Дар партави Паёми Президент

Паём таъминкунандаи зиндагии шоистаи мардум аст

№22 (3323) 17.02.2015

Саноат аз соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ буда, саҳми он дар рушди иқтисоди кишвар назаррас аст, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи ашёи хом буда, дар он имкони зиёди  ташкили корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ  вуҷуд дорад. Аз ин ҷост, ки Президенти кишвар низ ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста баҳри рушди он дастуру супоришҳо медиҳад. Натиҷаи азму талошҳои пайваста буд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар даҳҳо корхонаҳо ташкил гардида, истеҳсоли якчанд маҳсулот то ҳадди  ниҳоӣ дар дохили кишвар ба роҳ монда шуд.

Бо хоҳиши хабарнигори рӯзнома  муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев  андешаҳояшро дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён кард:

-Ҳамасола оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ироа мегардад.

Паём–ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим, роҳнамунсоз ва барномаи мукаммали тарҳрезишуда заминаи мусоидро баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуботи Тоҷикистон фароҳам овардааст. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сардори давлат дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи саноат ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ, масъулияти саноатчиёни кишвар ва молистеҳсолкунандагонро боз ҳам баландтар менамояд.

Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатӣ зикр гардидаанд, нақшаи чорабиниҳои мушаххасро тасдиқ намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз Паём то Паём ҷиҳати баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ  аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо ва мақомоти маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.

Дар ҷумҳурӣ соли 2014 бо ба истифода додани 394 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ ҳаҷм, сифат ва содироти маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, дар ин замина зиёда аз 7000 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд, ки ин то андозае ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат намуд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат таъкид гардид, ки ба масъалаҳои пурра ва самаранок ба кор андохтани имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳар чӣ бештар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардонидани сифати молу маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ, кам кардани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту мақсадноки захираҳо, сода ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ин аз кишвари истеҳсолкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи  маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани Ватанамон мебошад. Дар Паём таъкид гардид, ки дар соли 2014 истеҳсоли ангишт ба 875 ҳазор тонна расонида, истихроҷи он аз ҷониби 18 ширкати ватаниву хориҷӣ дар 14 кон амалӣ гардида истодааст. Вазифагузории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба 1 миллион тонна расонидан ва талаботи дохилиро бо ангишт пурра қонеъ намудан, масъулият ва уҳдадориҳои саноатчиёни кишварро боз ҳам баландтар намуд.

Яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ дар соҳаи саноат бунёди корхонаҳои хурду бузург ва воридоти таҷҳизоти наву замонавист, ки алҳол дар кишвар бомаром идома дорад.  Сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, криолит, фториди алюминий, кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвон ва корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои Фархор, Данғара, Вахшу Ҳисор босуръат идома дошта, дар сатҳи баланд сохта ба истифода додани он таҳти назорати қатъии мақомоти дахлдор қарор дорад.

Дар ояндаи наздик сохтмон ва ба истифода додани корхонаи металлгудозӣ дар ноҳияи Ҳисор бо иқтидори истеҳсолии 150 ҳазор тонна оҳани сохтмонӣ, корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори 100 ҳазор тонна, корхонаҳои сементбарорӣ бо иқтидори 1,8 миллион тонна дар ноҳияи Данғара, бо иқтидори 4 миллион тонна дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ваҳдат, Ёвон ва Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст.

Ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ба болоравии иқтидори истеҳсолии мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Дар партави Паём вазорат таҳияи ҳуҷҷати барномавии пешбурди сиёсати ягонаи саноатро, ки тавассути он шароити зарурӣ барои рушди соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, ангишт, мошинсозӣ ва масолеҳи сохтмон ба вуҷуд меояд, ба охир расонида, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Таҳияи Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»