КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 40- сола шуд

Саҳми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди металлургияи тоҷик

№47 (3348) 31.03.2015

Приздент и коргар

Истиқлолияти давлатии понздаҳ ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ  аз шикасти  як иттиҳоди абарқудрат оғоз шуд. Тоҷикистон чун кишвари тамоили аграрӣ ва манбаи ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ, бо саноати ночиз аз занҷири иқтисодии пайваст ба Кремл бо мероси андак ҷудо шуд. Ҳатто сарвати асосии кишвар- гидроэнергетика дар нақшаҳои рушди   панҷсолаҳо, танҳо дар коғаз боқӣ монд. Яксолагии истиқлолияти давлатиро мо бо даргириҳо, тақсими қудрат, баҳси маҳалгароӣ, авҷи талоши манфиатҳои геополитикӣ пешвоз гирифтем. Ба қавли ҷомеашиноси рус Михаил Конев: «Тоҷикистон чун қаҳрамони қиссаи «Моҳии тиллоӣ»-и  Пушкин» бо табақи шикаста  истиқлолияти худро истиқбол гирифт. Саноати вазнини кишвар он замон ҷузъи таркибии дараҷаи сеюми саноати Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Замоне, ки мардум барои нон чашми интизорӣ мекашиданд, давроне, ки қувваи сеюм ҷабҳаи хунинро созмон медод, ҷавонтарин Сарвари кишварҳои навистиқлол — Эмомалӣ Раҳмон ҷилави идориро ба даст гирифт. Ояндабинони тангназар ҳадс мезаданд, ки ин Ҳукумат аз шаш моҳ беш курсиашро ҳифз карда наметавонад. Ҳатто иддае аз аъзои Ҳукумат худро дар симати роҳбарӣ муваққатӣ ҳис мекарданд. Дар чунин шароити басо мушкил Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули ояндадори саноат хишти аввал гузошт. Касе  бовар намекард, ки лоиҳаҳое, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз уҳдаи амалӣ кардани онҳо набаромад, аз нав ба рӯзномаи фаъолияти кишвари ҷангзада ворид мешаванд. Оғози сохтмони роҳи Душанбе-Қалъаихум-Мурғоб, нақби Уштур, НБО-и «Помир», барқароркунии сохтмони  валангори НБО-и «Роғун» ҷаҳонро ба ҳайрат гузошт.

«Ҳукумати Раҳмонов бо вуҷуди имкониятҳои заифи иқтисодӣ, оптимизми воқеӣ дорад. Ин хуб аст, зеро сармояи Ғарб, институтҳои молиявии ҷаҳон ба ин хушбин ҳастанд. Сармоя аз дудилагӣ, нобоварии Ҳукумат ба фардо сахт ҳарос дорад. Тоҷикистон аз имконоти бузурги захираҳои махуфаш босамар истифода хоҳад намуд», — ин суханони яке аз коршиносони маъруфи Аврупо, собиқ корманди Бунёди Оғохон Роберт Мидилтон бист сол пеш гуфта шудаанд.

Соли 1994 дар ҳафт тадбири оммавии ҷумҳуриявӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди гидроэнергетика, саноати маъдани кӯҳии кишвар дастурҳои корӣ дод. Истеҳсоли нахустин хӯлаи тиллоӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), маҷлиси васеи Ҳукумат соли 1995, мулоқотҳо бо металлургҳои Турсунзода ва шаҳри Панҷакент барномаи дарозмуҳлати инкишофи металлургияи рангаи миллиро матраҳ намуд.

31 марти соли 1995 ба  корхона ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   барои кормандони  Корхонаи  алюминийи  Тоҷикистон  ҳодисаи  муҳим  гардид. Сарфи  назар  аз  он  ки  сафари  Президент    характери  расмӣ дошта, ба  таҷлили  20-солагии фаъолияти  корхона бахшида шуда буд, мақсади асосии Сардори давлат имконияти вохӯрӣ бо меҳнаткашони  корхона, фаҳмидани розу ниёзи онҳо ва аз ҳама асосӣ дар дили онҳо бедор намудани умед ба оянда буд. Ин мулоқот барои ҳазорон нафар корманди ин корхона рамзӣ буд, боиси муттаҳидшавии  неруи онҳо дар роҳи пурра аз фаъолият намондани корхонаашон гардид. ТадАЗ (аз  соли 2007  –  Корхонаи воҳиди  давлатии «Ширкати Алюминийи  Тоҷик» (ТАЛКО)  — меросест,  ки  то имрӯз ҳамчун корхонаи босамар фаъолиятдоштаи кишвар мемонад.

 «ТадАЗ – корти муаррифии саноати Тоҷикистон»

Ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо меҳнаткашони Заводи алюминийи тоҷик 5 апрели соли 2000 гуфта шудаанд, аҳамияти ин корхонаи азими саноатиро дар миқёси давлат аниқ инъикос менамоянд. Тасодуфӣ нест, ки Заводи алюминийи Тоҷик яке аз пурқудраттарин корхонаҳое  мебошад, ки дар ҷараёни рушди устувор ба мақоми нав сазовор гардид ва ба талаботи замони ҳозира ҷавоб медиҳад. Ҳоло он Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) номгузорӣ шудааст.  Боиси ифтихор аст, ки ТАЛКО имрӯз ба қатори даҳ корхонаи азимтарини истеҳсолкунандаи алюминийи ҷаҳон дохил аст. Дар давоми чанд соли охир он ҳамчун  яке аз корхонаҳои таври мураттаб фаъолияткунандаи Тоҷикистон шуҳрат ёфт, ки ба менеҷменти ҳозиразамон ва системаи байналмилалии ҳисоботи молиявӣ такя кардани роҳбарияти корхона асос ёфтааст. Ширкат воридшавии  асъорро ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Дар коргоҳҳо ва воҳидҳои сохтории он зиёда аз ҳашт ҳазор нафар кор мекунанд, ки ин  барои ҳалли яке аз масъалаҳои муҳимтарини давлат – таъмини аҳолии мамлакат бо ҷойҳои корӣ аҳамияти калон дорад. Дар ин тадбир Президент ба таҷдид ва эҳёи иқтидорҳои иловагии корхона асос гузошт.

Баъдан бо иқдоми Президент соли 2007 лоиҳаи сохтори нави корхона мураттаб гардид. Пас аз ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояш ба Туркия, Федератсияи Россия, ИМА, Ӯзбекистон фаъолияти ҳамкории хориҷии корхонаро бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барқарор кард.

Муҳимтарин давра барои корхона сафари Президент ба шаҳри металлургҳо- Турсунзода ба шумор меравад. Сарвари давлат зимни мулоқот бо сокинони шаҳр чунин зикр кард:

- Шаҳри Турсунзода яке аз марказҳои бузурги саноатии мамлакат ба шумор рафта, дар он корхонаи пуриқтидори истеҳсоли алюминий бо маҳсулоти пурқимат ва стратегии худ шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ин корхона дар зарфи солҳои фаъолияташ ҳазорҳо коргарони дорои касби гуногунро ба камол расонида, ба мактаби тарбияву омӯзиши мутахассисон ва коргарони миллӣ табдил ёфтааст.

Корхонаи алюминий дар ин муддат на танҳо боиси болоравии сатҳи зиндагии мардум гардид, балки ҳамчун омили муҳими ташаккули маърифат, сатҳи маданият ва ҷаҳонбинии сокинони шаҳр ва гирду атрофи он хизмат кард. Ба шарофати ин корхонаи бузурги саноатӣ даҳҳо хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо ва истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо қомат афрохта, шаҳр симои замонавӣ пайдо намуд.

Дар давоми солҳои истиқлолият дар шаҳри Турсунзода даҳҳо мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ қомат афрохтанд, ки ин, албатта, ба пешрафти маорифу маънавиёт ва сатҳи маърифати мардум мусоидат менамояд.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас саъй хоҳад кард, зеро маориф ҳамчун соҳаи ояндасоз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати мо мебошад.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хирадмандона барномаи давра ба давра гузаштан ба ашёи хоми маҳаллиро дастур дод. Тибқи тадқиқи олимон Зуҳур Ёров, Шералӣ Кабиров, Асрор Муродиён дар дохили кишвар тамоми ҷузъҳои ашёи хом барои истеҳсоли алюминий мавҷуд мебошанд. Дар маросими оғози сохтмони Корхонаи истеҳсоли криолити Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт:

«Дар ин лаҳзаҳо мову шумо шоҳиди оғози сохтмони боз як иншооти нави саноатӣ дар ноҳияи Ёвон гардидем, ки барои истеҳсол кардан ва ба корхонаи бузургтарини кишварамон – «Ширкати Алюминийи Тоҷик» интиқол додани яке аз намудҳои асосии ашёи хом, яъне криолит, пешбинӣ шудааст ва ин иқдом давоми мантиқии сиёсати созандагиву бунёдкории Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки илова ба даҳ корхонаву иншооти саноатии ҳоло дар ноҳияи Ёвон фаъолиятдошта, бунёд ёфтани корхонаҳои нави хурду бузург ин ноҳияро тадриҷан ба яке аз марказҳои калони саноатии кишвар табдил медиҳад».

Ин суханони Сарвари давлат ҳоло тадриҷан амалӣ мегарданд. Соли гузашта Президент бо роҳбарияти яке аз калонтарин ширкатҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва металлургия – «Гленкор» мулоқот намуда, ҷанбаҳои ҳамкориро баррасӣ кард. Алҳол тибқи дастури Президент ҳамкорӣ бо «Гленкор» дар шакли қарордод дар арафаи иҷрошавӣ мебошад.

 Буҳрон иродаи  моро қавитар  хоҳад кард

 Дар даврони оғози  сохтори нав гурӯҳҳои тангназар бо  иборае  «иқтисоддонҳои маъруф» зидди ширкат ҷанги сард эълон намуданд. Ба қавли онҳо, беҳтар мебуд, корхонаро аз фаъолият боздошта, барқро ба фурӯш бароранд. Коргари одӣ низ медонист, ки ин пешниҳод «диверсияи иқтисодӣ» аст. Ба ин маъракаи ғаразнок Президент Эмомалӣ Раҳмон хотима гузошт. Сарвари давлат «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро — «Сарвати миллӣ» эълон намуд. Бо дастури Президент беҳтарин коршиносон, менеҷерҳо, сармоядорони хориҷӣ ба ширкат омаданд. Вакили Парлумони Аврупо Стивенсон, лорди Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Ҷеймс Брон корхонаро «ифтихор, дурдонаи саноати кишвар ва рамзи истиқлолияти мамлакат» ном бурданд.

Соли 2014 бо дастури Президент қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи тақвияти молиявӣ-техникии  корхона ба тасвиб расиданд. Сарвари давлат ба тарбияи  кадрҳо ва мутахассисони ширкат низ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мекунад. Ядрои роҳбарии корхона Садриддин Шарифов, Шералӣ Кабиров, Абдураҳмон Ҷӯраев, Шавкат Муъминов, Павел Дик, Игор Сатторов аз мактаби  идоракунии Президент гузаштаанд. Яке аз беҳтарин металлургҳои тоҷик- Садриддин Шарифов акнун барномаҳои инкишофи  соҳаро дар сатҳи Парламенти касбӣ ба ҳайси раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия амалӣ хоҳад намуд.

Наҷмуддини ШОҲИНБОД, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Алюминийи Тоҷикистон»