Ш. Солеҳов: «Аз 66 гектар гармхона дар панҷ моҳ 1432 тонна сабзавот ҷамъоварӣ шуд»

№82 (3719) 11.07.2017

parnik-1024x658Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз январ то июни соли равон дар кишвар дар майдони 66 гектар гармхонаҳои доимӣ фаъолият намуданд, ки ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 гектар зиёд мебошад. Дар ин муддат кишоварзони кишвар тавонистанд масоҳати гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, дар он сабзавоти гуногун, аз қабили помидор дар 35 га, бодиринг 12 га ва ғайраро кишт намоянд.

Аз ин гармхонаҳо 1432 тонна маҳсулоти тару тоза ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ин миқдор  698,9 тонна помидор, 354,2 тонна бодиринг ва 378,7 тоннаашро дигар сабзавот ташкил  медиҳад.

Муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Солеҳов  гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси гармхонаҳои  доимӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва баҳор таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тарутоза мебошад. Аз сабабе ки фаъолият дар майдонҳои кушод дар давраи тирамоҳ маҳдуд мешавад, истифодаи гармхонаҳои доимӣ барои таъмини мардум бо сабзавоти тарутоза айни муддаост.

Номбурда афзуд, ки фаровонҳосилии гармхонаҳои доимӣ ба тухмиҳои гибридӣ рабт дорад, ки ҳосилнокиашон баланд аст.

Сарфи назар аз ин омил эътироф бояд кард, ки масоҳати гармхонаҳои доимӣ дар кишвар қаноаткунанда набуда, масъулини баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар ба ин масъала бетафовутанд. Далели ин гуфта моҳҳои март ва апрели соли равон то ба 20 ва 15 сомонӣ расидани нархи помидор ва бодиринг  дар бозорҳои пойтахт мебошад.

Шамсиддин Солеҳов ба он назар аст, ки имрӯз ягона мушкил барои сохтани гармхонаҳои доимӣ норасоии маблағ мебошад. Аз он ки имсол назар ба солҳои қаблӣ лимити барқ дар кишвар хеле барвақт аз байн бардошта шуд, фаъолияти гармхонаҳо беш аз пеш тавсеа ёфт.

Агар як сабаби гарон будани нархи помидору бодиринг ва дигар сабзавоти дар гармхонаҳо истеҳсолгардида ба хароҷоти истеҳсолии онҳо вобаста бошад, омили дигар миёнаравон ва фурӯшандагони бевиҷдон  маҳсуб мешаванд.

Дар маҷмӯъ, тавсеаи фаъолияти гармхонаҳо ҷанбаҳои мусбати зиёд дорад, ки дарки пурраашон аз ҷониби масъулини мақомоти зиддахл ба манфиати кор хоҳад буд.

Хусрав ШОҲСАИДОВ