Арзу тӯли иқтисод

Оё юан мавқеи долларро танг карда метавонад?

№14 (3808) 01.02.2018

нефт1Саҳми Ҷумҳурии Халқии Хитой дар иқтисоди ҷаҳонӣ сол то сол меафзояд. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ба пули миллии Хитой — юан низ зиёд шуда истодааст. Соли 2016 Cандуқи байналмилалиии асъор юанро ба қатори асъори дорои ҳуқуқи барои ҳисоббаробаркунии махсус истифодашаванда (SDR) шомил намуд.

Ба ин «сабад» то ин дам доллари амрикоӣ, евро, фунтстерлинги Британия ва иени Япония дохил буданд. Яке аз аввалинҳо шуда, Бонки федералии Олмон «Бундесбанк» юанро ба захираҳои байналмилалии Ҷумҳурии Федералии Олмон дохил кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой барои ҷаҳонӣ шудани юан боз як иқдоми дигари ҷиддӣ роҳандозӣ карданист. Моҳи марти соли равон Биржаи байналмилалии энергетикии Шанхай бори аввал фурӯши нефтро ба воситаи юан ба роҳ хоҳад монд. Ин иқдом ба харидорони нефт дар Хитой имкон медиҳад, ки минбаъд нефтро бо асъори миллӣ, яъне юан (INE) харидорӣ намоянд. Дар навбати аввал нефти тамғаи шабеҳ ба Urals- и Россия бо юан фурӯхта мешавад.

Коршиносон ин иқдоми Хитойро табаддулот дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ меҳисобанд. Зеро Хитой бо иқтидоре, ки дорад, метавонад пеши роҳи яккатозии доллари амрикоиро гирад. Тибқи ҳисоби мутахассисон, то охири соли равон савдои нефт тавассути доллар 10 — 15 фоиз кам хоҳад шуд. Аксари коршиносон ба ин фикранд, ки муваффақияти Хитой аз тасмимгириҳои яке аз бозингарони калони бозори нефт- Арабистони Саудӣ вобастагӣ дорад. Агар ин кишвар иқдоми мазкурро дастгирӣ накунад, Хитой нефти саудиҳоро ба бозори хеш роҳ нахоҳад дод, ки ин талафоти молиявии калон барои Арабистон хоҳад буд. Агар Арабистони Саудӣ қисман ба юан гузарад ҳам, фоҷиа барои доллар хоҳад гашт.

Ҳоло Хитой аз Федератсияи Россия нефтро бо юан мехарад. Ин ду кишвар истихроҷ ва захираи тиллоро низ зиёд карда истодаанд. Захираи тилло дар Россия ба 1842, 6 тонна ва дар Хитой ба 1828,6 тонна мерасад. Ин рақам дар ИМА 8133,5 тоннаро ташкил медиҳад.

Суръати афзоиши иқтисодиёти Хитой нисбат ба ИМА ва Иттиҳоди Аврупо баландтар аст. Ин кишвари абарқудрат лоиҳаи «Роҳи абрешим»- ро зери шиори «Як камарбанд- як роҳ» амалӣ карда истодааст. Хитой дар муқоиса бо дигар кишварҳои абарқудрат ба баланд шудани иқтидори иқтисодии кишварҳои рӯ ба инкишоф мусоидат мекунад. Аз рӯи даромади миёна ба ҳар сари аҳолӣ сокинони музофоти наздисоҳилии Шандун, Сзянсу ва Чжетзяни Хитой бо даромади сокинони Бостон ва Филаделфияи ИМА баробаранд.

Хитой ҳамеша ба муқобили ҳама гуна квотаю монеагузорӣ дар тиҷорат садо баланд мекунад. Чанд соли охир Хитой асосан барои бунёди заводу фабрика ва роҳҳои замонавӣ маблағгузорӣ кард. Акнун ин кишвари абарқудрат дар баробари тараққӣ додани савдо мехоҳад дар лоиҳаҳои сармоягузории дигар кишварҳо низ фаъолона ширкат варзад. Лоиҳаҳое, ки имрӯз Хитой маблағгузорӣ мекунад, оянда манфиати зиёде хоҳанд овард.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар гузашта Ироқ ва Либия низ мақсад доштанд фурӯши нефтро бо пули миллӣ ба роҳ монанд, вале ИМА бо роҳандозии ҷанг миёни ин кишварҳоро шикаста, роҳбаронашонро нобуд кард. Оё Хитой дар ин тасмими худ, яъне ҷаҳонӣ кардани пули миллӣ, муваффақ мешуда бошад? Вақт довар аст.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»