Пештоқи НБО «Роғун»-ро бояд номи Пешвои миллат зеб диҳад

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

28475302070_6636086873_oБа кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» самараи заҳмату талошҳои Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Умуман, НБО-и «Роғун» — иншооти аср ба номи Пешвои миллат алоқаманд аст. Аз ин ҷо, пешниҳод дорам, ки НБО- и «Роғун» ба номи ­Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ шавад. Бегуфтугӯ, ин иншооти бузурги энергетикии минтақа шоистагии онро дорад, ки пештоқашро номи меъмораш муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зеб диҳад.

Дар соҳаи энергетика одами тасодуфӣ нестам, мӯямро дар сохтмони неругоҳҳо сафед кардаам. Кам воқеъ мешуд, ки роҳбари аввали ҷумҳурӣ ба сохтмон ояд, аз ҳолу аҳволи сохтмончиён бевосита хабар гирад, ба мушкилоти онҳо дар ҷояш расидагӣ кунад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон пайваста аз ҷараёни сохтмони НБО- и «Роғун» огоҳ мешаванд ва соле нест, ки ду — се маротиба ба сохтмон нараванд. Суҳбату вохӯриҳояшон бо коргарону мутахассисон гувоҳанд, ки аз хурдтарин ҷузъиёти кор хабар доранд ва гоҳо вазъиятро ҳатто аз онҳо беҳтар медонанду баҳогузорӣ мекунанд.

Солҳои 1989 — 1990 сохтмони неругоҳ бо баҳонаи зери об мондани як-ду деҳа қатъ шуд. Аз ҳамон вақт ғорати техникаю таҷҳизот ва амволи дигари сохтмонӣ шурӯъ шуд. Ин вазъият замоне хотима ёфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ фаъолиятро оғоз намуданд.

Тақдир будааст, ки дар қатори аввалинҳо дар саргаҳи ин сохтмони бузург қарор доштам. Соли 1974, замоне ки чархаи аввали «Норак» аллакай ба тавлиди барқ шурӯъ кард, мо бо ду мошини «ЗИЛ» лои­ҳакашҳоро ба маҳали сохтмони НБО-и «Роғун» бурдем ва зиёда аз як моҳро он ҷо сипарӣ кардем. Онҳо машғули корҳои геодезӣ буданд, мавқеи иншооти неругоҳ, муассисаҳои сохтмонӣ ва амсоли инҳоро муайян мекарданд. Ҳамин тавр сохтмончиёне, ки вазифаи худро дар НБО-и «Норак» ба субут мерасонданд, ба Роғун меомаданд ва кор дар ин ҷо авҷ гирифт. Кашондани масолеҳи сохтмонӣ бар дӯши мошинҳои муассисаи мо буд. Лозим ба ёдоварист, ки ду чархаи аввалро, ки бояд дар ин неругоҳ насб мешуданд, солҳои шӯравӣ маҳз мошинҳои мо аз вокзали роҳи оҳани Душанбе ба шаҳри Ваҳдат ва аз он ҷо барои санҷиш ба Неругоҳи барқи обии «Норак» интиқол дода буданд.

Кашондани ин таҷҳизоти пурқимат, ки бо ҷамъи механизмҳои васлшавандааш қариб 150 тонна вазн дошт, аз Ваҳдат то ба Норак ва баръакс 13 рӯз идома ёфт. Сабти видеоии ин лаҳзаҳои таърихӣ то ҳол дар дасти ман маҳфуз аст.

Муассисае, ки ман сарвариашро бар дӯш дорам, бо ин сохтмони азим аз аввалин рӯзҳояш вобаста буд ва автомобилҳои он то ҳол ба он ҷо сементу дигар масолеҳи сохтмонӣ мекашонанд.

ҶДММ «Элок» қаблан Иттиҳодияи истеҳсолии нақлиёти автомобилии тобеи трести «Тоҷикгидрэнергострой» буд. Бунёди неругоҳҳо, иншооти дигари тавлиду интиқоли барқро дар Тоҷикистон ҳамин коргоҳ ба зимма дошту зерсохтори Вазорати энергетикаи ИҶШС маҳсуб мешуд.

Қариб 50 соли ҳаётамро ман дар ин муассиса гузаронидам. Дар ин ҷо ба кор даромаданам (соли 1969) амри тасодуф буд, чунки роҳбар ва ҳама коргарону мутахассисони он русзабон буданд. Шояд ба хотири ҳамсарам, ки рус буд, маро қабул карданд. Аввал ба сифати челонгар, сипас сарвари бригада кор кардам. Дар ин миён факултаи хоҷагии автомобилии Донишкадаи политехникиро хатм намудам. Чун механик, корманди шуъбаи истеҳсолию техникӣ, муҳандис фаъолият намудам.

Соли 1982 ба вазифаи сармуҳандиси иттиҳодияи автомобилӣ пешбарӣ гардидам, баъд аз он муовини сардори раёсати нақлиёт будам. Аз соли 1995 вазифаи директори генералии иттиҳодия ва ҳамзамон сардори раёсати нақлиётро ба уҳда доштам.

Соли 2003 техникаи мавҷударо ба ихтиёри ШСХК «Барқи Тоҷик» гузошта, дар заминаи иттиҳодия ҶДММ «Элок»- ро таъсис додем. Акнун дар кашондани масолеҳи сохтмонӣ ба НБО-и «Роғун» саҳм мегузорем.

Пешвои миллат дар яке аз форумҳои соҳибкорон ба корамон баҳои баланд доданд, ки бароямон мояи ифтихор аст.

Қара РАБИЕВ, сардори ҶДММ «Элок»-и шаҳри Ваҳдат, Корманди шоистаи Тоҷикистон