Саховати бештаре аз хайр кардани об нест

№40 (3677) 15.04.2017

768082Боиси хушнудист, ки 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҳаммуаллифии 193 кишвари аъзои СММ қабул намуд. Татбиқи даҳсолаи мавриди назар аз рӯзи ҷаҳонии захираҳои об- 22-юми март оғоз ёфта, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Ин чорабинӣ ҳамчун идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» (2005-2015) барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад намуд.

Бо қабули қатъномаи мазкур Тоҷикистон бори дигар ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани боз як ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари нуфузи бештар касб кардани кишвари мо дар ҷаҳони муосир аст. Аз ин рӯ, эҳтирому эътирофи пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ, ки аз ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи кишвар дар арсаи олам гувоҳӣ медиҳад, боиси ифтихори миллат аст.

Мо аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд фахр дошта бошем. Тоҷикистон дар олам бо номи «кишвари обҳои мусаффо» маълум буда, дар он анқариб 948 дарёи хурду бузург, 7 ҳазор пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаи одию маъданӣ ва обанбори зиёде мавҷуд аст.

Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат аст, ки сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут аст. Дар ҷое, ки об вуҷуд дорад, ҳаёт, ободӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Об дар ташаккули организм нақши муҳим дошта, маҳз ба воситаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меояд.

Яке аз масъалаҳои муҳими замони ҳозира ҳифзи сарватҳои табиат аст. Агар мо яке аз он сарватҳо- обро сарфакорона мавриди истифода қарор диҳем, барои тарзи солими зиндагӣ заминаи мусоид хоҳад буд.

Яке аз чор унсур, ки боиси ҳастии оламу одам аст, об мебошад. Об дар китобҳои осмонӣ зиёд тавсиф мегардад. Аз Паёмбари гиромиқадр Муҳаммад (с) мепурсанд, ки накутарин саховат кадом аст? Ӯ изҳор медорад: «Саховати бештаре аз хайр кардани об нест». Сарвари давлат низ барҳақ иброз доштаанд, ки: «Арзиши об аз нафту газу ангишт ва дигар анвои сӯзишворию захираҳои энергетикӣ ҷиҳати устувории мамлакат ва минтақа кам нест».

Бо ибтикори раиси ноҳияи Фархор Вализода Сулаймон Кабут ҷиҳати ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии диёр Муроҷиатнома ба бошандагони ноҳия қабул гардид, ки дар байни сокинони касбу кори гуногун ҳамовозии гарму самимӣ пайдо намуд.

Дар ин робита шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Бахши ҳифзи муҳити зист тибқи нақшаи чорабиниҳо як қатор корҳоро амалӣ намуд. Бо дастгирии ташкилоту идораҳои дахлдор созмон додани ҳамоиши умуминоҳиявӣ ба муносибати эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гузаронидани озмуни «Об-сарчашмаи ҳаёт» дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Алихон Хидиров