Пули миллиро ба дафтари хотира табдил надиҳед

№117 (3754) 03.10.2017

пулАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаашон ба муносибати ислоҳоти пулӣ дар кишвар, 26 октябри соли 2000, чунин гуфта буданд: «Аз касе пӯшида нест, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва дар айни замон, яке аз нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад».

 Аз вақти ба муомилот баровардани пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сомонӣ 17 сол мегузарад. Дар ин давра устувории қурби сомонӣ дар қатори дигар омилҳо ба афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мусоидат кард. Танҳо дар 15 соли охир даромади Буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.

Ниёкони мо – Ҳахоманишиҳо 2600 сол пеш воҳиди пули аҳамияти ҷаҳонидоштаро ихтироъ карда буданд, ки «дарик» ном дошт. Пас аз онҳо Кӯшониён дар рушду нумӯи санъати сикказанӣ саҳми босазо гузоштанд. Онҳо аз тиллову нуқра ва мису биринҷӣ сикка зарб мезаданд. Дар он давра «Роҳи бузурги абрешим» ривоҷу равнақ ёфт. Азбаски Кӯшониён бо намояндагони ҳама дину мазҳаб муносибати хуби иқтисодӣ доштанд, сиккаҳои истеҳсолкардаашон ба мамолики гирду атроф паҳн гашт.

Солҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ иқтисодиёти мамлакат фалаҷ гардид ва барои ба муомилот баровардани пули миллӣ имкон нашуд. Моҳи майи соли 1995 бори аввал пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд, ки «рубли тоҷикӣ» ном дошт. Дараҷаи муҳофизатии рубли тоҷикӣ, ки дар Федератсияи Россия чоп шуда буд, чандон пурқувват набуд. Аз ин хотир, бо пешниҳоди Сарвари давлат баъди 5 сол пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ бо акси бузургони миллат ва иншооти аҳамияти таърихиву фарҳангидошта дар Ҷумҳурии Федеративии Германия аз чоп баромад, ки дараҷаи муҳофизатиаш хеле баланд аст.

Боиси таассуф аст, ки баъзеҳо моҳияти пули миллиро дуруст дарк накарда, нисбат ба он беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Масалан, баъзе фурӯшандаҳо дар рӯи маҳсулот нархнома гузошта, онро бо «сом», «сӯм» ва ё «сомон» ифода мекунанд, ки хатост. Сом пули миллии Қирғизистон ва сӯм пули миллии Ӯзбекистон аст.

Як қисми ҳамватанонамон пулро сеқату чорқат карда, ба ҷайб меандозанд, ки зуд фарсуда мешавад. Аксари сокинони кишвар аз ҳамён истифода намебаранд. Қисми дигар бошанд, дар пул ҳар гуна ишораҳо карда, рақами телефон менависанд. Гӯё пул дафтари хотира бошад. Ҳол он ки пули миллӣ шиносномаи боэътимоди кишвар аст. Дар хусуси муомилаи беэҳтиромона нисбат ба пули миллӣ зери унвони «Чаро пулҳо фарсуда мешаванд?» дар рӯзномаи «Садои мардум» (№85) мақолаи Мирзо Рустамзода ба табъ расида буд. Муаллиф дуруст таъкид намудааст, ки ҳар як барориши пул маблағи зиёдеро аз Буҷети давлат талаб менамояд. Аз ин рӯ, пул сарвату бойигарии халқу давлат ба шумор меравад. Пас бояд ба қадри пули миллӣ расида, маданияту одоби нигоҳдории пулро баланд бардорем.

Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Пули миллӣ бойигарӣ ва сарвати миллист, обрӯю эътибори миллат аст. Бинобар ин, таъмини гардиши озодонаи он, ҳифзи қурб ва қобилияти мубодилавии он қарзи ҳамаи мо назди Ватан мебошад».

Саидаҳмад УСМОНЗОДА,

судяи Суди шаҳри Ҳисор