Рушди низоми суғурта дар сектори аграрӣ

№103 (3897) 23.08.2018

504_3_pict3Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ба шумор меравад ва амнияти озуқавории кишвар аз бисёр ҷиҳат ба он вобастагии зич дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баҳри расидан ба  ин ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста чораҳои зарурии амалӣ андешида истодааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳмоҳаи соли 2017 дар ҳама шакли хоҷагидорӣ нисбат ба соли 2016-ум 6,1%, растанипарварӣ 6,3% ва чорвопарварӣ 5,5% зиёд шуд. Вале ин рақамҳо ҳанӯз ҳам кифоя нестанд, зеро шумораи умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 миллион расидаасту  талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, меваю сабзавот, полезиҳо, маҳсулоти гӯштӣ, тухм, орд, биринҷ, картошка ва дигар маҳсулоти хоҷагидорӣ рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст. Гузашта аз ин, тибқи нақшаҳои тасдиқшуда хоҷагидорон бояд на танҳо аҳолиро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин, балки содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ роҳандозӣ намоянд.

Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар маҷмӯъ сектори аграрӣ, аз якчанд омили табиию фардӣ иборат мебошад, ки яке аз вазъи боду ҳаво ва  шароити мусоиди табиӣ арзёбӣ мегардад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳо бо хоҷагидорони вилояти Хатлон қайд намуданд, «солҳои охир иқлими сайёра қисман тағйир ёфта, таҳдиду таъсири хушксолӣ ва дигар офатҳои табиии вобаста ба гармшавии иқлим ба минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон афзоиш ёфта истодааст. Хусусан камбориш омадани тирамоҳу зимистони гузашта ба кишвари мо низ таъсири манфӣ расонида, зироаткорону чорводоронро ба таври ҷиддӣ ба ташвиш овардааст».

Ҷиҳати рафъи ҳодисаҳои табиӣ, рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тару тоза, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ва ниҳоят, расидан ба ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ зарурат ба миён омадааст, ки низоми суғуртакунӣ дар сектори аграрӣ ҷорӣ карда шавад.

Таҷрибаи қисми зиёди давлатҳои тараққикарда, ба мисли Канада, Австралия, Америка, Испания, Туркия, Олмон, Австрия, Россия, Беларус, Қазоқистон ва як қатор давлатҳои дигар, ки бештар ба истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, нишон медиҳад, ки аксари хоҷагиҳои истеҳсолии онҳо ба таври ихтиёрӣ дар шарикӣ бо давлат аз ҳодисаҳои табиии нохуш суғурта шудаанд.

Тибқи низоми классикӣ, танзими муносибатҳои суғуртавӣ аслан бо иштироки ду тараф — суғуртакунанда ва суғурташаванда ба миён меояд. Дар модели шарикии давлат бо бахши хусусӣ се субъект — суғуртакунанда, суғурташаванда ва давлат баромад мекунанд. Мавқеи муҳим ва роҳбарикунандаро тибқи ин модел давлат иҷро намуда, назорати пайвастаро дар асоси меъёрҳои қонунгузорӣ ба роҳ мемонад.

Таҳлили таҷрибаи давлатҳое, ки дар онҳо низоми суғуртакунии соҳаи кишоварзӣ ривоҷу равнақ ёфтааст, нишон медиҳад, ки  дар онҳо суғуртакунӣ бо иштирок ва ҷалби маб­лағҳои давлатӣ роҳандозӣ мегардад. Вале дар қисме аз давлатҳо объектҳои суғуртавӣ метавонанд вобаста ба ҳодисаи бамиёномада ба ду қисм -  ширкатҳои хусусии суғуртавӣ ва мақомоти давлатии суғуртавӣ ҷудо шаванд. Масалан, дар Швейтсария, ки низоми суғуртакунии соҳаи кишоварзӣ аз солҳои 1880 оғоз гардидааст, зиёда аз 27 ширкат расман иҷозати машғул шудан ба фаъолияти суғуртавиро дар соҳаи кишоварзӣ ба даст овардаанд. Тибқи қонунгузории давлат, ширкатҳои суғуртавии хусусӣ ҳуқуқи суғурта намудани молҳо, бахусус чорвои калон, чорвои майда, ҳайвонҳои хонагӣ ва дигар ҳайвонҳои маҳсулдиҳандаро танҳо ҳангоми офатҳои табиӣ дар ихтиёр  доранд. Аммо дар сурати заҳролуд шудани мол, омадани касалиҳои гуногуни сироятӣ, эпидемияҳо ва дигар бемориҳои ба ин монанд суғуртакунӣ танҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шудааст. Яъне, як объект аз ҷониби ду ширкати суғуртавӣ (хусусӣ ва давлатӣ) вобаста ба ҳодисаи бавуҷудомада суғурта карда мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷорӣ намудани низоми суғуртаи соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ аз лиҳози иқтисодӣ, шояд ба ширкатҳои суғуртакунӣ чандон муфид  набошад, зеро эҳтимолияти хавфи зиёд шудани ҳодисаҳои суғуртавӣ зиёд гардад, вале ширкатҳо метавонанд хоҷагиҳои истеҳсолиро танҳо аз  ҳодисаи муайяни табиӣ суғурта кунанд, масалан, аз:

- боридани жола;

- омадани шамоли сард ва тӯфон;

- омадани сел ва обхезӣ;

- ҳимоя аз касалиҳои гуногуни сироятӣ ва эпидемияҳо;

- ҳимоя аз сар задани сӯхтор, хушксолӣ ва биёбоншавии қитъаи замин;

- эмин доштани қабати ҳосилхези замин (хок) аз шӯршавӣ;

- эмин доштани чорво ва дигар ҳайвоноти маҳсулдиҳанда, аз ҷумла чорвои калону майда, парандаҳо,  қуттиҳои занбӯри асал, ҳавз­ҳои моҳипарварӣ, моҳиҳои зотӣ, заҳбурҷойҳо, захираҳои генетикии набототи корам;

- ҳимоя аз ҳашароти зараррасон;

- қатъи сунъӣ ва объективии қувваи барқ, вайрон гаштани насосҳои обкашӣ, дахолати шахсони сеюм, ҳама гуна садама ва дигар ҳодисаҳои табиӣ.

Чунин ҳолат имконият медиҳад, ки дар ҳар маврид, новобаста аз ҳодисаҳои ба миёномада, давлат марҳила ба марҳила ба ҳадафи стратегӣ ноил гардад. Зеро  таҷрибаи давлатҳои тараққикарда дар ин самт нишон медиҳад, ки хоҷагиҳои истеҳсолие, ки аллакай маҳсулоти истеҳсолмешударо суғурта намудаанд, дилхоҳ маврид танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагидорӣ дар онҳо дар ҳама гуна шароити табиӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Дуюм, бонкҳо, ташкилоти қарзӣ, иттифоқҳои қарзӣ, соҳибкорон ва дигар субъектҳо танҳо ба ҳамон хоҷагии истеҳсолие  қарз медиҳанд, ки замин ё ҳосили дарназардоштаи он хоҷагӣ аллакай суғурта шуда бошад. Сеюм, ташкилоти сармоя­гузорӣ танҳо ба ҳамон хоҷагии истеҳсолие сармоягузорӣ менамояд, ки аллакай маҳсулоти истеҳсолмекардаи онҳо суғурта шуда бошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар яке аз омилҳои объективии нагирифтани ҳосили дилхоҳ аз вазъи боду ҳаво вобаста бошад, сабаби дигар аз сифати тухмиҳои зироат, риоя накардани технологияи коркарди истифодабарии замин ва сифати маводи дорувории соҳаи кишоварзӣ вобаста аст.

Яъне, рушди низоми суғуртакунӣ дар сектори аграрӣ метавонад ба омилҳои болозикр такя намояд.

Вобаста ба андешаҳои  зикршуда  зарурати заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати дақиқ ҷорӣ намудани суғуртаи соҳаи кишоварзӣ ба миён омадааст. Зеро дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳое, ки бевосита ба танзими дақиқи низоми суғуртаи соҳаи кишоварзӣ равона шуда бошанд, қабул нашудааст. Танҳо соли 2013 Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи хатарҳои соҳаи кишоварзӣ» қабул шуд. Гузашта аз ин, қисми 1 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» муқаррар кардааст, ки хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад, ихтиёран молу мулки худро, аз ҷумла зироатҳои кишоварзӣ, чорво, воситаҳои асосӣ ва дигар молумулкро суғурта кунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад. Ҳамчунин, дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» қабул гардидааст. Вале санадҳои зикршуда барои танзими дақиқ ва пурра кифоя намебошанд.

Аз ин лиҳоз, қабули қонуни махсус, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва маҳсулоти истеҳсолӣ» ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар сурати танзими низоми суғуртакунӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ зарурат ба миён меояд, ки ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шаванд. Аз ҷумла, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбута.

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёт ва намуди фаъолияти прогрессивӣ арзёбӣ гардидааст, ки ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 21,3 фоизро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, яке аз афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати индустриаливу аграрӣ пешбинӣ гардидааст, ки ҷиҳати ноил шудан ба он ҷорӣ намудани низоми суғуртакунии соҳа аз аҳамият холӣ намебошад.

Рушди бозори суғурта дар даврони соҳибистиқлолии кишвар марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодааст. Вале ҳоло ҳам ҳолатҳое мавҷуд аст, ки рушди босуръатро бозмедорад. Яке аз он ҳолатҳоро дар ҳавасманд набудани суғурташавандагон бояд ҷустуҷӯ кард. Яъне, қисме аз ширкатҳои суғуртавӣ то ҳол ҳавасмандии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои суғуртакунӣ ба таври зарурӣ ба даст наовардаанд. Таҳлилҳо дар ин самт нишон додаанд, ки яке аз омилҳои ҳавас­манд набудани суғурташавандагон аз сифати хизматрасонии ширкатҳои суғуртавӣ вобаста мебошад. Баланд бардоштани сифати хизматрасонии фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ, пеш аз ҳама, аз кормандони соҳаи мазкур, баҳогузории объективии ҳодисаҳои суғуртавии бавуҷудомада, хулосаи мутахассис вобастагӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, зарурат ба миён омадааст, ки ҷиҳати рушд ва такмили минбаъдаи низоми бозори суғурта, барои тамоми самти хоҷагии халқ, дар заминаи донишгоҳҳо факултаи махсус, ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи суғурта ташкил карда шавад. Зеро институти суғурта васеъ ва гуногунпаҳлу буда, баррасии объективии ҳодисаҳои суғуртавӣ  танҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа имконпазир мебошад.

Хадамоти назорати суғуртаро зарур аст, ки бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун объекти суғурта  ҳисоб ёфтааст, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.

Суғуртаи соҳаи кишоварзиро ҳамчун объекти афзалиятноки суғурта ҳисоб намудан ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро низоми суғуртакунии соҳаи кишоварзӣ вобаста ба хусусият аз дигар объектҳои суғуртавӣ нисбатан фарқ мекунад. Бо мақсади танзими пурра ва дақиқи ин низоми суғуртакунӣ, ки амалишавии он бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ дар назар дошта шудааст, хуб мешуд, ки дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти махсус бо номи «Агентии дастгирии давлатии суғурта дар соҳаи кишоварзӣ» созмон дода шавад.

Ҷамшед Фархудинов, унвонҷӯйи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон