Рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Дарвоз

№106 (3900) 30.08.2018

apicultura_ecologicaРаиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед зимни машварати корие қайд намуд, ки ноҳияи Дарвоз калонтарин  минтақаи  парвариши занбӯри асал маҳсуб меёбад, ки дар он зиёда аз 60 фоизи асали вилоят истеҳсол мегардад.

Мавриди зикр аст, ки  ҳангоми сафарҳои кориашон ба ноҳияи Дарвоз, аз он ҷумла, деҳоти «Сағирдашт», Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва дигар масъулинро ба рушди ин соҳаи афзалиятнок — занбӯриасалпарварӣ ҷалб намуданд. Ба гуфти Нурмуҳаммад Додов, сардори Идораи кишоварзии ноҳияи Дарвоз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба рушди соҳаи мазкур таҳти назорати доимии раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳони  Саидраҳмон қарор дорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар даврони шӯравӣ ба соҳаи занбӯриасалпарварӣ танҳо хоҷагиҳои  деҳоти «Сағирдашт» машғул буданд. Ҳоло бо дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат қариб хоҷагиҳои зотпарварӣ, кооперативӣ, деҳқонӣ ва хусусии ноҳия  ба парвариши занбӯри асал  шуғл меварзанд. Акнун дар ин ҷо бо маблағгузории Ҳукумати кишвар, кумаки Вазорати кишорварзӣ миқдори оилаҳои  занбӯри асал ба 4100 адад расидааст ва ҳар сол 58-62 тонна маҳсулоти хушсифат  ба даст оварда мешавад.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор