13 август – Рӯзи кормандони сохтмон

Шаҳнози шаҳрсоз

№96 (3733) 12.08.2017

Шахноз2Дар солҳои соҳибистиқлолӣ  соҳаи сохтмон рушд кард ва ба шарофати дастони пурэъҷози лоиҳакашон, меъморон, сохтмончиён, васлгарон ва дигар кормандону мутахассисони соҳа симои шаҳру деҳоти кишвар тағйир ёфта, зебову дилработар шуд.

Шаҳноз Раҳматуллоева  аз зумраи бонувони камшуморест, ки бо касби меъморӣ шӯҳратёр гаштааст. Эҷодкору ҳуснофарин аст. Ӯ соли 1991 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси меъмор хатм карда, то соли 1999 ба сифати омӯзгор дар кафедраи «Меъморӣ ва дизайн» шуғл варзидааст. Ҳамчунин ба корҳои илмӣ машғул шуда, дар Донишкадаи меъмории шаҳри Москва (соли 1999) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Солҳои 2000-2005 зимни фаъолият дар коргоҳи эҷодии Меъмори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Зуҳуридинов, дар таҳияи лоиҳаҳои бузург ва иншооти ҷашнӣ иштирок намудааст. Моҳҳои март — майи соли 2005 ҳамроҳ бо мутахассисони Институти умумироссиягии арзизи шаҳри Санкт-Петербург дар азнавсозии Корхонаи  арзизи Тоҷикис­тон саҳмгузорӣ кардааст.

Соли 2006 ба чанд лоиҳаи ҶСК НИПИИ «САНИИОСП» роҳбарӣ карда, аз соли 2010 то соли 2016  сармеъмори ин пажӯҳишгоҳ буд. Инак, беш аз як сол аст, ки сарвари Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» аст.  Ӯ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошад. 

- Ман хушбахтам, ки дар корҳои созандагию ободонӣ саҳмгузорӣ менамоям, зеро мақсаду мароми роҳбарияти кишвар ба ин самт равона гардидааст. Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ вусъат  меёбанд, — мегӯяд         Ш. Раҳматуллоева.

Воқеан, нақши дастон  ва маҳсули эҷоди ин бонуи бунёдкорро дар бисёр шаҳру ноҳияҳо дидан мумкин аст.  Вай муаллифи лоиҳаҳои «Азнавсозӣ ва барқароркунии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино», «Қасри ҷавонони шаҳри Хоруғ»,  таълимгоҳҳои ноҳияҳои Хуросон ва Ҳамадонӣ, гимназия дар Рӯшон, «Гимназияи президентии шаҳри Душанбе»  мебошад.  Умуман, дар давраи фаъолият беш аз 200 лоиҳаи сохтмониро барои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар таҳия намудааст. Ғолиби чанд озмуни ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ мебошад.

Аз Шаҳноз Раҳматуллоева хоҳиш намудем, ки роҷеъ ба фаъолияти  Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» чанд сухан бигӯяд.Шахноз1

- Саҳми кормандону мутахассисони пажӯҳишгоҳи мо дар бунёди иншооти гуногун калон аст. Соли ҷорӣ соҳибкасбони пажӯҳишгоҳ 96 лоиҳаи сохтмони иншооти гуногунро тайёр намуда, ба фармоишгарон пешниҳод карданд. Ҳамчунин, назорати муаллифӣ дар сохтмонҳо пурзӯр карда шуд ва дар натиҷа, иншоот мутобиқ ба талаботи лоиҳаҳо босифат ба истифода дода шуданд. Нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида беш аз 70 иншоот лоиҳасозӣ гардидааст. Аз ҷумла, чанде пеш сохт­мони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  оғоз ёфт, ки  санги асоси онро дар ҳузури шахсиятҳои намоёни кишвар ва намояндагони аҳли ҷомеаи пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд, -иброз дошт Ш. Раҳматуллоева ва афзуд: — Айни ҳол, тибқи лоиҳаҳои таҳиякардаи мутахассисони пажӯҳишгоҳ, инчунин сохтмони бинои иловагӣ барои 640 ҷой дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ва азнавсозию таъмири асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94-и ноҳияи Синои пойтахт, азнавсозии биноҳои маъмурии Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе  идома дорад. Аз ҷониби мутахассисони пажӯҳишгоҳ тарҳи лоиҳаи «Таъмири асосии таноброҳи мусофиркашонии Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба» омода ва пешниҳод шудааст. Барои муоинаи ҳолати воқеии механизмҳои истгоҳи таноброҳ ва пешниҳоди технологияи муосир пажӯҳишгоҳ аз шаҳри Самараи Федератсияи Россия мутахассисони ҶДММ «СКАДО Строй Монтаж»-ро ҷалб кард. Вобаста ба ин, январи соли ҷорӣ намояндагони ширкати мазкур ба Душанбе ташриф оварданд.

-Имсол Соли ҷавонон аст ва тазаккур бояд дод, ки аксар кормандону лоиҳакашони мо мутахассисони ҷавону болаёқатанд. Бовар дорам, ки бо истифода аз неруи онҳо дар оянда низ барои ободу зебо гаштани Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорем, — гуфт дар фарҷом Ш. Раҳматуллоева.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»