Назаре ба бунёдкориҳо дар кишвар

«Саноатсоз». Табдили тахайюл ба воқеият саҳл аст

№116 (3753) 30.09.2017

DSC_4253

Фаъолияти пурмаҳсул ва муназзами дилхоҳ соҳа ба мавҷудияти заминаи мукаммали қонунгузорӣ рабт дорад. Ин аст, ки ба таври мунтазам аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат ҷиҳати такмил додани қонунгузории ҷорӣ тадбирҳо амалӣ мегарданд. Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2012 инҷониб мавриди амал қарор гирифтааст, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим менамояд. Меъёрҳои кодекси мазкур асоси фаъолияти шаҳрсозиро ташкил медиҳанд ва риояи онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад. Дар заминаи ин кодекс, ки аз дастовардҳои мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар маҳсуб меёбад, Қонуни ­Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони манзилҳои шахсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти иқтисодии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо барои қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» аз эътибор соқит дониста шуданд.

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки имрӯз бо шарофати соҳибис­тиқлолии Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас рӯи кор омадаанд. Дар ҳамин радиф, бахши меъморӣ ва сохтмон низ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гаштааст. Рӯз то рӯз вусъат ёфтани эъмори иншооти гуногун далели возеҳи пурмаҳсул ва муназзам будани фаъолияти меъморону сохтмончиёни кишвар аст, ки натиҷаҳои онро ҳар рӯз мушоҳида мекунем. Табиист, ки дар татбиқи талаботи кодекси мавриди назар саҳми пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ назаррас мебошад, зеро онҳо ба маънои томаш заминагузори бунёдкориҳо маҳсуб мешаванд.

Эътироф бояд кард, ки бисёриҳо доир ба заҳмати меъморону лоиҳакашон ва мушкилоти ин касб маълумоти кофӣ надоранд, заҳмати онҳоро қобили мулоҳизаву арзандаи ситоиш намедонанд. Ҳол он ки заҳмати ҳунарманд бояд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, зеро ин як роҳи рӯҳбаланд намудани ҳунарманд аст. Ба қавли Ҷомии бузургвор:

З-он ҳунарманд меканад ҷоне,

К-аш ситоиш кунад ҳунардоне.    

ҶСК «Саноатсоз»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати макони асосии тавлиди лоиҳаи ҳама гуна иншооти сохтмонии мамлакатамон дар рушду нумӯи ин соҳа нақши назаррас дорад. Фаъолияти пажӯҳишгоҳ аз соли 1961 оғоз шудааст. Соли 1963 ба ихтиёри Шӯрои хоҷагии халқи Осиёи Миёна (Средазсовнархоз), охири ҳамон сол ба тобеияти ГОССТРОЙ СССР ва дар охири соли 1965 ба зерсохтори ГОССТРОЙ РСС Тоҷикистон табдил ёфтааст. Соли 1999, тибқи қарори Коллегияи Кумитаи давлатии амволи мамлакат, ба ҶСШК «Гипропром» табдил ёфта, соли 2010 ҶСК «Саноатсоз»-и назди Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ номгузорӣ шудааст.

Муҳимтар аз ҳама, ҶСК «Саноатсоз» ягона пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар асоси дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату кумитаҳо ва шаҳрвандони алоҳида дар самти сохтмони корхонаҳои саноатӣ фаъолияташро роҳандозӣ намудааст ва нишондиҳандаҳои фаъолияташ дар ин самт ҷавобгӯйи талабот мебошад. Иншооти қабули меҳмонони олиқадр дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, Боғи фарҳангу фароғатии роҳи оҳанчиён дар шаҳри Кӯлоб, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Балҷувону Варзоб, Литсей-интернат дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази савдою истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе, матбаа дар ноҳияи Данғара, шаҳраки сохтмончиёни НБО-и «Сангтӯда», заводи сементбарорӣ бо иқтидори 72 ҳазор тонна дар як сол дар Харангон, иморати нуҳқабата бо маркази савдо дар шаҳри Душанбе, Заводи кабелбарорӣ дар шаҳри Душанбе, заводи хишт дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Данғара, маркази савдою истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе, минтақаи саноатӣ дар майдони сохтмонии НБО-и «Роғун», нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷамъи дастовардҳои пажӯҳишгоҳ «муште аз хирвор аст».

Аз суҳбат бо директори пажӯҳишгоҳ Баҳром Мализода маълум гардид, ки дар давоми соли ҷорӣ лоиҳаи бинои истиқоматии нуҳошёна, бо ҷойгир намудани маркази хизматрасонии маишӣ дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Н. Қарабоев, азнавсозии низоми равшанидиҳии Боғи устод Рӯдакӣ, Комбинати металлургии тоҷик, бо иқтидори истеҳсолии 120 ҳазор тонна арматураи сохтмонӣ дар як сол дар шаҳри Ҳисор, ободонии гулгашти Низоми Ганҷавӣ бо ободонии дарёи Лучоб, мутобиқгардонии лоиҳаи масҷиди калон дар шаҳри Душанбе ва ғайраро аз экспертизаи давлатӣ гузаронида, ба фармоишгарон пешниҳод шудааст. Ҳамзамон, лоиҳаҳои ангоравии гулгаштҳо ва минтақаҳои сабзкорӣ дар шаҳри Душанбе бо сифати баланд омода гардидаанд.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, нақши пажӯҳишгоҳ дар раванди корҳои сохтмонӣ хеле арзанда буда, марҳилаи асосии эҳёи он ба солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон рост меояд. Маҳз дар ҳамин айём доираи фаъолияташ бамаротиб васеъ гашта, заминаи моддиву техникии он пурқувват гардидааст.

Ҳоло дар пажӯҳишгоҳ лабораторияҳои илмӣ, устохонаи лоиҳакашӣ, шуъбаҳои гуногун амал менамоянд. Агар гӯем, ки доир ба ҳама самтҳои соҳаи сохтмон ҷСК «Саноатсоз» фаъолияташро дар сатҳи хуб амалӣ карда метавонад, муболиға нахоҳад буд, — изҳор дошт Баҳром Мализода. Аз ин бармеояд, ки дар саргаҳи бунёди иншооти зиёди кишвар маҳз пажӯҳишгоҳи мазкур қарор дорад. Табиист, ки кормандони ҶСК «Саноатсоз» аз ин ифтихор доранд ва дар оянда баҳри беҳбуд бахшидани сифати хизмат­расонӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияташон аз тамоми имконият самаранок истифода намуда истодаанд.

Самти асосии фаъолияти пажӯҳишгоҳ, пеш аз ҳама, лоиҳакашӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, фаъолияти он дар бахшҳои дигари ба сохтмону меъморӣ рабтдошта, аз ҷумла муоинаи техникии иншоот, нархгузории сохтмон тибқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давоми мавҷудият вобаста ба талаботи замон ва самтҳои фаъолияти лаборатория, шуъба ва равияҳои нав таъсис дода шуданд. Тӯли фаъолияти зиёда аз чилсола дар бойгонии ҷСК «Саноатсоз» теъдод ва номгӯйи зиёди матолиби тадқиқотӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки онҳо дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шудаанд. Табиист, ки дар пешварии кор ва хуб гардидани нишондиҳандаҳои меҳнатӣ саҳми роҳбарият ва кормандони он муассир аст. Кормандони пажӯҳишгоҳ, ки аз мутахассисони беҳтарини соҳа маҳсуб мешаванд, барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани фаъолияти пажӯҳишгоҳ тамоми неруи зеҳнии хешро сарф карда истодаанд.

- Муассир будани саҳми ҶСК «Саноатсоз» дар бунёди иншооте, ки муассисаҳои сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ дар кишварамон бунёд менамоянд, пеш аз ҳама, дар пешниҳоди хизматрасонии баландсифат, таҷрибаи зиёди фаъолият ва сатҳи баланди тахассусии кормандон зоҳир мегардад. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки дар давоми даҳ соли охир аз ҷониби пажӯҳишгоҳ номгӯйи зиёди иншоот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки қисмати зиёди онро иншооти воқеъ дар шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд, — мегӯяд Баҳром Мализода.

Ҳоло дар пажӯҳишгоҳ коллективи хеле пурқуввати меҳнатӣ фаъолият дорад. Бо вуҷуди ин, бо ибтикори бевоситаи роҳбарият мунтазам бозомӯзии онҳо ба роҳ монда мешавад. Кормандони пажӯҳишгоҳ дар семинарҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳо ширкат варзида, малакаи хешро такмил медиҳанд.

Бобати ҷалби мутахассисони ҷавон аз донишгоҳу донишкадаҳо низ як қатор корҳо ба сомон расидааст. Таҷрибаи ҷалби донишҷӯёни курсҳои болоӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳия ва коркарди лоиҳаҳо дар пажӯҳишгоҳ хеле маъмул аст.

- Ин омил имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯ ҳамзамон бо таҳсил маблағ ба даст оварда, дар оянда мутахассиси хуб гардад. Ба ғайр аз ин, пажӯҳишгоҳ маблағи таҳсили ҷавонони фаъолро, ки оянда тасмими фаъолият дар пажӯҳишгоҳро доранд, пардохт менамояд,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Баҳром Мализода.

Дар маҷмӯъ, муътақид гардидем, ки ҳадафи кормандони Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Саноатсоз» саҳм гузоштан дар раванди бунёдкориҳои Ватанамон буда, азмашон қавӣ аст.

 Далер Мерганов,

«Садои мардум»