Парвариши пахта бо технологияи муосир

№57 (3537) 30.04.2016

Бо ташаббуси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи «Зироаткорӣ» дар қитъаҳои таҷрибавию намоишии Академияи илмҳои кишоварзӣ, воқеъ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агросаноат»-и шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Технологияи муосири кишт ва парвариши пахта» семинари илмию амалӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози кори семинар, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов, раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Салимзода ва иштирокдорони семинар бо  қитъаҳои таҷрибавии ҶДММ «Агросаноат», ки барои кишти зироати пахта ҷудо гардида буд, шинос шуданд.

Иззатулло Сатторӣ дар семинари зикршуда суханронӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки солҳои охир соҳаи пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба таназзул ниҳодааст. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани ҳосилнокии пахта, риоя намудани технологияи парвариши он аз ҷумлаи тадбирҳои судманд мебошад. Гарчанде аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус пахтакорӣ, қарорҳои дахлдор қабул гардида бошад ҳам, вале пахтакорон на дар ҳама хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии пахта чораҳои зарурӣ меандешанд. Солҳои қаблӣ дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ кишти пахтаро дуруст ба роҳ монда, дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ гирифта мешуд. Дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани замин ва дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ пахтаи хушсифати навъи аъло рӯёнидан имконпазир аст, — изҳор дошт вазири кишоварзӣ.

Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Салимзода аз баргузории семинар изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки дар шаҳри Турсунзода хоҷагиҳо таҷрибаи бойи пахтакорӣ доранд ва имконият ҳаст, ки аз ҳисоби истифодаи самараноки замин ҳосили хуб ба даст оранд.

Дар рафти семинар олимону мутахассисон ва хоҷагидорон оид ба вазъи соҳаи пахтакорӣ, таъминот бо техника ва мошинолот, интихоби навъҳо, коркарди замин пеш аз кишт, тухмии хушсифати кондитсионӣ, риоя намудани агротехнологияи парвариш, ғизодиҳии ниҳолҳо, реҷаи дурусти обмонӣ, мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо ва ғайра табодули назар намуданд.

Дар қисми амалии семинар дар масоҳати 1,0 гектар қитъаи намоишии навъҳои ватании пахта, ки дар ҶДММ «Агросаноат» ташкил шудааст, бо истифода аз тухмипошакҳои махсус чигит кошта шуд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»