Партави некӣ нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст…

№71 (4021) 20.06.2019

48055775438_85603761d8_o14-15-уми июни соли 2019 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо иштироки сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва ҳайатҳои расмии беш аз 27 кишвари аъзо дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Барои истиқболи сазовори меҳмонон Душанбе симои идона касб карда, кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо гулзорҳо, шиору овезаҳо ва рамзи ҳамоиш ороста шуд.

Мавриди зикр аст, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфта, ҳадафҳои асосии он баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё, саҳмгузорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ мебошад.

Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Ҳамоиши қаблӣ 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид ва роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

Бори аввал нест, ки Тоҷикистон мизбони ҳамоиш ва нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ мешавад ва раёсати кори ҷаласаҳои созмонҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳонро бар дӯш мегирад. Боиси хушнудист, ки чун ҳамеша ин бор ҳам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ҳамоиш, меҳмоннавозии хоса, пазироии гарм ва истиқболи самимии меҳмонон аз тарафи иштирокчиён баҳои баланд дода шуд.

Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш, ташрифи меҳмонҳои воломақом ва таассуроти неки онҳо бори дигар шаҳодат медиҳад, ки мавқеи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоса аст.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷараёни ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 650 намояндаи ВАО-и дохил ва хориҷи кишвар инъикос карданд.

Дар ҳоле ки аз раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши панҷуми МҲТБО, сатҳи баланди меҳмоннавозӣ, самимияту истиқболи гарм ва меҳмондории хосаи тоҷикон, аз ободиву осудагӣ, табиати мафтункор ва гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон дар рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион ва интернет мегӯянду менависанд, аъзои ТТЭ ҲНИ ҳанӯз кӯшиши бадномкунии миллату давлати тоҷиконро доранд. «Фабрикаи ҷавоб»-и ин ташкилоти террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои дурӯғпарокану бебандубораш мақолаҳои иғвобарангез, буҳтонномаҳои беасосу фармоиширо ба нашр мерасонад.

Матлабе, ки 13 июни соли 2019 аз оғози кори ҳамоиши панҷуми МҲТБО дар сомонаи ташкилоти террористии мавриди назар нашр шуд, тиҳимағзии наҳзат­ро нишон медиҳад.

Дар матлаб, ки ҳадафу маънӣ як тараф, ҳатто дар услуби нигориш даҳҳо ғалат мушоҳида мешавад, ҷониби наҳзат аз номи як террорист ва хоину худбохта — роҳбари ТТЭ ҲНИ ба сарони кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё «нома» навиштааст. Дар он хилофи мантиқу маънӣ мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ва сарнагун кардани омилҳои рушди терроризмро матраҳ карда, ба сарони кишварҳои аъзои МҲТБО «арз» кардааст, ки дар мубориза бо терроризм аз чораҳои шадидтар кор гиранд. (Сарони кишварҳои аъзои МҲТБО куҷову террорист куҷо? Хандаовар аст, вақте ки террорист барои ҷилавгирӣ аз терроризм ба созмони бонуфуз арз мекунад).

Як маслиҳатгаре дар ташкилоти террористии наҳзат пайдо намешавад, ки гӯяд: Эй ноқисулақлони бетамиз, эй ифротиёни модарбахато, эй бадзотони асолатбохта, дар маҷлисе, ки аз рӯсиёҳии шумо мегӯянду аз ҳастиву фаъолияти террористиятон интиқод мекунанд, магар ҷои лаб кушодану ҷои арзу нома навиштани шумост?!

Хуб дарк мекунам, ки дар миёни онҳо маслиҳатгар куҷо, ҳатто маслиҳатшунаве вуҷуд надорад. Вагарна, баъди ин қадар раҳнамоиву даъват ба роҳи дуруст ва маслиҳату машварате, ки миллати тоҷик нисбат ба ин нагунбахтони сияҳзамир кардааст, агар махлуқ мебуд, табиати одамӣ касб мекард. Вале афсӯс, ки ноаҳлони бетарбият кайҳо аз кӯчаи одамият ба олами вуҳуш гузар кардаанд.

Ба ифодаи дигар:

Партави некӣ нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст,

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.

Аслиддин Сафаров, коршиноси масоили сиёсӣ