Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Саноатикунонии босуръат ва таҷрибаи ҷаҳонӣ

№24 (3974) 02.03.2019

14053937_1121662381237280_8651397285564726882_oМардуми шарифи кишвар 26 — уми декабри соли 2018 тавассути воситаҳои ахбори омма Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунидаю тамошо намуда, аз дастоварду пешравиҳои ҷумҳурӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ ба дурнамои рушди кишвар шинос шуданд.

Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид қайд намуданд, ки «Ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» — иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».

Агар ба таърихи рушди кишварҳои гуногуни олам назар андозем, мебинем, ки таъмини соҳаҳои иқтисодиёт бо энергия яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Коршиносе таъкид намудааст, ки агар иқтисодиётро ба қатора шабеҳ диҳем, ҳаракатдиҳандаи он энергетика мебошад. Лекин барои он ки ҳаракатдиҳанда иқтисодиётро пеш бурда тавонад, бояд дорои чарху бозуи пурқувват бошад. Моҳиятан чунин дасту бозуи пурқувват саноати вазнин аст.

Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои гуногуни олам нишон медиҳад, ки аксар давлатҳои мутараққӣ ба рушди саноат ва саноатикунонӣ, барои аз кишвари аграрӣ — индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аг­рарӣ табдил додан диққати махсус додаанд.

Масалан, В. И. Ленин рушди энергетика (ГОЭЛРО), саноатикунонии мамлакат (панҷсолаи 1), аз мамлакати аграрӣ-индус­триалӣ ба мамлакати индус­тралӣ — аграрӣ табдил додани ИҶШС — ро гарави асосии устуворӣ ва инкишофи он медонист.

Низоми саноатикунонии ҳар як кишвар бояд тартибу мантиқ ­дошта бошад. Афзудани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба он мувофиқ кардани системаи фаъоли корхонаҳои саноатӣ баҳри коркарди пурра дар дохили кишвар қадами устувор баҳри тақвият додани соҳаи саноат аст. Дар тамоми давраи мавҷудияти ИҶШС зина ба зина ба кишвари саноатии бузург табдил ёфтан риоя гардидааст. Дар ИМА низ саноатикунонӣ ибтидои асри ХХ мушоҳида мешавад. Олмони нимаи якуми асри гузашта пас аз Ҷанги якуми ҷаҳон ба кишвари саноаташ азкормондаву иқтисодиёташ фалаҷ табдил ёфт, вале пас аз солҳои сиюм якбора тамоми инфрасохтори иқтисодиаш ба кор даромада, яке аз давлатҳои пурқуввати минтақа ва ҷаҳон шуд. Ҷопон, Фаронса, Чин, Корея, Туркия ва дигар давлатҳо низ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бо роҳҳои гуногун рушди саноатро таъмин карда тавонистанд. Ва қобили зикр аст, ки ҳар яке ба кишвару миллат хосро интихоб намуд. Масалан, Ҷопон бо равонакунии маблағҳои асосӣ барои омодакунии мутахассисони зарурӣ, Чин бо ташкили корхонаҳои хурди хусусӣ дар ин ҷода комёб шуданд.

Таҷрибаи Ҷопон бештар ҷолиби диққат аст. Чунонки зикр намудем, равона гардидани 50 дарсади даромади Ҷопон ба соҳаи маориф аз ҳисоби манъи тақвият бахшидани неруҳои ҳарбӣ пас аз шикаст дар Ҷанги дуюми ҷаҳон сабаб шуд. Ҳар мутахассиси ҷопоние, ки берун аз давлат фаъолият менамуд, донишҳои техникию технологиро сари вақт ба ватан мерасонид. Ҳар гоҳе ки ин мутахассисон ба кишвар меомаданд, курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ташкил мекарданд, ки аз 18 вилоят дар он намоянда иштирок мекард. Дар навбати худ намояндаи вилоятҳо дар минтақаҳо ба фиристодагони ноҳияҳо ва онҳо ба мутахассисони корхонаҳои ноҳиявӣ навгониҳоро мерасониданд.

Инчунин, барои ҳар як ҷопонии дорои маҳорати пешбарандаи истеҳсолот имкон дода шуд, ки аз кӯчактарин асбоб то бузургро дар корхонаҳои хурд истеҳсол намояд. Дар оянда миёни корхонаҳои хурд рақобати солим шадид гардида, бо муттаҳидшавӣ, харидорӣ аз ҷониби рақибон ва дигар роҳҳо ба корхонаҳои миёна табдил ёфтанд. Ин раванд то замоне такрор ёфт, ки корхонаҳои дар рақобат мағлубшуда ба таркиби корхонаҳои саноатию истеҳсолии бузург ворид гардиданд. Алҳол саноати Ҷопон дар сафи пеши корхонаҳои саноатии олам қарор дорад. Албатта, ба ин иродаи мустаҳками ҷопониҳо, ки тамоми мушкил ва азобро паси сар карда метавонанд, низ мусоидат кард.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди саноатикунонӣ аз даврони шӯравӣ оғоз ёфта буд. Он замон кишвар барои Давлати Шӯравӣ манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт. Дар он давра имкониятҳои зиёде мавҷуд буданд, ки маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда бо ташкил кардани корхонаҳои зиёди саноатӣ дар дохили ҷумҳурӣ коркард ва ба маҳсулоти тайёри саноатӣ табдил дода шавад, вале мутаассифона, ин тавр нашуд.

Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки иқтисодиёти кишвар фалаҷ гардида, соҳаи саноат аз фаъолият бозмонда буд, тадриҷан бо талошу заҳматҳои Роҳбари хирадманди кишвар эҳё гардид.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшишҳои пайгиронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз кишвари аграрию индус­триалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ (ҳадафи чоруми стратегӣ) табдил додани ҷумҳурӣ иқдоми қобили мулоҳиза, арзандаи ситоиш ва ҷасурона мебошад. Барои ба кишвари индустриалӣ табдил ёфтан, пеш аз ҳама, мавҷудияти ду омили асосӣ — энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасох­тори нақлиётӣ зарур аст. Хушбахтона, аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доштанд, иҷро шуданд, ки заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум ба ҳисоб мераванд. Дар эълон гардидани ҳадафи чорум сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешрафта мубаддал кардани кишвар баръало ҳис мекунем.

Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат, инчунин таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар аст.

ТалкоМоҳияти ин иқдоми бузург дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба саҳеҳу асоснок бозгӯйӣ шудааст: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ — индустриалӣ ба индуст­риалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем… Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 1999 корхонаи саноатӣ амал мекунад, ки аз саноати истихроҷ, саноати коркард, истеҳсоли неруи барқ, газ ва об таркиб ёфтаанд.

Дар баробари омилҳои дигар, якчанд пешниҳодро барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва гузаштан аз шакли аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ ироа намудан мумкин аст.

Пеш аз ҳама, саноатикунонии кишвар мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникиро талаб мекунад. Барои ин бояд базаи моддию техникии донишгоҳҳои омодакунандаи кадрҳои техникӣ (асосан ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) мустаҳкам ва кадрҳои ҷавобгӯйи талабот омода карда шаванд. Бо ин мақсад кадрҳои илмӣ-педагогии техникиро дар хориҷи кишвар (ба таври муваққатӣ) низ тайёр намудан аз манфиат холӣ нест.

Ҷалби бештари маблағҳо ва сармоягузории ватанию хориҷӣ барои омодакунии кадрҳои илмию педагогии техникӣ, тайёркунии муҳандисон ва таъсиси корхонаҳои хурд ва миёнаи саноатӣ низ ба рушди саноатикунонӣ таъсири мусбат мерасонад.

Ташкили таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзии кадрҳои дар корхонаҳои саноатӣ фаъолияткунанда дар корхонаву муассисаҳои саноатии хориҷа баҳри дар оянда ба роҳ мондани таҷрибаи пешқадам дар саноати кишвар ин равандро тақвият мебахшад.

Муҳимтар аз ҳама, бо ташкил кардани коргоҳҳои хурди саноатӣ, ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорвопарварӣ дар дохили ҷумҳурӣ таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба хориҷа содир намудани маҳсулоти тайёри хӯрока имконпазир мегардад.

Озод кардан аз андозу боҷи гумрукӣ (барои муддати муайян) ва додани имтиёзҳо ба корхонаҳои саноатии хурду миёна, ҷустани роҳҳои таҳкимбахшандаи фаъолияти саноатӣ мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои созмон додани корхонаҳои бузурги саноатӣ имкон фароҳам меорад. Қайд намудан бамаврид аст, ки соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар раванди расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар саҳмгузор бояд бошанд. Зарур аст, ки ҳар соҳа мувофиқи неруи ақлонӣ, ҷисмонӣ ва имконияти молиявию истеҳсолӣ дар ин роҳ қадами устувор гузорад.

Бегуфтугӯ, назорати ­қатъии истифодаи имконияту иқтидорҳо дар раванди саноатикунонӣ ҳатмист, зеро мувофиқи мақсад ба роҳ мондани сарфи маб­лағҳои ҷудошуда роҳро ба ҳадафи стратегӣ кӯтоҳ мекунад.

Тавре дар баромадҳояшон Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд, бо дилу нияти ояндабинонаи нек, нангу ори миллии ба тоҷикон хос ва неруи созанда бояд баҳри амалисозии ин ҳадаф кӯшиш намоем. Ҳеҷ бегона хонаи моро обод ва моро хурсанд карда наметавонад. Ҳар як мамлакат барои пешрафт ва манфиатҳои миллӣ сиёсатро пеш мебарад. Танҳо зарур аст, ки дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, Тоҷикистони саноатиро созем. Давлатҳое, ки рӯ ба саноат овардаанд ва пояи саноати миллиро мустаҳкам доштаанд, зиндагии осудаҳолонатар доранд.

Амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонию имонии масъулину кормандони тамоми вазорату идора, муассисаю ташкилот ва мардуми шарафманди кишвар аст.

Ҳ. ОДИНАЗОДА, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, аъзо — корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор,

М. АБДУЛЛОЕВ,  муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДТТ, номзади илмҳои техникӣ,

Ф. ЮНУСОВ,  муаллими калони кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт»-и ДТТ