Рушди устувори кишвар аз пешрафти минтақаҳо вобаста аст

№80 - 81 (3874 - 3875) 30.06.2018

DSC_0003Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар мавзӯи «Молияи бахши иҷтимоӣ  ва таъсири он  ба рушди устувори минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он  намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо,  вазоратҳои молия, рушди иқтисодиёт ва савдо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзиданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ш. Хайрзода зимни суханронии ифтитоҳӣ қайд кард, ки дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», дар қисмати «рушди минтақаҳои мамлакат» нишон дода шудааст, ки  асоси таъмини рушди устувори ҳар як давлат аз пешрафти  минтақаҳои он вобаста аст. Бинобар ин, таваҷҷуҳ ба ҳалли мушкилоти минтақаҳои мамлакат зарур аст, то дар маҷмӯъ рушди ҳама соҳа таъмин гардад.

Дар маърӯзаи  директори Институти илмӣ — тадқиқотии «Молия», профессор М. Кошонова мушкилоте, ки дар маҳалҳо монеаи пешрафт мегарданд, баён ва роҳҳои ҳалли онҳо нишон дода шуд. Ба кор ҷалб нашудани қувваи қобили меҳнат, мушкилоти иҷтимоӣ, сатҳи зиндагии табақаҳои гуногуни аҳолӣ аз рӯи даромад, мавҷуд набудани бозори коғазҳои қиматнок дар минтақаҳо, рақобатпазир набудани истеҳсолоти дохилиминтақавӣ аз ҷумлаи проблемаҳои ҳалталаб арзёбӣ гардид.

Дигар иштирокчиёни конференсия низ роҷеъ ба мавзӯи баррасишуда маърӯза карданд ва дар охир мубодилаи афкор сурат гирифт.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»