Мулоҳиза ва пешниҳод

Партовҳои электрониро бояд ба куҷо партоем?

№92 (3729) 02.08.2017

shutterstock_151665791_1Тайи 20 соли охир техникаи маишӣ ва компютер ба таври чашмрас зиёд гардида, бештар дастраси мардум аст. Ин аз як тараф барои рушди иқтисодиёт мусоидат намуда, ба бисёр ҷабҳаҳои ҳаёти одамон беҳбудӣ бахшад, аз тарафи дигар боиси пайдоиши хатарҳои нави ифлосшавии муҳити зист мегардад. Суҳбати мо бо сардори шуъбаи назорати давлатии ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсадулло Мардонов дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт.

 - Бигӯед, ки кадом намуди партовҳо ба партовҳои электронӣ дохил мешаванд?

- Имрӯз барои ифодаи таҷҳизоти барқӣ ва электронии аз истифода баромада истилоҳи «партовҳои электронӣ»-ро ба кор мебаранд. Ба ин намуди партов компютер, телевизор телефони мобилӣ, таҷҳизоти нусхабардорӣ, факс ва ашёе, ки бо қувваи барқ, батареяҳо ва дигар сарчашмаҳои неругиранда кор мекунанд, дохил мешаванд. Партовҳои электронӣ имрӯз нисбат ба дигар партовҳо ҳиссаи зиёдтарро ташкил дода, теъдодашон торафт бештар мегардад. Тадқиқоти дар Аврупо гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки суръати ҳосил шудани партовҳои электронӣ нисбат ба партовҳои маишӣ се маротиба баландтар аст. Дар давоми як сол дар ҷаҳон тақрибан 50 миллион тонна партовҳои электронӣ ҷамъ мешаванд, ки ҳиссаи бузургтарини онҳо ба Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Хитой рост меояд. Дар ШМА ҳафтае то 10 000 адад таҷҳизоти электронӣ ба партов табдил меёбад. Нисфи партовҳои электрониро яхдон, мошини ҷомашӯӣ ва қаҳватайёркунӣ, кондисионерҳо ташкил медиҳанд. Ба қисми дуюми партовҳои электронӣ мониторҳо, камераҳои назоратӣ, компютер, телефон, магнитофон, ДVД ва видеокамераҳо дохил мешаванд. Дар назар аст, ки баъди 5 сол ҳаҷми партовҳои электронӣ то 30 фоиз меафзояд.

- Партовҳои электронӣ ба саломатӣ чӣ таъсир доранд?

- Бо тақозои давру замон афзоиши мағозаву нуқтаҳои фурӯши техникаву технологияҳои электронӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дар мамлакат оилаеро пайдо кардан мушкил аст, ки аз технологияҳои компютерӣ ва коммуникатсионӣ истифода набарад. Ҳатто баъзеҳо 3-4 телефони мобилӣ доранд.

Як батарейкаи телефони мобилӣ, ки аз истифода баромадааст, ҳангоми ба муҳит афтиданаш 400 литр об ва 20 метри квадратӣ заминро заҳролуд менамояд. Батарейкаҳои аз истифода баромада ба гурӯҳи партовҳои хатарнокиаш 1 ва 11 шомил буда, ҳангоми нигоҳдорӣ аз он ба ҳаво симоб бухор мешавад. Бухори симоб ба воситаи нафас ба организм ворид шуда, боиси пайдоиши саратони майнаи сар, заҳролудшавии хун, каҷшавии устухонҳо ва сафедшавии пӯст мегардад.

- Дар мамлакат масъалаи муомилот бо партовҳои электронӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Дар бисёр кишварҳо ташкилотҳои экологӣ ва волонтёрон дар қатори муассисаҳои давлатӣ дар ҷамъоварии партовҳои электронӣ ҳисса мегузоранд. Хушбахтона, дар ҷумҳурии мо низ чунин ташаббускорон ҳастанд. Чунончӣ, соҳибкор Аҳрор Раҳимов бо мақсади ташкил кардани нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳои электронӣ дар шаҳри Душанбе ба мо муроҷиат намуд. Ин иқдоми соҳибкор бо хушнудӣ пазируфта шуд. Номбурда баъди гирифтани тавсияи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумита ва дар мувофиқа бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо мақсади безараргардонии муҳити зист ва коркарди дубораи партовҳо дар хориҷи кишвар ба насби қуттиҳои махсуси оҳанин шурӯъ намуд. Айни ҳол чунин қуттиҳо дар якчанд нуқтаҳои калони савдо ва минтақаҳои серодам гузошта шудааст. Дар қуттиҳо навиштаҷот бо ду забон мавҷуд аст.

Аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки дар сурати аз истифода баромадани ашёи электронӣ онҳоро ба партови умумӣ напартофта, бо соҳибкор Аҳрор Раҳимов тавассути телефони 906-44-77-70 дар тамос шаванд.

Кумита нақша дорад, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари ифлосшавии муҳити зист таҷрибаи ҷамъоварии партовҳои электрониро дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ба роҳ монад.

Мусоҳиб С.СУННАТӢ,

«Садои мардум»