Семоҳаи аввали соли 2017. Содирот афзуда, воридот коҳиш ёфт

№46 (3683) 29.04.2017

Экспорт товаров и услугТоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ мақоми худ­ро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳамкориҳои судмандро дар доираи сиёсати дарҳои боз бо кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшид.

Айни замон Тоҷикис­тон бо беш аз 100 кишвари дунё робитаи тиҷоратию иқтисодиро барқарор намуда, корҳои зиёд барои ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ, махсусан бо Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба анҷом расиданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид. Узвият дар ин созмони бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании ба содирот нигаронидашуда, болоравии маърифати соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд. Мувофиқи маълумоти омории мақомоти гумрук, гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар маҷмӯъ 3 миллиарду 930,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2015, ки 4 миллиарду 327,0 млн. долларро ташкил медод, 396,7 млн. доллар кам шудааст.

Омӯзиш ва таҳлили гардиши тиҷорати хориҷӣ нишон дод, ки соли 2016 бинобар идома ёфтани ноустувории вазъ дар бозори ҷаҳонӣ ва вазъияти сиёсӣ дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла пастравии иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратӣ, талабот ба як қатор молу маҳсулоти содиротию воридотӣ кам гардидааст. Дар ин замина, гардиши тиҷорати хориҷии мамлакат аз ибтидои соли 2016 давра ба давра коҳиш ёфта, коҳишёбии он нисбат ба соли 2015 — ум 9,2 фоизро ташкил намуд.

Аз рӯи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, моҳҳои январ – марти соли 2017 гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ 775,7 млн. доллари ИМА — ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2016 — ум 11,3 фоиз ё 98,5 млн. доллар кам мебошад. Тоҷикис­тон дар ин давра бо 93 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 кишвари аъзои ИДМ ва 83 мамлакати хориҷии дур, робитаи тиҷорати хориҷӣ дошт.

Бештар аз 466,7 млн. доллари гардиши тиҷорати хориҷӣ ба кишварҳои аъзои ИДМ рост меояд, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2016-ум 115,8 фоизро ташкил медиҳад. Ба мамлакатҳои хориҷии дур бештар аз 309,0 млн. доллар рост меояд.

Соли 2016 содироти молу маҳсулот бештар аз 5 миллиарду 678,4 млн. доллар ва воридот 19 миллиарду 191,1 млн. долларро ташкил додааст. Нуктаи ҷолиб он аст, ки моҳҳои январ – марти соли 2017 содироти мол 230,1 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ — марти соли 2016-ум 16,9 фоиз ё 33,3 млн. доллар зиёд шудааст.

Инчунин, воридоти мол ба ҷумҳурӣ 545,6 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2016-ум 19,4 фоиз ё 131,7 млн. доллар кам аст.

Шарикони асосии кишвар Россия (ҳаҷми гардиши молаш баробар ба 221,1 млн. доллари ИМА аст), Қазоқистон (192,9), Ӯзбекистон (23,0), Туркманистон (12,8), Хитой (84,0), Туркия (63,7), Эрон (22,0), Афғонистон (18,5), Швейтсария (1,6) ва ИМА (19,7) мебошанд.

Муносибати Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки таҷдиду рушди Аврупо, Бонки Осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ ва фонди кишварҳои мухталиф дар сатҳи хубу сифати баланд аст. Солҳои 2015-2017 ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ беш аз 16 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шуд, ки зиёда аз 6, 5 миллиард сомонии онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Сармояи ҷалбгардида асосан ба соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, хизматрасонии молиявӣ, кишоварзӣ ва соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ равона гардид.

Манзура ҚАРМИШЕВА,

коршиноси масоили иқтисодӣ