхӯрда» — и дастархонашон маҳсуб меёбанд, то ҳаддест, ки чунин назар доранд: «То имрӯз ягон аломате набуд, ки сарм­ояи созмонҳои хориҷӣ барои омодагӣ ба инқилоб ё дигар аъмоли зиддидавлатӣ сарф шавад», «созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятиву ғайриҳукуматӣ асосан барои таъмини мардум бо ҷойи кор, фаъолтар шудани занҳо, ҳифзи баъзе расму оину маросим ва касбҳои қадимаи мардумӣ талош мекунанд», «созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандие мусоидат мекунанд, ки он ҷо ҳуқуқи шаҳрвандон новобаста аз мақому манзалаташон дар назди қонун баробар аст».

Ба назари инҷониб, андешаҳои болоро ба ҷуз «чашм­бандӣ дар рӯзи равшан» чизи дигаре наметавон унвон кард, зеро воқеаҳои охири ҷаҳон собит намуданд, ки андешаҳои мавриди назар ба фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ кам умумият дошта, онҳо аҳдоф ва самти хоси худро, ки барои на ҳама қишри ҷомеа ҳувайдо аст, доранд. Дар аксар маврид фаъолияти чунин ташкилоту созмонҳо «хам — хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон» — ро шабеҳ аст. Таҷрибаи талхи баъзе кишварҳо далели возеҳи он аст, ки муташанниҷ гардидани вазъ дар онҳо то андозае аз маблағгузориҳои муғризона ва фаъолияти «пурмаҳсул» — и чунин ташкилоту созмонҳо маншаъ гирифтааст. Бо дарназардошти ин омил кишварҳои зиёд, аз ҷумла Федератсияи Россия  дар асоси қабули қонуни дахлдор фаъолияташро маҳдуд намуд.

Соли гузашта узви Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Константин Косочёв пешниҳод кард, ки рӯйхати махсуси чунин ташкилотҳо тартиб дода, назорати раванди фаъолияташон ҷиддитар шавад. Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуд ва  он дар ҷаласае, ки ҳаштуми июли соли равон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти дастрасшуда,  нигаронии масъулин беасос нест. Барои мисол, агар соли 2014 ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии Федератсияи Россия аз хориҷи кишвар ба андозаи 45 миллиард рубли русӣ маблағгузорӣ шуда бошанд, пас дар нимсолаи аввали соли гузашта ин нишондиҳанда ба 70 миллиард рубли русӣ расидааст. Қисмати зиёди ин маблағгузориҳо ба ташкилотҳои «маъруф» ва «ошно» чун Хазинаи Сорос рост меояд.

Чунин таҷриба дар ҳамсоякишвари мо – Ҷумҳурии Қирғизистон низ чанде пештар амалӣ гардид. Муҳим он аст, ки дар ин кишварҳо ба ташкилоту созмонҳои мавриди назар дар асоси қонун тамғаи «агенти хориҷӣ» задаанд,  ки фаъолияташон зери он сурат хоҳад гирифт. Вақте масъаларо амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, аён мегардад, ки «нигаронӣ»-и баъзеҳо асосан аз он аст, ки  баробари мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур «дастрасии созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба грантҳои хориҷӣ маҳдуд мегардад». Биноан, онҳо ин омилро «хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ва маҳдуд кардани фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд. Бовар дорам, ки хонандагони ҳушманд ба хубӣ дарк намуданд, ки чунин «нигаронӣ»  мақоли халқии «дарди кампир ғӯза» — ро шабеҳ аст, на чизи дигар.

Дар асл, қонуни мазкур бо мақсади ошкоро ва оммавӣ будани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷорӣ намудани механизми шаффофи маблағгузории фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва назорати он таҳия гардидааст. Бино ба гуфти масъулин, то ин замон  дар ҷумҳурӣ низоми дақиқи баҳисобгирӣ ва назорати сарфаи маблағҳои бебозгашт, ки ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз хориҷ ва дохили кишвар пешниҳод мегарданд, мавҷуд набуд. Ин омил дар навбати худ хатарҳои муайянеро, аз қабили маблағгузории терроризм, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, мудохила ба масъалаҳои дохилӣ ва ҳаёти сиёсии давлат ва монанди инҳоро ба бор меовард. Ҷоиз ба зикр аст, ки муқаррар намудани чорчӯбаи ҳуқуқии ба танзим овардани тартиби маблағгузории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) дарҷ гардидааст. Тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда, пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ бевосита ва ё аз ҷониби онҳо ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақоми бақайдгиранда дар Феҳристи махсуси ёрии башардӯстона сабт мешаванд. Минбаъд  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муваззаф мегарданд, ки қабл аз татбиқи барномаҳои аз ҷониби субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда мақомоти бақайдгирандаро оид ба манбаи маблағгузории хориҷӣ огоҳ намоянд.

Тартиби пешбурди Феҳристи махсуси ёрии башардӯстонаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Масъалаи дигаре, ки бо қабули қонуни мазкур ҳалли худро меёбад, ин муайян намудани тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва тартиби санҷиши он хусусиятҳои ба худ хос дошта, аз санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор фарқ менамояд. Аз ин бармеояд, ки нигарониҳо аз қабули қонуни мазкур асоси воқеӣ надошта,  мавриди амал қарор гирифтани он муҳим аст.

М. Далер, «Садои мардум»