Парвариши ангорӣ кай ба роҳ монда шуд?

№ 28.04.2016

angora-goat2Соли 1849 Султони Туркия Абдул Маҷид I барои маслиҳатҳои пурқимат ва манфиатовар дар парвариш ва зиёд кардани ҳосилнокии пахта ба олими америкоӣ Ҷеймс Дэвис ҳафт бузи хушзоти ангориро туҳфа кард. Оҳиста -оҳиста шумораи онҳо дар Америка афзудан гирифт. Бо сар задани ҷанги гражданӣ дар Америка рамаҳои сершумори бузҳои ангорӣ ба нестӣ расид.

Бузҳои ангорӣ дар ибтидо дар Туркия- шаҳри Анқара (он солҳо Ангора ном дошт) пайдо шуданд.

Ҳанӯз дар ибтидои асри XVI ин зоти нодири бузҳои маҳинпашм дар Туркия парвариш меёфт ва бо серпашмӣ ва нахи маҳинаш – мохер дар ҷаҳон маълуму машҳур буд. Пашми баъзе аз зотҳои ин бузҳо мисли нахи абрешим борик, нарм ва ҷилодор мебошад. Маҳз барои пашми қиматбаҳояш онҳоро парвариш мекунанд. Наху риштаи аз пашми бузҳои ангорӣ омодашуда дар бозори ҷаҳонӣ, бо номи махер талабгорони зиёд дорад.

Бори нахуст, соли 1554 (асри XVI), сайёҳ Оже Гилден д’ Бюбек, ки чанд муддат дар Константинопол қарор дошт ва аз он ҷо ба шаҳри Рим сафар кард, ба императори Империяи муқаддаси Рим Карли V бузҳои ангориро туҳфа намуд. Лекин саршумори бузҳо дар Рими қадим паҳн ва зиёд нашуд.

Бо гузашти солҳо, аниқтараш соли 1838, бузҳои ангориро аз ватанашон – шаҳри Анқара ба Африқои Ҷанубӣ бурданд. Тӯли солҳо зоти гуногуни он дар миқёси ҷаҳон паҳн шуда, саршуморашон торафт меафзуд. Дар баробари ин, талабгорони пашми маҳинаш низ зиёд гардиданд.

Баъд аз ба охир расидани ҷанги гражданӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка парвариши бузҳои ангорӣ аз нав ба роҳ монда шуд. Айни замон парвариши бузҳои ангорӣ яке аз бахшҳои асосӣ ва аҳамиятноки соҳаи чорводории ИМА ба шумор меравад. Беш аз ҳама парвариши ин намуди бузҳо дар штати Техас ба роҳ монда шудааст, зеро обу ҳаво, табиат ва захираи хӯрока дорад. Штати Техас пешқадамтарин истеҳсолкунандаи махер- нахи ангорӣ дар ИМА ба шумор меравад ва аз ҷиҳати истеҳсоли пашм дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад.

Алҳол дар ҷаҳон истеҳсолкунандагони нахи ангорӣ Туркия ва Америкаи Ҷанубӣ мебошанд.

Солҳои зиёд фақат бузҳои ангории сафед парвариш меёфтанд. Бо гузашти айём олимони соҳаи байторӣ зотҳои пашмашон сиёҳ, бурранг, нуқрагун, сурх, хокистарранг ва ҷигариро ба миён оварданд.

Пашми бузҳои ангорӣ дар истеҳсолот, махсусан дар саноати бофандагӣ, васеъ ба кор бурда мешавад. Аз нах ва риштаи он моли хом, матоъ барои костюм ва жемперҳо, болопӯш (одеяло), рӯймолҳо, нимтана (жакетҳо), ҷуробу гарданбанд ва кулоҳи занона, маҳсулоти трикотажӣ, инчунин бархат, пӯсти сунъӣ ва қолинҳо тайёр мекунанд.

Вазни зиндаи наринаи он 45- 50 кг ва модабузҳо то ба 30- 35 кг мерасад. Пашми ин бузҳоро соле ду бор метарошанд. Наринааш аз 4 то 7 кг ва модабузҳо аз 2 то 4 кг пашм медиҳанд. Равғаннокии шири бузҳои ангорӣ 4,4 фоизро ташкил медиҳад. Гӯшти он хеле бомазза ва хуштаъм буда, чун хӯроки парҳезӣ пешниҳод мешавад.

Аз пӯсти он чарми навъи аъло омода мекунанд, ки дар бозори ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад.

Ғафсии пашми бузи ангорӣ аз 37 то 44 мк (х 10 — 6м) ва дарозии он то ба 25-35 см расида, ҳангоми коркард рангро ба худ зуд қабул мекунад.

Бузҳои ангорӣ дар минтақаҳои гарм парвариш меёбанд, вале ин маънои онро надорад, ки ба сармо ва хунукӣ тобовар нестанд. Баръакс, хунукиҳои сахти зимистонро дар ҳавои кушод ё зери хирмани болопӯшида паси сар мекунанд, аммо ин хунукиҳо ба сифати пашмашон таъсири манфӣ мерасонад.

Хӯрокашон асосан алаф, коҳбеда, шоху навда ва барги дарахтон, буттаҳо, хорбутта, решаи алаф ва ғайра мебошад.

Агар хӯроки бузҳои ангорӣ аз коҳбеда иборат бошад, пашмаш тунук ва равғаннокиаш хеле кам мешавад. Хӯроки дӯстдоштааш гандуми кӯфташуда аст, лекин аз истеъмоли он пашмаш ғафсу дағал мешавад.

Бузи ангорӣ табиатан ором аст ва бо гов, асп, гӯсфанд ва дигар ҳайвоноти хонагӣ зуд унс гирифта, дар чарогоҳ аҳлона мечаранд.

Имрӯзҳо дар ҳудуди собиқ Иттифоқи Советӣ — дар ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ин навъи бузҳо парвариш меёбанд.

Дар ҷумҳурии мо парвариши бузҳои ангорӣ асосан дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба роҳ монда шудааст.

Тибқи иттилои сардори Хадамоти назорати зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Фазлиддин Икромов, ҳанӯз дар замони ҳокимияти советӣ парвариши бузҳои ангорӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар навоҳии вилояти Суғд ва ноҳияи Данғара, ба роҳ монда шуда буд. Гурӯҳи олимони филиали Институти чорводории Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз соли 1981 ба хушзоткунии бузҳо машғул шудаанд. Бо роҳбарии номзади илмҳои кишоварзӣ Мадазим Қосимов ва Собирҷон Обидҷонов олимони соҳа дар муддати 20 сол тадқиқоту омӯзиш гузаронида, зоти бузи серпашми тоҷикиро ба миён оварданд.

Соли 2004 дар асоси қарори Комиссияи санҷишии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоти нави бузҳои серпашми тоҷикӣ пазируфта шуд.

Ҳоло бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ дар се хоҷагии зотпарварӣ — ба номи Тӯйчӣ Эрйигитови ноҳияи Ашт, кооперативи Қушатов ва ҶСК ба номи С.Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд парвариш меёбанд. То имрӯз саршуморашон дар хоҷагиҳои вилояти Суғд ба 31 ҳазору 638 сар расидааст.

Шароиту иқлими Тоҷикистон барои зиёд кардани бузҳои хушзоти ангорӣ ва серпашми тоҷикӣ хеле қулай аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки саршумори онҳоро дар ҷумҳурӣ боз ҳам зиёдтар намоем. Ба ин васила метавон корхонаҳои саноатии кишварамонро бо пашми маҳин ва ҷилодор, инчунин гӯшту шири хуштаъми парҳезӣ таъмин кард.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»