Мулоҳиза ва пешниҳод

Пухтагӣ хуб аст ҳар иқдомро…

№72 (4178) 18.06.2020

ТАНГИ МИРЗОҲар рӯз мушкилоту ташвишҳое пеш меоянд, ки масъулон вазифадоранд онҳоро дар доираи фаҳму идрок ҳаллу фасл намоянд. То чанд вақт пештар нарасидани пулҳои майдаи коғазӣ мушкил маҳсуб мешуд. Оид ба ҳолати бад ва таҳқиромези пулҳои коғазӣ чизе гуфтанӣ нестем, ки аз бефарҳангию бетарбиягии истифодабарандагони алоҳида ба он ҳол афтодаанд. Чӣ расмҳо ва суханони таҳқиромезеро, ки ин тоифа ба болои пули миллӣ ва рӯи акси қаҳрамонҳои миллат, арзишу ифтихороти миллӣ кашидаанду навиштаанд. Наход ки сарсупурдаҳои миллат, ки баҳри ояндаи дурахшони ҷомеа ҷон дареғ надоштанд, ҳамин тавр арҷгузорӣ шаванд?

Бо зуҳури буҳрони пули майда ва анқариб аз муомилот ғайб задани он ташвишҳои нав пеш омадан гирифтанд. Қисмате аз пулҳо тамоман фарсудаю «скотчпеч» буданд. Бахусус, дар мағозаю нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ рӯзе набуд, ки ба муноқишаи тарафҳо рӯ ба рӯ нашавем. Дар натиҷа, атрофиён ҳам аз он бархӯрдҳо нороҳату асабӣ мегардиданд. Зимни он баҳсҳо гунаҳкорро муайян кардан душвор буд. Мусофир мегуфт, ки пулро ман ба ҳамин аҳвол наовардаю набаровардаам ва ба ман ҳам фурӯшанда ё ронандае додааст. Ронанда ҳам  айнан ҳамин суханҳоро ба забон меовард. Ё дар мавриди дароз кардани пули калон аз тарафи мусофиру харидор ронанда ё фурӯшанда, изҳор медош­танд, ки мошини пулбарорӣ надоранд, аз куҷо ёбам пули майдаро? Баъдан ба хотири баромадан аз вазъи баамаломада ронандагону фурӯшандаҳо пеш аз оғози кор аз бонкҳо пешакӣ пули майда захира мекардагӣ шуданд. Танқисӣ аз пули майда бошад, ба судхӯрӣ оварда расонд. Шикоятҳое ҳам буданд, ки барои дарёфти пулҳои майда ё ивази пулҳои калон ба майда масъулони алоҳидаи бонку хадамоти нақлиётӣ фоизи муайяне меситондагӣ шуданд.

Хушбахтона, дар ин самт низ тадбирандешӣ шуд ва оҳиста — оҳиста вазъ рӯ ба беҳбудӣ овард. Пулҳои фулузӣ ё танга, ки дар забони мардум бо истилоҳи «қолӣ» низ роиҷ аст, ба муомилот бароварда шуданд, ки то ҳадде дар ҳалли қазия мусоидат кард. Аммо баъзе «думбаро намехӯрам, ки бӯй мекунад»-ҳо изҳори норозигӣ мекарданд, ки бо худ гирифтани ин қабил пулҳо бинобар вазниниашон чандон қобили қабул нестанд ва боз ҳам ҳамон баҳсу гуфтугузорҳо такрор меёфтанд. Тадриҷан  бархӯрдҳо коҳиш ёфтанд ва мардум ба пулҳо одат карданд, зеро ин беҳтар аз тамоман надоштани пулҳои майдаи коғазӣ аст. Аз тарафи дигар, бартарияти тангаҳо аз коғазӣ дар он аст, ки корношоям намешаванд. Он ҳам ба хайрияти аз байн рафтани одати бади дар байни наврасони аҳди шӯравӣ ҷойдошта, ки он вақт тангабозӣ мекарданд ва аз зарби бисёр ба замин рақаму навиштаҷоти ҳар ду тарафи тангаҳоро дидаю хонда намешуд. Барои ҳамин бояд шукргузор аз он бошем, ки ҳамон одати бад ба наврасони даврони соҳибистиқлолӣ сироят накардааст.

Сониян, банкомат ё нуқтаҳои қабули пулҳои танга дар ҷойҳои сеородаму чашмрас ба фаъолият оғоз намуданд, ки мушкили пешомадаро осон гардониданд. Бо ҳамин гуфтан мумкин буд, ки акнун аз як дарди сар аҳли ҷомеа ва масъулин озод шуданд, агар ба шарте «аммо»-и дигар мана ман намегуфт. Он ҳам бошад, ба як андозаю тартиби муайян сикка зада нашудани пулҳои танга мебошад. Масалан, дар замони шӯравӣ аз яктина то 20, 50 ва 1 сӯмаю аз он баландтар ҳам танга дар гардиш буд. Мутобиқи арзиш онҳо ҳаҷму андоза доштанд, ки бо чашми пӯшида ҳам онҳоро муайян намудан мушкил надошт. Он чӣ ки нисбат ба тангаҳои ҳозира гуфтан мушкил аст. Яъне ҳангоми тайёр намудани тангаҳо ҳамин ҷиҳат аз чӣ бошад, ки ба назар гирифта нашудааст. Дар натиҷа, тангаҳо бо арзишҳои якхелаю  бо андозаҳои гуногун бароварда шуданд. Фаразан, агар чун тинҳои шӯравӣ меъёри мутобиқати арзиш бо андоза риоя мегардид, нуран алонур мешуд. Масалан, 20, 50 дирама ва 1 ва 3 сомона бо андозаҳои гуногун ва бо ҳам монанд сикказанӣ гардидаанд, ки дар ҳолатҳои зиёд фарқ кардани онҳо мушкил аст. Аз ҳамин ҷиҳат нофаҳмӣ сар зада, ба ин ё он нафаре ҷабр мешавад. Хайрият, ки ҳоло ҳам ҷамъият аз одамони боинсоф орӣ несту баъзан ронандаҳо ҳаққи ҳалоли мусофирон ва мусофирон ҳаққи ҳалоли ронандагонро бармегардонанд.  Лекин мешавад ҳолатҳое, ки мусофир даъво мекунад, ки ман  3 ё 5 сомона дода будам ва ронандаи аз саросемагӣ иштибоҳнамуда, ба ин бовар намекунад. Ё нодида гирифтани ба зоҳир масъалаи ҷузъӣ метавонад ба моҳияти тадбирҳои андешида хатти батлон кашад.

Кори хайре мегардид, агар минбаъд ба хотири офияти рӯҳии шаҳрвандон, рафъи нофаҳмию баҳсҳо, ин ҷиҳат  дар мавриди сикка задани тангаҳо ба назар гирифта мешуд. Яъне тадбирҳои андешидашуда, ҳаматарафа тарҳрезӣ гаштаю пасон роҳандозӣ гарданд, ба фоидаи кор мебуд. Зеро дар урфият мегӯянд, ки «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд». Ё ба таъбири дигар, ҳар андешаю амал ва ҳар як кор бояд баъд аз хеле пухта шудан амалӣ карда шавад.

Пухтагӣ хуб аст ҳар иқдомро,

Кас начинад меваҳои хомро.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»