Сатторӣ Иззатулло: Ҷашни Меҳргонро бо дастовардҳои ҷолиб пешвоз мегирем

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

Без имени-1Дар арафаи иди Меҳргон бо хоҳиши хабарнигори рӯзнома вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Сатторӣ Иззатулло андешаҳояшро чунин баён кард:

- Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳар сол дар фасли тирамоҳ, дар мавсими ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи марди деҳқон Рӯзи кишоварзон ва Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Иди кишоварзон ва Меҳргон имсол дар фазое таҷлил мегардад, ки халқи меҳнатқарини мо дар зери таассуроти баланд аз тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Меҳргон аз қадимтарин ҷашн­ҳои ниёгон мебошад, ки бо пойдор гардидани тақвими вақт дар кишоварзӣ чанд ҳазор сол қабл байни мардуми ориёинажод, ки кишоварзони асил будаанд, таҷлил карда мешуд ва алҳол шукӯҳу шаҳомати нав ба нав касб кардааст. Замоне зери таъсири сиёсати шӯравӣ бо баҳонаи куҳнапарастӣ хостанд шаҳомати Меҳргонро аз байн бубаранд. Аммо миллати куҳанбунёди тоҷик ба хотири аз байн нарафтани ин ёдгории гузаштагон онро ба иди ҳосилот табдил намуд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Меҳргон умри дубора бахшид. Мувофиқи илми нуҷумшиносӣ моҳи меҳр дар солшумории шамсӣ баробар ба моҳи октябри солшумории григорӣ буда, моҳи оромию осоиш аст, аммо дар асл кишоварзон дар ин давра лаҳзае оромӣ надоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши кишоварзиро яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ дониста,  таъмини амнияти озуқавории мамлакатро аз сатҳи рушди кишоварзӣ вобаста баҳогузорӣ намудаанд. Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ бо дарки амиқу ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни вохӯриҳояшон бо кишоварзони кишвар рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва пурнозу неъмат гардонидани дастурхони аҳолӣ ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд. Дар арафаи ҷашни мубораки Меҳргон ташкили намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ дар ноҳияи зебоманзари Варзоб, парвариши картошка ва занбӯри асал дар минтақаи Канаски шаҳри Ваҳдат, таҷлили идҳои харбуза, асал ва тарбуз далели таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидани барномаҳои мақсаднок ба рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва тухмипарварӣ, такони ҷиддӣ бахшида тавонист. Қабули «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» қадами мустаҳкам дар раванди амалисозии рушди босуботи кишоварзӣ мебошад. Итминони комил дорем, ки бо амалӣ гардидани барномаҳои мазкур ҷумҳурии мо дар оянда ба пешрафту дастовардҳои бузург комёб мегардад.

 Таҳияи Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»