Рашт. Норасоии мутахассисон аз бетафовутии ширкатҳои сайёҳист

№2 (3639) 07.01.2017

РаштРашт яке аз ноҳияҳои зебоманзари Тоҷикистон ба шумор рафта, дорои табиати рангин ва ёдгориҳои таърихии зиёд мебошад. Дар он дараҳои хушманзару овозадори Хунич, Сиёҳдара, Шавр, Ғориф, Камароб, Ясман, Қалъанак, Ҳоит ва мавзеи таърихии Фолума дили ҳар бинандаро тасхир месозанд. Натиҷаҳои омӯзишии иқтидори туристӣ нишон додаанд, ки ноҳияи Рашт вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди туризми экологӣ мебошад.

Сайдаҳрор Сайҷалолов — мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иттилоъ дод, ки дар сурати иҷрои пурраи маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» ҳар сол ташрифи зиёда аз 300 нафар сайёҳи хориҷӣ ва зиёда аз 1000 нафар сайёҳи дохилӣ ба ноҳияи Рашт пешбинӣ шудааст. Баҳри татбиқи талаботи барномаи мазкур қарори раиси ноҳияи Рашт аз 21 январи соли 2015 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди туризм дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2015-2017» қабул гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст. Тайи як соли охир роҳбарияти ноҳия баҳри баланд бардош­тани сатҳи маърифатнокии  аҳолӣ ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ чораҳои мушаххас андешида, роҳҳоро аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда, қарори раиси ноҳия «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм» ба тасвиб расидааст.

Бино ба гуфти ӯ, набудани ширкатҳои сайёҳӣ ва нарасидани мутахассисон  аз мушкилоти  соҳа мебошад. Ба ғайр аз ин, соҳибкорони маҳаллӣ бо сабаби надоштани сармоя ва баланд будани фоизи қарзи бонкҳо имконияти  сохтани марказҳои хизматрасониро дар мавзеъҳои тамошобоби кӯҳӣ надоранд. Ташкил кардани хатсайрҳо, харитаи мавзеъҳои тамошобоб ва паҳн намудани иттилоот дар шабакаи интернет ба рушди соҳаи туризм низ мусоидат хоҳад кард.

Мирзошоҳи Акобир яке аз соҳибкорони маъруф иброз дошт, ки ба кишварҳои зиёди олам сафар доштааст, аммо шабеҳи Тоҷикистон мамлакати зеборо надидааст.

Ӯ бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар маркази  деҳоти «Ҷафр» чанд боғ ва гулгашт бунёд намуда, барои шинос намудани меҳмонон бо таърихи водии Рашт осорхона бунёд кардааст. Осорхона аз се ошёна иборат буда, дар назар аст, ки моҳи апрели соли 2017 сохтмони он пурра ба охир расад.

- Боғҳои бунёднамудаи маро сайёҳони зиёди хориҷӣ диданд ва баҳои баланд доданд, — мегӯяд Мирзошоҳи Акобир.

Дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа дар ноҳия имконот мавҷуд буда, масъулинро мебояд аз онҳо самаранок истифода намоянд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»