Роҳи наҷот аз «торҳои анкабут»-и «наҷот» дар чист?

№54 (3691) 18.05.2017

Qnet-blog-the-voice-of-nation1-3053m44fo17bmszybs0he2Чандест, ки дар шаҳри Кӯлоб овозаю ҳангомаҳо перомуни Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Суғуртаи наҷот» зиёд ба гӯш мерасанд. Гӯё ширкати мазкур ватанӣ асту фаъолияташ баҳри беҳбудии зиндагии сокинон равона шудааст. Баҳри рӯи об баровардани ҳақиқати ҳол хабарнигори махсуси рӯзнома дар минтақаи Кӯлоб таҳқиқи журналистӣ гузаронд.

ҶДММ «Суғуртаи наҷот» дар шаҳри Кӯлоб аз соли 2015 фаъолият дорад. Ба иттилои масъулони Нозироти андози шаҳр, он аз рӯзи шурӯи кор ҳамчун ширкати суғуртавӣ сабт шудааст. Роҳбараш Шукуруллоҳ Шоев буда, як корманд дорад. Чун фаъолияташ тибқи патент суғуртавӣ муайян шудааст, як намуди андоз — андози иҷтимоӣ месупораду халос.

Хизматрасониҳои суғуртавии ширкат:

1. Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;

2. Суғуртаи ихтиёрии молу мулк;

3. Суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳодисаҳои нохуш;

4. Суғуртаи ихтиёрии воситаҳои нақлиёт.

Ин чаҳор намуд хизмат­расонӣ бо аксҳои таблиғотӣ дар дафтари кории ширкат, ки дар меҳмонхонаи «Кӯлоб» мустақар аст, навишта шудааст. Касе ба иҷрои амалиёти он зид нест, агар дар чаҳорчӯби қонун бошад. Аммо таҳқиқ собит кард, ки ширкат танҳо рӯзҳои аввали фаъолият аз рӯи оиннома кор кардаасту халос. Бо вуҷуди дар қайди давлатӣ ҳамчун ширкати суғуртавӣ сабт шудан, дастандаркоронаш самти кориро ғайриқонунӣ иваз намуда, «найрангбизнес» — ро амалӣ карда истодаанд.

Чанд сол қабл дар шаҳри Кӯлоб Намояндагии дорои масъулияти маҳдуди «Квеснет» фаъолият мекард. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ номашро ба «Qnet» иваз кард. Он хилофи қонун амал менамуд, зеро дар қайди ҳеҷ мақомот набуд. «Шеф»-ҳои ширкат бо истифода аз «одам»-ҳояшон дар ниқоби «сетевой маркетинг» (маркетинги шабакавӣ) амал карда, баҳри ба даст овардани маблағи муфт кӯшиш мекарданд.

Як нафарро ба «офис»-ашон даъват карда, се рӯз дарс омӯзонда, бо ҳар гуна ваъдаҳои хушку холӣ соат ё дигар намуд маҳсулоти ­ширкатро бо нархи гарон мефурӯхтанд. Ҳар як даъватшударо ваъда мекарданд, ки «Агар ту хоҳӣ, дар як муддати кӯтоҳ миллионер шавӣ, аз ширкат мол харидорӣ кун ва дӯстонатро ҷалб намо, то онҳо низ мол харидорӣ кунанд ва ту ҳар моҳ маоши хуб мегирӣ». Ҷалби одамон ва тарзи кори ­ширкатро ба «пирамида» шабоҳат медоданд. Вақте як нафар мол харидорӣ кунад, бояд ду нафари дигарро бо худ орад, то онҳо низ мол харанд.

Нафарони ҷалбшуда низ чунин амалро бояд иҷро мекарданд. «Qnet» китобе дошт бо номи «Ҳаштхишт», ки масъулонаш тарзу усули даъвату ҷалбсозии одамонро аз рӯи он меомӯхтанд. Соли 2014 «Qnet» дар Кӯлоб аз байн рафту чанд нафар бо умеди сарватманд шудан, маблағҳои зиёдро аз даст доданд. Тааҷҷубовар он аст, ки ширкат берун аз дафтари корӣ «Суғуртаи наҷот» асту дар дохил «Наҷот». Номи ҳақиқии онро як маъмураш «Наҷот» арзёбӣ кард. Тартиби кории «Наҷот» мисли «Qnet» аст. Тафовут дар навъи маҳсулоту нархи он мебошад. Имрӯзҳо кормандони «Наҷот» дар хиёбону маҳалҳо, ҷойҳои истироҳатии шаҳр варақаҳои таблиғотии маҳсулоташонро насб карда, аз сокинон даъват мекунанд, то ба онҳо тамос гиранд. Ҳар нафаре, ки ба дафтари «Наҷот» сар мезанад, дар утоқҳои махсуси таълимӣ дароварда, шурӯъ аз рӯзи аввал ба ӯ дарс мегӯянд. Мушовирони таҷрибадор бо даъватшудагон ё ба истилоҳ, «номзадон» сарукор мегиранд.

Бо ҳадафи ба даст овардани маълумоти мукаммал ва далоили дақиқ роҷеъ ба кори дохилиидоравии ширкат, се ҷавонро ба филиали «Наҷот» фиристодем. Шарофиддин Абдулмуъминов ном корманд ба онҳо расо 1 соату 13 дақиқа кори ширкатро шарҳ дода, аз ҷумла чунин гуфтааст:

«…Шумо медонед, ки ҷаҳонро сатҳи бекорӣ фаро гирифтааст. Ҳадафи мо мардумро аз камбизоатӣ баровардан аст, аз ҷумла мардуми Тоҷикистонро. Барои 99 миллион одам ҷойи корӣ аст… Ҳар як нафар дар дил орзуи беҳ шудани зиндагию дарёфти маблағи калонро дорад. Асосан, барои расидан ба орзуҳо ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ маблағ нақши асосиро мебозад. Шумо метавонед дар ширкати мо маблағи калон кор кунед. Имрӯзҳо ҷавонон дар Федератсияи Россия кор мекунанд. Барои ба даст овардани маблағ худро дар азоб мемонанд, бемор мешаванд. Маблағи коркарда­ашонро ба табобат сарф мекунанд. Дар ин ширкат белу каланд нест, танҳо як рекламаи даҳонӣ асту тамом. Фақат як пешниҳод мекунӣ…

… Дар «Наҷот» бо супоридани маблағи кӯчак метавонӣ соҳиби ҷойи кори якумра шавӣ, даромади хуб ба даст орӣ ва дар кӯтоҳтарин муҳлат ба нафақа баромада, маблағи калон гирӣ. Чунин ширкатҳо дар давлатҳои хориҷа асрҳои аср (!) фаъолият мекунанд. Дар Тоҷикистон нав ташкил шудааст. Тӯли 5 сол аст, ширкат дар ҷумҳурӣ фаъолият дошта, дар 22 шаҳру навоҳии мамлакат филиал кушодааст.

… Нафароне, ки дар ширкат аввалин бор ба қайд гирифта мешаванд, 65 сомонӣ пардохт мекунанд. Баъди пардохти маблағ омӯзиш намуда, аз се тарзи кории пешниҳодшуда якеро интихоб менамоянд. Барои пешбурди кор дар корхона бояд маводи табобатӣ харӣ. Маблағ барои харид аз 500 сомонӣ шурӯъ шуда, то 5000 сомониро дар бар мегирад. Вақте ки ман ба ширкат ба кор даромадам, он вақт фаъолияташ танҳо суғуртавӣ буд. Ҳозир 5 рӯз як соатӣ дар ширкат мутахассисон ба «номзад» дарс мегӯянд. … Агар 5 рӯз дарсҳоро мукаммал аз худ кунӣ, ҳамаашро дарк мекунӣ. Аз се то панҷ нафарро бояд пешниҳод кунӣ. Агар панҷ нафарро пешниҳод намоӣ, даромади хубтар мегирӣ. Медонед пешниҳод чист? Як реклама аст. Ягон шиносро мегӯӣ, ки ман дар як корхона кор мекунам, корхонаи беҳтарин аст, биё равем, дар борааш маълумот гир. Ҳамин мегӯию ӯро ба корхона меорӣ. Мо ба кори ширкат шинос мекунем. Ӯ ҳатман қабул мекунад… Одами овардаи шумо 5 нафари дигар меорад. Ашхоси бекору корҷӯ зиёданд. Корхонаи мо дар як моҳ ду бор маош медиҳад… Ман дар чанд идораи давлатӣ кор кардам, баъдан нафақа баромадам. Ҳамагӣ 180 сомонӣ нафақа мегирам. Ин чист? Як пули ночиз аст. Шумо дар корпоратсияи «Наҷот» метавонед, аз 1 то 2 сол фаъолият намуда, ба нафақа бароед. Аз 10 ҳазор то 40 ҳазор сомонӣ нафақа гиред. Танҳо хоҳиш бошаду орзу…».

Ин ҳама афсункориҳо, суханони пур аз макр сирф ба хотири ҷалб кардани мизоҷу мол харидорӣ кардани ӯст. Баробари супурдани маблағу бар ивазаш гирифтани ҷӯробу шампун ё атр, пойбанди «Наҷот» мешавӣ. Фиреб намуданро мудом ба «номзад» меомӯзанд.

Давлат Садиров, корманди Нозироти андози шаҳри Кӯлоб нафарест, ки соле қабл дар яке аз филиалҳои «Наҷот» («Суғуртаи наҷот») мошини шахсиашро суғурта намудааст.

- Ҳангоми дар Нозироти андози шаҳри Қӯрғонтеппа кор карданам, як намояндаи ширкати «Суғуртаи наҷот» маро даъват кард. Ваъдаҳои зиёд дод. Мошинамро суғурта кардам. Дар шаҳри Душанбе ба садама дучор шудам. Вақте аз ин хусус ба «Суғуртаи наҷот» муроҷиат кардам, ҳуҷҷатҳое талаб карданд, ки гирифтанашон маҳол буд. Яъне, роҳи гурехтан аз иҷрои рисолатро ҷустанд. Дарк кардам, ширкат монанди «Кюнет» шуғлаш фиреб кардану ҳадафаш ба даст овардани пули бедардимиён аст, — гуфт Д. Садиров.

Худ қазоват кунед, вақте корманди давлатии корозмудаю таҷрибадорро таъсир расондаю фиреб медиҳанд, вой бар ҳоли афроди бекору ҷавонони нав ба камолрасида.

Тадқиқот муайян намуд, ки масъулони ҶДММ «Наҷот» ҳамвора дар талоши ҷалби ҷавонон ба ширкат мебошанд. Хуб омӯхтаанд, ки ҷавон таҷрибаи кофии зиндагӣ надошта, зудбовар аст. Муҳимтар аз ҳама, ҷавон қодир аст, ки чанд ҳамсинфу ҳамкурсу ёру рафиқашро ҷалб кунад. Ходимони «Наҷот» маҳз ҳамин нуктаро дар сатҳи аъло дарк карда, роҳи ба ширкат кашондани ин қишри ҷомеаро мекобанд.

Вақте ин иттилоъ ба дасти мо расид, ду ҳафта аз субҳ то шом дар назди коргоҳи «Наҷот» назорат кардем. Бештари ҳайати онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Рафтуомади хонандагони мактаб, донишҷӯён, ҷавондухтарон зиёд мушоҳида шуд. Гурӯҳ — гурӯҳ ба ширкати мазкур медароянд. Ин ҳолатро дида, на ба ҳайси ­журналист, балки чун шахси иттифоқан роҳро гумкарда, вориди ширкат шудем. Дидем, ки ҷавонону хонандагони мактаб дар утоқҳо нишастаю мушовирони ҷавону солхӯрда ба онҳо «дарс» гузашта истодаанд.

Хонандаи синфи 11- и яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр (номашро ошкор намекунем), ки се-чаҳор рӯз дар «Наҷот» дарс гузаштааст, навиштаҳои омӯзишиашро дастраси мо намуд. Ҳар як сатри аз даҳони мушовирон навишташуда ва нақшаи кашидашуда ҳайратовар аст. Таваҷҷуҳ кунед, ба иқтибосе, ки бидуни таҳрир оварда мешаванд:

«23.02.2017 «сетевой маркетинг»

300  900 9000 150 000 $

1 000 000

1.Скидка 12 фоиз…

2.Фоидаи бевосита

3.Фоидаи шабакавӣ

4.Барои роҳбарӣ

Асбоби корӣ

Мо чӣ мегӯем? — 7 фоиз

Мо чӣ хел мегӯем? — 38 фоиз

Мо чӣ хел менамоем? — 55 фоиз…

Барои ба муваффақият расидан бояд мо шаш қадами асосиро гузорем:

1. Сабаб (саховатмандӣ), ҳақиқӣ, сидқан: ҳавас

2. Орзу…

3. Мақсад. Мақсадро бояд хурд намонем. Бояд мақсадро аз будаш бештар монем.

4. Банақшагирӣ. Инсон ҳар як корашро дуруст ба нақша гирад.

5. Ҳаракат.

6.Боварӣ. Боварӣ аввал ба худ, баъд ба сарпараст, баъдан ба ширкат. Боварӣ дар ҳама ҳолати инсон муваффақиятро бо ӯ рӯ ба рӯ мекунад.

28.02.2017

Мавзӯъ: Аз чӣ бояд сар кард?

Рӯйхати шиносҳо

1. Пеш аз даъвати номзад аз сарпарасти худ маслиҳат пурсед (кай? дар куҷо? ва соати чанд?)

2. Вазифаи асосии мо номзадро ба офиси корхона даъват кардан аст.

3. Дар вақти даъват кардан дар бораи корхона ва роҳҳои кории корхона маълумот додан зарур нест (як маълумоти нодуруст меҳнати шуморо барбод медиҳад)…

… 7. Ба номзад фаҳмонед, ки омада тавонӣ ё не, ба ман занг зан, то ба ҷои ту дигареро ба кор қабул кунам.

8. Номзадҳоро алоҳида – алоҳида даъват кунед (яке дигареро аз роҳ мезанад).

9. Дар ҳар нобарорӣ аз сарпараст маслиҳат пурсед».

Иқтибосҳо зиёданд ва мо қисме аз онҳоро ҳамчун далел овардем. Дар идома 7 намуди даромад аз ширкат, аз ҷумла унвонҳои фахрии ситораи биринҷӣ, нуқрагин ва тиллоӣ, мошини сабукрав ва саёҳат ба Дубай тавсиф шудааст.

Пайгирии масъала собит намуд, ки филиали ҶДММ «Наҷот» дар фаъолияти на чандон зиёд се маротиба тағйири макон кардааст. Ҳангоми ташкилшавӣ идорааш дар мактаби рассомии бачагонаи шаҳр ҷойгир буд. Баъди муддате дар хиёбони Исмоили Сомонӣ биноеро ба иҷора гирифта, аз он ҷо кӯч бастанд. Алҳол дар ҷое, ки қаблан ширкати «Qnet» он ҷо мустақар буд. Пурсуҷӯ ва таҳлилҳо собит сохт, ки тағйири макон намудани «Наҷот» бесабаб набуда, дар ҳар як ҷою маҳалли интихобнамудааш ҳадафу нақшае нуҳуфтааст. Диққат: мактаби рассомие, ки «Наҷот» утоқҳояшро иҷора гирифта буд, дар паҳлуи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 ҷойгир аст. Маҳалли дигар кӯч баст, аммо аз ҳудуди муассисаи таълимӣ дур нарафт. Ҷойи сеюми интихобкардаи «Наҷот» дар пушти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 воқеъ мебошад. Бино ба иттилои дақиқ, чанд тан аз толибилмони мактаби № 1 аллакай «корманд»-и «Наҷот» шудаанду дар талоши ҷалби ҳамсинфон мебошанд. «Муаммо»-и ҷойивазкунии ширкат — пайдо кардани ҷойи сераҳолӣ аст.

Нафароне, ки соли 2008 ширкати «Квестнет», баъдан «Кюнет»- ро ба Кӯлоб оварданд, имрӯз ходимони асосии «Наҷот» маҳсуб мешаванд. Ба вижа, бародарон Бобоҷон Сафаров ва Сабзаалӣ Алиҷонов (Сафаров). Онҳо даъваткунандагон ва ба қавле, «дирижёр»-ҳои асосии «Qnet» буданд, ки кунун дар хидмати «Наҷот»-анд.

Бо азми мусоҳибшавӣ ба филиали «Наҷот» ташриф овардем. Баробари суроғаи директорро пурсидан утоқеро ба мо нишон доданд, ки пушти дараш воқеан навиштаҷоти муаррификунандаи «директор» насб шуда буд. Он утоқи ҷаноби ­Сабзалӣ Алиҷонов будааст. Ӯ ҳангоми суҳбат қайд кард, ки дар филиал одами нав асту директор дигар нафар. Афсӯс, ки аз зикри номи директор худдорӣ кард. Ӯ гуфт: «Воқеан, пештар дар ширкати «Qnet» кор мекардам. Аммо ҳозир он ширкат дар Кӯлоб фаъолият намекунад. ҶДММ «Наҷот» ширкати ватанист. Дар ин ҷо нав ба кор даромада, вазифаам мушовир аст.

- «Qnet» аз «Наҷот» як тафовут дорад. «Наҷот» бренди корхонаи молистеҳсолкунандаи ширкатро гирифтаасту даромадаш Тоҷикистон меояд, дигар ҳеҷ фарқияте надорад. Феълан фаъолияти мо тиҷоратист, вале дар бораи суғуртавӣ будани «Наҷот» иттилоъ надорам, — афзуд номбурда.

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ин ширкат ба мардум манфиате надорад. Танҳо масъулини он суд мебардоранд. Тасаввур кунед, ки агар тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Наҷот» ба кор дароянд. Ашхоси дар аввал шомилшуда фоида мегиранд, дар байндохилшуда камтар, аммо нафароне, ки дар охир аъзо мешаванд, ҳатто маблағи супоридаашонро гирифта наметавонанд, куҷо расад ба фоида.

Нигаронкунандаю хатаровар ҷалби ҷавонон ба «Наҷот» аст. Тавре ки дар боло овардем, ҷавононро ба пулпарастию фиребгарӣ ҳидоят мекунанд. Дар ҳоле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя кардаю онҳоро оянда ва пешбарандаи сиёсати давлату миллат арзёбӣ мекунанд, чӣ гуна бояд иҷозат диҳем, ки як ширкати ғайридавлатӣ, ба хотири манфиат ба тарбияи ҷавонон таъсири манфӣ расонад?

Дар рафти таҳқиқ ҳар факту далеле, ки ба даст омад, мунсифона рӯи саҳифа овардем. Боқӣ ниҳодҳои дахлдор медонанду «дави аспашон».

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»