Рӯзи Истиқлоли ту Наврӯзи иқболи дил аст

№108 (3745) 09.09.2017

Инак, мо дар остонаи тантанаҳои 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлолияти давлатӣ орзую омоли ҳар як қавму миллат мебошад, вале на ҳама миллатҳо ба он ноил гардидаанд. Онҳо як умр дар ҳасрати ин неъмати Худододанд.

Мо — тоҷикон, яке аз он халқҳои хушбахт ва сарбаланде ҳастем, ки давлати миллии худро дорем.  Бо шарофати соҳибистиқлолӣ соҳиби Қасри миллат, Конститутсияи миллӣ, Суруди миллӣ, пули миллӣ, Парчами миллӣ ва қабл аз ҳама, Пешвои миллати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем.

Албатта, истиқлолият ба осонӣ ба даст наомад. Он  марҳилаҳои таърихии дурударозро тай намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 13- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2004), аз ҷумла иброз намуданд:

«Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон,  нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад.

Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва  бошарофати миллат аст.

Ба хотири  дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи Худододро гаштаву баргашта мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Зеро Истиқлолияти Тоҷикис­тон на фақат дар асри охир, балки дар садсолаҳои дарози сарнавишти куҳан ва тақдири иҷтимоии халқамон пирӯзии бузург маҳсуб меёбад».

Агар мо симои ҷумҳурии азизамонро ба 26 соли пеш  муқоиса кунем, хоҳем дид, ки фарқ аз замин то осмон аст.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва кӯшишу талошҳои ҳамешагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Душанбе соҳиби биноҳои  баландошёнаву зебои «Душанбе — плаза», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази равобити пойтахт, Амфитеатр, Боғи Ирам, марказҳои савдои Рӯдакӣ ва Душанбе, биноҳои зиёди замонавии истиқоматӣ ва ба ин монанд гардидем.

Акнун ибораҳои  «камчинии нон», «норасоии барқ», «роҳҳои вайрону валангор», «гурезаҳои иҷборӣ» ва ғайра ба ҳукми таърих рафта, барои тифле, ки соли 1991 ба дунё омадаву имрӯз 26 — сола аст, чун афсона менамояд.

Яъне, 26 сол мешавад, ки аз партави истиқлолият зиндагии мардуми кишвар  маъниву муҳтавои нав пайдо кардааст. Манзилу макони зист ва шаҳру деҳоти сарзамин аз нури истиқлолият  медурахшад. Тоҷикистони мо ҳоло чун ҷавони саропо ғайрату кӯшишу ҳиммат ва неруманду солим бо азми дучанд машғули бунёдкорист. Аз файзу баракати истиқлолият аст, ки сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ таъмин, самтҳои  афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ ва муайян гардидааст.

Истиқлолият Тоҷикистонро бо олам ва ҷаҳониёнро бо кишвари мо наздик, дӯст гардонд, сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро миёни кишварҳои дунё баланд кард. Бунёди нақбҳо, азму  талошҳо дар таъмир, бунёди шоҳроҳҳои таърихӣ ва роҳҳои оҳани паҳнбар номгӯйи кӯтоҳи  корнамоиҳои мардуми бонангу номуси мо буда, саҳифаҳои рангини корномаи замони истиқлол мебошанд.

Мақсад аз ин талошҳо ва ҷонфидоиҳо шинохти таърих, ҳикмату фарҳанг, забону адабиёти оламгири ниёгон, донистани мақоми ҷаҳонии миллати хеш аст.

Мо — тоҷикон, ки як ҷузъи тамаддуни ҷаҳон ҳас­тем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати хешро дар арсаи  байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем. Ба мардуми ҷаҳон нишон диҳем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як муддати кӯтоҳ ба чӣ дастовардҳо ноил гардид ва дар ояндаи наздик боз чӣ ниятҳои хубе дорем.

Эй Ватан, ҳар лаҳзаи бахти ту сад соли дил аст,

Рӯзи Истиқлоли ту Наврӯзи иқболи дил аст.

Ҳар даму ҳар рӯзи Истиқлоли хуш фоли дил аст,

Ҳар даму ҳар рӯзи Истиқлол як боли дил аст!

 Алишер Бойзода,

ёрдамчии калони прокурори нақлиёти

Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси дараҷаи як