Пулҳои коғазии арзиши 20, 50 ва 100 сомонӣ бо унсури ҳимоявии лазерӣ ба муомилот бароварда мешаванд

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ бо қарори навбатии худ аз 5 марти соли равон пулҳои коғазии арзишашон 20, 50 ва 100 сомониро, ки дорои унсури ҳимоявии нав мебошанд, ба муомилот мебарорад.

Дар пулҳои коғазии номбурда, ки бо унсури ҳимоявии лазерӣ муҷаҳҳаз мебошанд, се адади охири рақами силсилавии пул дар рӯйи навори кинеграмма бо тарзи лазерӣ чоп шудаанд, ба чашми оддӣ намоён гардида, ҳангоми ламс кардани ададҳои мазкур барҷастагӣ эҳсос карда мешавад.

Пулҳои коғазии дорои унсури ҳимоявии лазерӣ бо арзиши 20, 50 ва 100 сомонӣ дар қатори пулҳои ҳамарзиши намунаи соли 1999, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Хадамоти матбуоти

Бонки миллии Тоҷикистон