Равғани арзону асали фаровон аз як зироат

№65 (4327) 15.05.2021

Дар шумораи №57 (4319)-и рӯзномаи «Садои мардум» таҳти унвони «Равғанро чӣ тавр фаровону арзон бояд кард?» мақола ба табъ расидааст, ки дар он перомуни зиёд кардани майдони кишти зироатҳои равғандор пешниҳодоти ҷолиб баён шудааст. Ба наздикӣ ҷамъоварии ҳосили пиёзу картошка шурӯъ мешавад. Агар баъди онҳо офтоб­параст кишт кунем, дар тирамоҳ пухта мерасад? Барои офтобпараст беҳтарин зироатҳои киштгардон кадомҳоянд?

 

Ҳокимҷон Асроров, сокини шаҳри Турсунзода.

1507547740-2273Аз таваҷҷуҳи хонандаи гиромӣ ба матлаби нашршуда изҳори сипос намуда, гуфтанием, ки офтобпараст бинобар решаи боқувват доштан беҳтарин зироати тозакунандаи хок (замин) ба шумор меравад. Онро зимни  поксозии хок аз  пасобҳои ифлос, моддаҳои радиоактивӣ ва қурғошим низ кишт мекунанд. Офтобпараст, инчунин, ҳавои атрофро тоза намуда, барангезандагони вараҷа (малярия)-ро нобуд месозад. Чанд сол пеш ҳангоми аз шаҳри Бурса ба самти Истанбули Туркия тавассути мошин сафар кардан дар масофаи даҳҳо километр майдони  кишти офтобпарастро дидам, ки хеле зебо ба назар мерасид.

Муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва тат­биқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев мегӯяд, ки ҳар як қисмати офтобпарастро метавон самаранок истифода бурд. Барги он барои чорво ғизои хуб буда, аз пояаш метавон истеҳсоли коғазро ба роҳ монд. Тухми он беҳтарин ашёи равғандиҳанда ба шумор меравад. Онро чун дони серғизои мурғ низ истифода мебаранд. Аз равғани офтобпараст собун, шамъ, ранг ва лак низ истеҳсол мекунанд. Ин зироати тиллорангро дар  Украина, Россия, Германия, Испания, Фаронса, Италия, Булғористон, Полша, Япония, Туркия ва Миср зиёд кишт мекунанд.

- Дар таркиби офтобпараст равған, карбогидратҳо, сафеда, фосфор, оҳан, калий, натрий, селен, витаминҳои А, Е ва гурӯҳи В зиёданд. Сад грамм донаки офтоб­параст 600 килокалория қувватнокӣ дорад. Дар 25 грамм донаки он меъёри шабонарӯзии витамини Е мавҷуд аст. Ин витамин барои фаъолияти дурусти мағзи сар  муфид мебошад. Тамоми аминокислотаҳои барои инсон заруриро дар донаки офтобпараст метавон ёфт, — гуфт Шамсиддин Солиев.

Дар тибби мардумӣ офтобпараст­ро барои муолиҷаи бемориҳою шифоёбии захмҳо истифода мебаранд. Ба гуфти нозири калони шуъбаи ба танзим даровардани табибони халқии Маркази ҷумҳуриявии  «Тибби халқӣ» Муҳаммадрасул Иброҳимзода, шус­тани захмҳои дершифоёбанда бо ҷӯшобаи барги офтобпараст сиҳатёбии захмро метезонад. Ҳангоми дарди гӯш чаконидани равғани офтобпараст якҷоя бо шираи тару тозаи барги он гирифташуда муфид аст. Гузош­тани кӯфтаи барги он ба чакаҳои сар барои рафъи дарди нимсар (шақиқа, мигрен) кумак мерасонад. Зимни бемории ниқрис (подагра) ва санги роҳҳои пешоб ҷӯшобаи решаи офтобпараст муфид аст. Барои ин як  истакон решаи резакардаи хушки офтобпарастро дар 3 литр об 2 дақиқа ҷӯшонда, якпиёлагӣ рӯзе се бор нӯшидан лозим аст. Ҷӯшобаи донаки офтобпарастро барои муолиҷаи сулфа ва илтиҳоби гурда тавсия медиҳанд.

- Офтобпараст зироати гармидӯст буда, онро аввали баҳор, ҳангоме ки гармии хок дар чуқурии 10 сантиметр ба 8 — 12 дараҷа мерасад, кишт мекунанд. Ин ба аввалҳои моҳи апрел рост меояд, — иброз дошт доктори илмҳои кишоварзӣ Сайфиддин Сад­риддинов.

Офтобпараст, дар баробари гармидӯст будан, то 6-8  барга шуданаш ба намии зиёд эҳтиёҷ дорад. Боронҳои нарми баҳорон ба ин кифоят мекунанд. Бо гармшавии ҳаво зимни гулкунӣ дар як шабонарӯз як маротиба обёрӣ кардан лозим меояд. Нашъу­намои офтобпараст дар заминҳои серпору хуб мегузарад.

Ба гуфти Сайфиддин Садриддинов, моҳи май, баъд аз  ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ дарҳол офтоб­параст киштан мумкин аст. Барои хуб дона пур кардани офтобпараст байни ниҳолҳо вобаста ба навъи он 60 — 80 см фосила мегузоранд. Агар бориш набошад, зуд-зуд оби давон мондан лозим меояд. Обмонии аз меъёр зиёд боис ба хоб рафтани пояҳои офтобпараст мешавад. Баландии пояи он ба ҳисоби миёна 2 — 2,5 метрро ташкил медиҳад.

Агар офтобпараст моҳи апрел кишт шуда бошад, авҷи гулкунии он ба моҳи июн рост меояд. Дар сурати моҳи май киштани офтобпараст моҳҳои июл — август гул мекунад.   Гулкунии он як моҳ идома меёбад. Офтобпараст зироати  асалдеҳ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, пеш аз гулкунии он ба майдони кишти офтобпараст овардани қуттиҳои занбӯр боиси гирифтани асали фаровон мешавад.

- Дар як замин ду — се сол  пайи­ҳам киштани  офтобпараст тавсия намешавад. Офтобпараст дар замини қаблан гандуму ҷуворимакка киштшуда хуб нашъунамо мекунад. Дар заминҳои ботлоқӣ, шӯразамин ва турш офтобпараст ҳосили хуб намедиҳад. Баъди офтобпараст замин камқувват мешавад. Аз ин рӯ, пас аз ҷамъоварии офтобпараст дар он  киштани лӯбиёгиҳо (мош, нахӯд, наск, лӯбиё) ва юнучқа беҳтар аст. Зеро дар решаи ин зироатҳо  нитрогени биологӣ (биоазот) ҷамъ шуда, заминро пурқувват  мегардонанд, — таъкид кард Сайфиддин Садриддинов.

Тавре аз гуфтаи мутахассисон бармеояд, баъди ҷамъоварии гандум, ҷав ё сабзавоти барвақтӣ дар вилояти Хатлон ва водии Ҳисор метавон  офтоб­параст кишт намуд. Аммо кишт бояд аз моҳи май дер нашавад. Зеро дар сурати дер киштани он зимни серборишу салқин омадани тирамоҳ мумкин аст донаҳои офтобпараст  нимхом монанд. Дар он  сурат, силос кардани ин зироати  гармидӯст  лозим меояд. Бинобар ин, барвақт киштани офтобпараст ва  наздик будани манбаи об ба майдони кишт нақши муҳим мебозад. Ҳангоми пухтани офтобпараст онро зуд ҷамъоварӣ бояд кард. Зеро аз ҳад зиёд хушк шудани офтобпараст метавонад боис ба рехтани донаҳо ва талафёбии ҳосил гардад.

Ҳосили ҷамъоваришударо дар ҷои хушку шамолрас нигоҳ  доштан лозим аст. Навъҳои донакҳояш сиёҳи  офтобпараст равғани зиёд медиҳанд. Махсусан, навъи «Люкс» пешпазак буда, ба сардиҳои аввали фасли баҳор тобовар аст. Донаҳои он калону пурра ва серравған мебошанд. Баландии пояаш 1,85 метр буда, нисбат ба алафҳои бегона зудтар баланд мешавад. Навъҳои «Орешек» ва «Лакомка» низ серҳосил ва ба камобӣ тобоваранд.

Дар сурати аввали баҳор кишт  намудани офтобпараст, агар ҳосили он то моҳи август ҷамъоварӣ шавад, дар замини холишуда мош киштан мумкин аст. Бо ин роҳ замин аз нитрогени биологӣ бой мешаваду соле аз як майдон ҳам зироати равғандору сӯзишвории арзон, ҳам асал ва зироати лӯбиёгиву хӯроки чорво метавон гирифт.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»