Мавзӯи рӯз

Сарфи назар аз омилҳои таъсиррасон истеҳсолот ва иқтисодиёт рушд кардааст

№58 (3359) 22.04.2015

Зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҷумла зикр намудаанд: «Бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа дар соли 2014 мо тавонистем, ки рушди иқтисоди мамлакатро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, иҷрои дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоиро тибқи ҳадафҳои афзалиятноки худ таъмин намоем. Дар ин давра Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 45,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фоизро ташкил кард.

Даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли пешин 12 фоиз зиёд шуда, ба 23,8 миллиард сомонӣ баробар гардиданд ва пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 21 фоиз афзоиш ёфтанд.

Чораҳои сари вақт андешидаи Ҳукумат имкон доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи меъёри барномавии пешбинишуда ва ҳатто камтар аз он нигоҳ дошта шавад».

Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки таҳаввулоти чанд вақти охири ҷаҳон, ки аз сардшавии муносибот ва шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо маншаъ гирифтааст, ба рушди истеҳсолот ва иқтисодиёти қисмати аъзами кишварҳои сайёра латма ворид намудааст.

Тибқи иттилои аз маркази матбуотии Бонки миллии кишвар дастрасшуда, дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ  дар мамлакат ба 8,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,3 фоизро ташкил намудааст. Коҳиш ёфтани суръати афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ки ба 1,7 банди фоизӣ рост меояд, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсурҳои талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва ноустувории иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, рабт дорад.

Сарфи назар аз ин омилҳо, раванди рушди истеҳсолот ва пешниҳодоти молу маҳсулоти ватанӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ 16,7 фоиз, гардиши савдои чакана 10,7 фоиз, кишоварзӣ 5,3 фоиз ва сохтмон 0,9 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Иттилоъ гирифтем, ки дар давраи мавриди  назар сатҳи таваррум 1,5 фоизро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки коҳишёбии талаботи дохилӣ ва даромаднокии аҳолӣ ба паст гардидани сатҳи таваррум дар кишвар мусоидат намудааст. Коршиносони соҳа ба он назаранд, ки таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти озуқа 2,1 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,9 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар ин росто, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 6,5 фоизро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 банди фоизӣ зиёд мебошад. Сатҳи таварруми аслӣ, бе дарназардошти омилҳои ғайримонетарӣ, дар ин давра 0,5 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми аслии солона бошад, дар ин давра ба 1,3 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Нуктаи муҳим он аст, ки дар моҳҳои январ- марти соли ҷорӣ коҳишёбии нархи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла картошка 18,7 фоиз, сабзӣ 9,4 фоиз, гӯшти гов 4,8 фоиз, гӯшти гӯсфанд 1,9 фоиз, асал 2,9 фоиз, тухм 2,0 фоиз ва нахӯд 5,3 фоиз ба амал омад, ки ин омил  ба ташаккулёбии сатҳи таварруми аслӣ замина гузошт.

Дар ин росто, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки гардиши савдои хориҷии мамлакат дар моҳҳои январ – марти соли равон 966 миллион доллари ИМА-ро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз кам аст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 13,7 фоиз ва бо кишварҳои дигари хориҷа 9,8 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ба номуътадилии вазъи сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пул ва ба ин васила паст гардидани сатҳи талабот дар бозор алоқамандӣ дорад.

Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, ҳаҷми содироти молҳо дар семоҳаи аввали соли равон 214,5 миллион доллари ИМА- ро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамрадиф бо нишондиҳандаҳои мазкур, воридоти молҳо 751,7 миллион доллари ИМА- ро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин раванд, пеш аз ҳама, дар натиҷаи коҳишёбии талабот ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маводи сохтмон, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, маҳсулоти маъданӣ, инчунин нисбатан зиёд гардидани ҳаҷми содирот ба миён омад.

Аз далелу арқоми фавқуззикр ба хулосае омадан мумкин аст, ки авзои ҷаҳон дар навбати аввал ба истеҳсолот ва  иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад. Самаранок ва сари вақт истифода гардидани имконот ва захираҳои мавҷуда дар чунин шароит зарур ва ногузир аст.

Хушбахтона, дар заминаи иқдомоти  саривақтии Ҳукумати мамлакат, дар муқоиса ба давлатҳои дигари  олам, таъсири ин раванд ба иқтисодиёту истеҳсолоти кишвар чашмрас нест.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»