РАШТ. Шумораи табибзанон меафзояд

№116 (4066) 28.09.2019

МедицинаҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба масъалаи ҳифзи саломатии шаҳрвандони кишвар диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвар барои расонидани хизмати тиббӣ ба аҳолӣ марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта, бо мутахассисон таъмин карда шуданд.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Рашт ба аҳолӣ беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 маркази саломатии деҳотӣ, 49 хонаи саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ  хизмати тиббиву табобатӣ расонда истодаанд, ки дар онҳо 137 табиб ва 416 корманди миёнаи тиб  фаъолият менамоянд.

Ходимони тиб ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии  бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, сил, гепатити С дар шаҳраку деҳот пайваста корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, аҳолии деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, шаҳраки Ғарм ва Навобод ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаронда шуданд. Дар давоми соли ҷорӣ дар муассисаҳои тандурустӣ 127542  нафар ба табобат ва ташхис фаро гирифта шудаанд.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад. Инчунин, 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият дорад, ки дорои 366 кат мебошанд.

Дар  ҳашт моҳи сипаригардидаи  соли равон  1614  таваллуди кӯдак ба қайд гирифта шудааст (ҳамин давраи   соли 2018 — 1153), ки аз ин шумора таваллуд дар беморхона  1310  нафар ё 81,1  фоиз ( соли 2018 – 1504 – 75,9 фоиз) ва таваллуд дар хона 304  нафар ё 18,9 фоиз ( соли 2018 – 363 – 24,1 фоиз) — ро ташкил медиҳад. Маблағҳои ҳампардохти муассисаҳои КАТС дар ин давра ба 104620 сомонӣ расид, ки 100,1 фоизи нақша мебошад.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва  шарикони рушд дастгоҳи рентгении рақамӣ ба Беморхонаи марказӣ дастрас карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми занон низ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ бузург аст. Агар дар даврони шӯравӣ онҳо 20 нафарро ташкил медоданд, ҳоло шумораи онҳо ба  430 нафар расидааст.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»