Проблема ва мулоҳиза

Партовро напартоем, зеро дубора аз он истеҳсоли маҳсулот имкон дорад

№97 (3734) 15.08.2017

коллажИнсон дар кору зиндагӣ ҳамеша аз худ ба андозаи гуногун партов боқӣ мегузорад. Агар аз одамони давраи ибтидоӣ бештар партови биологӣ боқӣ монда бошад, партови маишии сокинони асри XXI хатарноку деррафъшаванда аст.

Масалан, барои пурра нестшавии уребча (подгузник)-ҳо аз 200 то 500 сол, зарфҳои пластикӣ зиёда аз 200 сол ва шиша қариб 1000 сол лозим меояд. Аз ин рӯ, сол то сол зиёдшавии ҳаҷми партов кори муассисаҳои манзилӣ – коммуналии шаҳрҳоро мушкил гардонда истодааст. Олимон ҳисоб кардаанд, ки дар кураи замин ҳар сол ҳаҷми партовҳои ҷамъшуда ба кӯҳи Албурз (Элбрус) баробар мешавад. Баландии ин кӯҳ 5642 метрро ташкил медиҳад. Агар пеши ин раванди номатлуб гирифта нашавад, оянда ҷамъшавии партовҳо боиси фоҷиаҳои вазнин хоҳад гашт. Сӯзондану гӯрондани партовҳо дигар роҳи ҳалли масъала нест. Зеро сӯзондани партовҳо боиси ихроҷи 250 намуд гази заҳрнок, аз ҷумла диоксин мегардад, ки ба саломатии одамон ва дигар мавҷудоти зинда хатар дорад.

Аз ин ҷост, ки дар кишварҳои пешрафта бо мақсади кам ва пешгирӣ кардани зарари партов як қатор тадбирҳоро амалӣ кардаанд. Ба гуфтаи сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор Субҳон Сатторов, пеш аз ҳама, нигоҳи аҳолиро дар муносибат бо партов дигар бояд кард. Яъне, ҳар шаҳрванд бояд дар ин ақида бошад, ки партовро напартофта, дубора коркард ва истифода намудан лозим аст. Он гоҳ ҷӯю дарё ва маҳаллаҳо тоза хоҳанд шуд.

Дарвоқеъ, соҳаи коркарди партов дар бисёр кишварҳо ба ҳазорон нафар ҷойи кор медиҳад. Чунончӣ, дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон зиёда аз 250 000 нафар дар соҳаи коркарди партов ба фаъолият машғуланд.

Соли 1989 ҳукуматдорони иёлати Калифорнияи ИМА қонун қабул карданд, ки мувофиқи он бояд аз соли 1990-ум 25% ва соли 1995-ум 30% партовҳо коркард шаванд. Ширкатҳое, ки партовро ба навъҳо ҷудо намекарданд, ҳар рӯз ба миқдори 10 000 доллар ҷарима мешуданд.

Ба ин хотир, аз ҷониби ҳукуматдорон ва ташкилоти ҷамъиятӣ маъракаи фаъоли фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт. Ҳоло 80 дарсади партов дар иёлати Калифорния коркард мешавад. То соли 2020 сад дар сад коркард хоҳанд шуд. Ба навъҳо ҷудокунии партов дар иёлати мазкур кайҳо ба ҳукми одат даромадааст ва 40 сол боз партовро намесӯзонанд. Зеро ҳангоми сӯзондани 1 тонна партов 5000 метри кубӣ газҳои зарарнок ихроҷ мегарданд, ки таъсири манфии онҳо метавонад то ба 30 километр паҳн шавад.

Яке аз кишварҳои пешрафтаи саноатӣ Япония мебошад, ки соле 1 миллиард тонна ашёи хомро коркард менамояд. Аз се — ду ҳиссаи ашё аз дигар кишварҳо ба Япония ворид мешавад, ки боиси сол то сол замшавии партов мегардад. Бинобар ин, дар Япония чанд сол боз аз рӯи шиори «Ҷамъияти бе партов» кор мекунанд. Дар ин ҷо зарфҳои ­пластикӣ ва шишагинро алоҳида ҷамъоварӣ намуда, аз онҳо маҳсулоти нав тайёр менамоянд. Япония аз ҷиҳати чопи нашрияҳо ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирад. Аз ин ҷост, ки ҷамъоварии коғазпора дар кишвар ба дараҷаи олӣ ба роҳ монда шудааст. Танҳо аз ҳисоби ҷамъоварии чиптаи қатораҳо соле 1000 тонна коғазпора ҷамъ мешавад. Зеро япониҳо коғазпораро ҳар ҷо напартофта, мисли немисҳо ба қуттиҳои махсус мегузоранд. Ҷамъоварии як тонна коғазпора 4 метри мукааб ­чӯбро аз нобудшавӣ эмин медорад. Яъне, ҳар қадар ҷамъоварии коғазпора хуб ба роҳ монда шавад, ҳамон андоза дарахтони ҷангалҳо аз буридан эмин мемонанд. Аз рӯи маълумоти Ассотсиатсияи саноати ҷангали Шветсия соли 2000-ум дар ин кишвар 1,9 миллион тонна коғазпора ҷамъоварӣ шудааст.

Ҷамъоварии фулузоти ранга аз сердаромадтарин бахшҳои коркарди дубораи партов аст. Аз рӯи ҳисоби академики Академияи илмҳои тиббии Россия Юрий Новиков хароҷоти ҷамъоварии металҳои ранга ва ба роҳ мондани истеҳсоли дубораи онҳо 25 маротиба нисбат ба истеҳсоли метал аз маъдан арзонтар меафтад. Бинобар ин, дар кишварҳои пешрафта ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи металҳои ранга, аз ҷумла бонкачаҳои алюминӣ (зарфҳои нӯшобаҳо) ба роҳ монда шудааст.

Яке аз партовҳои аз ҳама дер вайроншаванда ва ба саломатии одам таҳдидкунанда шишапора мебошад. Ин ашё садсолаҳо хосияти буррандагиашро нигоҳ медорад. Дар бисёр мамолики мутараққӣ аз шишапора маҳсулоти нав, аз ҷумла кафелҳои шишагин истеҳсол мекунанд. Масалан, аз чор дона зарфи шишагини андозааш миёна як метри мукааб кафели шишагин метавон истеҳсол кард. Даромад аз истеҳсоли он 300% аст. Олмон ҳар сол аз хориҷа 20 000 тонна шишапора мехарад. Дар партовгоҳу кӯча ва соҳили ҷӯю дарёчаҳои кишвар садҳо тонна шишапора бекор хобидааст.

Ҳар яки мо шоҳиди сол то сол зиёдшавии намудҳои автомобил ҳастем. Онҳо дар баробари одамонро зуд ба манзил расондану бори зиёдро кашонидан бо газҳои заҳрнок ҳаворо ифлос мекунанд. Покришка (рӯйкаш)-и чархҳои аз истифодабаромадаи автомобил бошад, яке аз партовҳои дер вайроншаванда аст. Он метавонад зиёда аз 120 сол вайрон нашуда, ба об, хок ва ҳаво таъсири манфӣ расонад. Ҳамчунин, хатари ба миён омадани сӯхторро дошта, зуд аланга мегирад. Зимни сӯхтани резин газҳои заҳрноки сулфур, оксиди карбон ва ғайра ба фазо паҳн мешавад.Соле дар ҷаҳон зиёда аз 10 миллион тонна рӯйкаши чархҳои автомобил истеҳсол мешавад. Дар таркиби он 60% резина, 11-18% метал ва 11-29% нах мавҷуд аст. Аз рӯйкаши чархҳои дар корхонаҳои махсус майдакардашуда барои майдончаҳои варзишӣ, деворчаҳои роҳҳои автомобилгард ва плиткаҳои гузаргоҳҳои роҳи оҳан масолеҳ мегиранд. Дар даврони шӯравӣ аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба Иттиҳодияи истеҳсолии «Гидростройматериали»-и шаҳри Ҳисор тавассути қатора чархҳои андозаи гуногун оварда, реза карда, аз онҳо рубероид (тол) ва бомпӯш истеҳсол мекарданд. Мутаассифона, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ягона дар ҷумҳурӣ корхонаи коркарди партов аз фаъолият монду хӯҷаинҳои нави он таҷҳизоту дастгоҳҳои қиматбаҳоро ҳамчун оҳанпора арзон фурӯхтанд…

Устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади илмҳои химия Азимҷон Хушматов мегӯяд, ки аз 700 адад зарфи алюминийи нӯшоба метавон як велосипед истеҳсол кард. Аз 1 кило рӯзномаи куҳна 10 тӯп (рулон) коғази ташноб истеҳсол кардан мумкин аст. Аз 1200 зарфи пластикӣ бошад, барои як хонаи миёна фарши пластикӣ истеҳсол намудан мумкин аст. Як тонна коғазпораи ҷамъовардашуда 10 дарахти калонро аз буридан эмин нигоҳ медорад.

Барои ба навъҳо ҷудо кардани партов баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ хеле муҳим аст. Масалан, дар Шветсия, ки 93 дарсади партовҳояш дубора коркард мешаванд, аз хурдсолӣ ба кӯдакон ба навъҳо ҷудо кардани партовро ёд медиҳанд. Кӯдакон аввал навиштаҷоти коғазини зарфи шишагинро ҷудо карда, онро ба партовқуттии қоғазпора ва шишаро ба партовқуттии шишапора ҳаво медиҳанд. Сарпӯши онро ба қуттии фулузоти ранга мепартоянд. Барои халтаи селофанӣ ҳам қуттии махсус аст. Дар назди ҳар партовгоҳ ҷойи дастшӯйӣ мавҷуд мебошад. Химикатҳо, ранг, лок, батарейка, фурӯзонакҳои симобдор ва баллончаҳои аэрозолӣ бошанд, дар экостансияҳо қабул карда мешаванд. Дар шаҳри Стокголм 45 дарсади барқ ва гармӣ аз ҳисоби муассисаҳои махсуси партовсӯзонӣ аст. Биогазро, ки аз партовҳои биологӣ тавлид мешавад, шведҳо дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ истифода мекунанд.

Мувофиқи маълумоти Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия дар ин кишвар барои партов 4 миллион гектар замин ҷудо гардидааст. Ин баробари масоҳати Швейтсария ва даҳ баробари ҳудуди Люксембург мебошад. Яке аз минтақаҳое, ки дар он ҷамъоварии алоҳидаи партовҳо ба роҳ монда шудааст, Тотористон мебошад. Дар ин ҷумҳурӣ 22 корхона ба ҷамъоварию коркарди коғазпора, 27 корхона барои ҷамъоварии полимерҳо, нуҳ адад барои ҷамъовари матоъҳои пахтагину шишапора, 14 корхона барои ҷамъоварии аккумуляторҳои истифодашуда ва 84 муассиса барои ҷамъоварии металҳои сиёҳу ранга машғуланд. Муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналии кишвар низ метавонанд, аз таҷрибаи ширкатҳои коркарди партови Тотористон истифода баранд.

Тавре дар мисоли Олмон зикр кардем, ҷамъоварию коркарди партов манбаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Аз рӯи маълумоти маҷаллаи «The Economist» дар иёлати Калифорнияи ИМА 5300 корхонаи ҷамъоварию коркарди партов фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 85000 нафар машғули коранд.

Даромади солонаи корхонаҳои коркарди партов дар Олмон ба 100 миллиард евро (!) мерасад. Таҷрибаи онҳоро дар дигар кишварҳои аврупоӣ низ амалӣ карда истодаанд.

Дар кишвари мо баҳри ба роҳ мондани муомилаи оқилона бо партовҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» қабул шудааст. Ба гуфтаи муовини якуми директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Равшан Тӯйчизода тайи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии кашонидани партовҳо дар мамлакат 246,4 ҳазор метри мукаабро ташкил додааст.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, қисми зиёди партовҳои маишии мамлакат асосан дар партовгоҳҳо гӯронда мешаванд. Чунки дар ҷумҳурӣ кам корхонаи хурд мавҷуд аст, ки аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо коғазпора харида, истеҳсоли коғази ташнобро ба роҳ мондаанд. Дар дигар самтҳо истифодаю коркарди партов ба назар намерасад. Ҳол он ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта истеҳсоли маҳсулоти гуногунро аз партов ба роҳ мондан мумкин аст.

Масалан, намояндаи ширкати олмонии «Алфакат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Бурҳонов тасмим гирифт, ки таҷҳизоти «КСД-500»-ро ворид намояд. Он дар як соат аз зарф­ҳои пластикию резинӣ 500 литр солярка истеҳсол мекунад. Вале афсӯс, ки барои харид маблағ ёфт нашуд. Агар чунин таҷҳизот дар шаҳрҳои калони мамлакат насб мегардид, роҳу ҷӯйҳо аз зарфҳои пластикӣ тоза мемонданд. Бояд ташаббуси корхона ва соҳибкорони алоҳида дар бобати ҷамъоварию коркарди партовҳо дастгирӣ гардида, ба онҳо имтиёзҳо муайян карда шавад. Зеро ба роҳ мондани коркарди партовҳо на танҳо муҳити зисти моро солим нигоҳ медорад, балки ҳазорон нафарро бо ҷойи кор таъмин намуда, боиси истеҳсоли маҳсулоти арзону дастрас мегардад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»