27 август - Рӯзи ангиштканон

Сӯзишвории алтернативӣ ба ҷойи гази табиӣ

№102 (3739) 26.08.2017

КомурРушди соҳаи истихроҷ ва истеҳсоли ангишт ба беҳбуди вазъи корхонаҳо мусоидат кард. Таваҷҷуҳ ба ин соҳа, мавҷудияти ашёи хом ва захираҳои бойи кашфгардидаи ангишт барои истифодаи васеи он дар соҳаҳои энергетика ва саноат шароит фароҳам овард. Имрӯз 230 корхонаи саноатӣ ва энергетикӣ ангиштро ҳамчун сӯзишвории алтернативии технологии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд. Ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ коҳиш дод. Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Абдураҳимов вазъи имрӯзаи соҳаро ба таври мухтасар шарҳ дод:

- Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои соҳа дар як муҳлати нисбатан кӯтоҳ  истихроҷи ангиштро аз 313 ҳазор ба беш аз 1 млн. 362 ҳазор тонна расониданд, ки ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуд.

Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо ангишт аз соли 2001 таваҷҷуҳи давлат ба ин соҳа бештар шуд. Бо ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ соҳа рӯ ба рушд ниҳод ва шумораи корхонаҳои он аз 2 адади соли 2001 ба 19 расид.

Мавҷудияти захираҳо ва навъҳои гуногуни ангишт барои зиёд намудани ҳаҷми истихроҷу коркарди саноатии он, аз ҷумла бо мақсади  истеҳсоли маводи сӯзишворӣ, кимиёвӣ ва технологӣ, имконият медиҳад. Истифодаи самараноки ангишт ва дар асоси он рушди соҳаи энергетика, саноати химия ва металлургияи ранга метавонад манбаи асосии ноилшавӣ ба ҳадафҳои иқтисодии кишвар дар самти афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардад.

Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳа заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт аз тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ, чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо мебошад.

Дар шароити рақобати имрӯзаи иқтисодӣ корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бояд барои ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани маҳсулоти баландсифат бо истифодаи дастовардҳои илмию техникӣ, технологияҳои муосири каммасрафи истихроҷ, азхудкунии маҷмӯии ашёи хом ва коркарди бепартов тадбирҳои мушаххас андешанд ва аз меъёрҳои стандарти байналмилалӣ, усулҳои муосири маркетинг ва инкишофи истеҳсолот васеъ истифода баранд.

Вобаста ба афзоиши талаботи хоҷагии халқ, бо дарназардошти сохтмони неругоҳҳои барқию гармидиҳӣ, корхонаҳои сементбарорӣ, содироти ангишт ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда, ҷалби сармоягузории мустақим ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнок зарур аст.

Соли равон низ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кормандони соҳа тамоюли афзун намудани истеҳсолотро идома бахшида, мақсад доранд, ки талаботи тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварро бо ангишт сари вақт қонеъ гардонанд.

Аз аввали сол то 21 августи соли ҷорӣ истихроҷи ангишт мувофиқи маълумотҳо ба 885,5 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида  165,8 ҳазор  тонна зиёд  мебошад. Дар ин давра,  аз ҳаҷми умумии ангишти истихроҷгардида ба  КФ «Шахтаи Фон-Яғноб»-413,1 ҳазор  тонна (ё 46,7 %), Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Корхонаи металлургии Тоҷик»- 164,7 ҳазор тонна (ё 18,6 %), ҶДММ «Талко- Ресурс» – 179,7 ҳазор тонна (ё 20,2 %) ва ҶДММ «Камароб»- 37,9 ҳазор тонна (ё 4,2 %)  рост меояд.

Бояд тазаккур дод, ки захираи ангишт ба ҳолати 21 августи соли ҷорӣ дар анборҳои корхонаҳои истихроҷкунанда, бо дарназардошти бақияи соли сипаригардида, зиёда аз 177,3 ҳазор тоннаро  ташкил медиҳад.

Бурҳониддин Каримзода,

«Садои мардум»