Паёми Пешвои миллат ифшогари рози миллат аст

№43 (3523) 31.03.2016

Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҳрикбахшандаи равандҳои ҳамгироӣ нақши муҳим бозида, барои рушди минбаъдаи  муносибатҳои самараноки тиҷоратӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Тавре ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Дар ҳақиқат ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст. Имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба марҳилаи нав ворид шуда, фазои ҳуқуқии кишвар аз ҷониби ҳизбҳову ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ фаъолона ишғол гардидааст. Дар иртибот ба ин рӯйдодҳо зарурати эҷод ва қабули қонунҳои муҳим ва саривақтӣ ҳар чӣ бештар ба миён меояд. Самтгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ бо иқтисоди пешрафта аз мақомоти қонунгузори кишвар фаъолияти мураккабу пуршиддатро тақозо менамояд. Ҳокимияти қонунгузор ҷиҳати дар қонунҳо инъикос намудани инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ масъул мебошад. Қонунҳо бояд мутобиқи талаботи замон ва ҷомеа таҳия ва қабул карда шаванд.

Бинобар ин, сиёсати дохили ва хориҷӣ яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таърихи биступанҷсолаи соҳибис­тиқлолии ҷумҳурӣ назар афканда, мебинем, ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдоми зиёд рӯи кор омадааст.

Дигар нуктае, ки дар Паёми Пешвои миллат омадааст, ин худшиносию худогоҳии миллӣ аст: «-Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад.

Ман ҳоло ба итминони комил гуфта метавонам, ки мо ба такя ба неруи созандаи мардуми соҳибмаърифати худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо  ба мақсадҳои некамон ва дар навбати аввал, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат наздик шуда истодаем».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ — бартараф кардани низои дохилӣ тавассути бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лои­ҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир дошт.

Тайи солҳои охир бо шарофати сиёсати дарҳои боз ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд, дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштанд.

Дигар самти муҳим, иштироки фаъолонаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳои мо чашмрасанд. Аз ҷумла чанд ташаббуси кишвари мо, бахусус оид ба масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд.

Таърихан, дар илми сиёсатшиносии Тоҷикистон таҳияҳо ва коркардҳои бештари назариявӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, ки натиҷаҳои он бештар аҳамияти амалӣ доранд. Ин, пеш аз ҳама, аз он вобаста аст, ки дар роҳандозии самтҳои афзалиятноки  таҳқиқот дар соҳаи сиёсатшиносиро  шахсият ва сиёсатмадорони барҷаста сарварӣ менамуданд. Яке аз чунин сиёсатмадорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Бо номи Пешвои миллат на фақат таърих ва назарияи умумии илми сиёсатшиносӣ, балки таҳқиқотҳои азими амалӣ дар соҳаи сиёсатшиносӣ алоқаманд аст. Назари таърихӣ ба китобҳои Пешвои миллат ва шиносоии амиқ бо онҳо, таҳқиқгари воқеиро ба хулоса меоварад, ки ҳаракат аз умумият ба ҷузъиёт дар даркнамоии илмӣ ин ҳамон роҳест, ки тавассути он на фақат худи илм, балки шахси онро таҷассумкунанда ташаккул ва инкишоф меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамъомадҳои идонаи наврӯзӣ бо аҳли зиёи кишвар ва ғайра борҳо таъкид намудааст, ки озодӣ аз бузургтарин масъулиятҳост ҳам пеши худ ва ҳам пеши ҷомеаи инсонӣ. Озодӣ ноёбтарин неъмати ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо, кафили пешрафт, рамзи муқаддаси ҳувият ва асоситарин шарти бақои ҳастии миллат ва давлатамон мебошад.

Инсон мавҷудест, ки қуд­рат ва тавоноии ба саодат расиданро дорад. Танҳо ҷаҳду кӯшиши ҳалолу покиза ва ҳақгароёна зарур аст. Чунон ташаббусу ибтикороте мебояд, ки ҳатто ҷузъиву кӯчак бошанд ҳам, ба нафъи фарзанди инсон ва сайёраамон хидмат кунад.

Бинобар ин, ман ҳамчун ҳуқуқшинос, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор додаам, таъкид менамоям, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо мақсади тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти миллӣ масъулиятамонро дар наз­ди халқу Ватан дучанд ҳис намоем ва бар зидди ноадолатиҳои ҷомеа муборизаи беамон бубарем.

Дар пешорӯи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ин муддат таҷрибаи бузург ҳосил кард ва самтҳои он омӯзанда низ мебошанд. Аз ин рӯ, бо боварӣ иброз доштан мумкин аст, ки сохторҳои марбута дар иҷрои вазифаҳои худ, ҳифзи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ минбаъд низ саҳми босазо хоҳанд гузошт.

 Мирзоҳиммат Сабуров, нотариуси давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе