Сафаре, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба Тоҷикистон бештар кард

№73 (3710) 20.06.2017

DSC_0527Ташрифи Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон дар васоити ахбори оммаи ҷаҳон васеъ инъикос ёфт.  Дар хусуси аҳамияти ин сафар бо чанде аз  олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳиб шудем.

Саидумар Раҷабов - мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов: 

- Зимни мулоқоти Антониу Гутерриш бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар мавзӯъҳо масъалаҳои марбут ба об низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ӯ дар брифинги  баъди сафараш дар шаҳри Ню – Йорк изҳорот пахш намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ  намуна аст. Пешниҳод намуд, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин усули истифода сабақ омӯзад, ба он пайрав ва пуштибон бошад.

Антониу Гутерриш, ҳамзамон изҳори  ташвиш намуд, ки 30 фоизи пир­яхҳои Тоҷикистон об шудаанд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки ба мушкилоти обшавии пиряхҳо ҷиддӣ муносибат намуда, барои ҳалли он чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар натиҷаи ин сафари Антониу Гутерриш  таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба Тоҷикис­тон бештар шуд. Дар баробари ин, аксҳои зиёди Дабири кулли СММ бо манзараҳои зебои Тоҷикистон, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма нашр шуд, таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро ба Тоҷикистон зиёд менамояд.

 Иброҳим Саидов - мудири лаборатория оид ба захираҳои оби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, доктори илмҳои техникӣ:

- Масъалаи таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби нӯшокӣ сол то сол ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил ёфта истодааст. Ба гуфти коршиносон, баъди соли 2030, ки теъдоди аҳолии ҷаҳон аз 10 миллиард нафар мегузарад, ин масъала боз ҳам печидатар мегардад. Захираҳои оби Осиёи Марказӣ, ки  қисми зиёди он аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд, миёни ҷумҳуриҳои минтақа тақсим шудааст. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар тақсимот саҳми Афғонис­тон ба инобат гирифта нашуда буд. Ҳол он ки бо беҳтар шудани вазъият мумкин аст, ки 300000 гектар замини қисмати шимоли Афғонистон тавассути дарёи Аму обёрӣ шавад. Аз ин рӯ, ташвиши Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз обшавии пиряхҳои  Тоҷикистон бесабаб нест.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин дам чанд маротиба аз минбарҳои байналмилалӣ масъалаи босуръат обшавии пиряхҳоро ба миён гузошта буданд. Дарвоқеъ, боздоштани раванди босуръат обшавии пиряхҳо андешидани чораҳои қатъиро талаб мекунад. Чун Дабири кулли СММ вазъиятро аз  наздик дид, боварӣ дорем, ки дар самти ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби Осиёи Марказӣ мебошад, чораҳои фаврӣ меандешад.

Холназар Муҳаббатов -мудири шуъбаи географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои география:

- Имрӯз 80 давлати дунё аз оби тоза танқисӣ мекашанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001 аз минбари СММ нахустин шуда, мушкилоти оби тозаро бардошта буданд, ки он аз ҷониби кишварҳои зиёд ҳамовозӣ  пайдо кард. Бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикис­тон чанд чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи об баргузор гардиданд. Солҳои шастуми асри ХХ дар Осиёи Марказӣ 20 миллион нафар зиндагӣ мекарданд. Алҳол шумораи аҳолӣ дар минтақа ба 70 миллион расидааст. Агар заминҳои обёришаванда он солҳо 4 миллион гектарро ташкил дода бошад, имрӯз он 9 миллион гектарро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, оби Сирдарёву Амударё пурра ба баҳри Арал  нарасиданд. Сатҳи баҳр нисбат ба ҳолати аввалааш 37 метр паст шуда, 40000 километри мураббаъ хушк гаштааст. Бо ин сабаб офатҳои табиӣ чанд соли охир зиёд рӯй дода истодаанд.

Сафари Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон  фоли нек аст. Умед аст, ки бо  мақсади таҳқиқоти пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияи мукаммал ташкил шавад. Зеро аз охирин тадқиқоти Институти географияи Академияи  илмҳои Федератсияи Россия 50 сол гузашт. Он экспедитсияҳое, ки баъзан ташкил мешаванд, дар ҳайаташон ашхоси ғайримутахассис зиёданд. Бояд мутахассисонро ҷалб намуда, хулосаи аниқи  илмӣ барорем, то ки хатарҳо пешгирӣ шуда, чораҳои мутобиқшавӣ андешида шавад. Созмони Милали Муттаҳид метавонад чунин экспедитсияҳои барои минтақа хеле заруриро сарпарастӣ намояд.

 Мусоҳиб С. СУННАТӢ, «Садои мардум»