Рустам Латифзода: «Мушкилоти об таваҷҷуҳи хосро тақозо дорад»

№№9-10(3646-3647) 31.01.2017

DSC_0389Бисту ҳафтуми январи соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон: сиёсати обӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии вобаста ба об»  семинар баргузор гардид. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода гуфт, ки  ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об кишвари моро  ба як платформаи ҳаллу фасли масъалаҳои об табдил дод. Номбурда  бо ёдоварӣ аз се ташаббуси Тоҷикистон-Соли оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» (2005-2015) ва Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) изҳор дошт, ки  ин иқдомҳо хусусияти умумиҷаҳонӣ дошта, барои башарият равона шудааст.  Ӯ  мушкилоти вобаста ба обро ёдовар шуда, зикр кард, ки кор бо як даҳсола ба анҷом намерасад, аз ин рӯ, СММ пас аз анҷоми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), пешниҳоди нави Тоҷикистонро оид ба эълон кардани даҳсолаи нави амал зери унвони «Об — барои рушди устувор» ҳамаҷониба дастгирӣ кард.

Рустам Латифзода гуфт, ки норасоии об дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва ин ҳолат, тибқи баъзе аз пешгӯиҳо, то солҳои 2050 шиддат меёбад. Аз ин рӯ, татбиқи Даҳсолаи байналмилали амал «Об — барои рушди устувор»  (солҳои 2018-2028) метавонад онро паст кунад.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»