Шӯрои ҷамъиятии «Тоҷикстандарт» доир шуд

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» шӯрои ҷамъиятии машваратӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласаи Шӯро як қатор масъалаҳо, аз ҷумла барномаи таҳияи стандартҳои давлатӣ, баррасии лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»,  амалӣ намудани Стратегияи инфрасохтори сифат, нақшаи фаъолияти Шӯро дар соли 2013 ва дигар масоили марбут ба фаъолияти он муҳокима ва баррасӣ гардид. Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» иҷрои танҳо талаботи ҳатмии регламентҳои техникиро дар қисмати бехатарӣ ба маҳсулот ва хизматрасонӣ муайян менамояд. Барои иҷрои талаботи мазкур дар Агентии «Тоҷикстандарт» коргузории соҳаи назорати давлатӣ, сертификатсия ва ташхиси маҳсулот дар асоси талаботи регламентҳои техникиро  ба роҳ мондаанд.

Дар ҷаласаи мазкур  оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат инчунин аз тарафи аъзои он якчанд таклифу пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», сари вақт иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии «Сифат» барои солҳои 2013-2015», ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни «Сифат аз нигоҳи кӯдакон»,  дар баробари дигар вазорату идораҳо  ҷалб намудани Иттиҳоди истеъмолкунандагон,  барои пешбурди кор ва сари вақт баррасӣ кардани  масъалаҳои нақшаи фаъолияти Шӯро аз ҳисоби аъзои он таъсис додани гурӯҳи корӣ пешниҳодот иброз шуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,  «Садои мардум»